Главная / Биология / Тартиби гардиши хун, ихроҷ ва асаби моҳиҳо

Тартиби гардиши хун, ихроҷ ва асаби моҳиҳо

Хун моддаи ғизоии аз девори рӯдаю меъда гузашта ва оксигени аз девораҳои ғалсама гирифтаашро ба тамоми узвҳои бадан равон карда, хуҷайраҳоро аз ғизою оrсиген таъмин мекунад.

Маркази ҳаракатдиҳандаи хун дар рагҳо мушакҳои дил мебошад. Дили моҳӣ аз халтачаҳои мушакии духонагӣ (меъдача ва даҳлез) иборат аст. Рагҳое, ки хун ба воситаи онҳо аз дил ба ҳама узвҳои бадан меравад, артерия ном доранд ва рагҳоеро, ки ба воситаи онҳо хун ба дил ҷорй мешавад, вена меноманд. Хуни венагӣ ба даҳлези дил мерезад. Вақте ки даҳлези дил кашиш мехӯрад, хун ба меъдача мегузарад. Меъдача кашиш хӯрда, хун аз дил ба артерия меғузарад ва он ба ғалсама омада, аз оксиген сер мешавад, баъд гази карбонро хориҷ мекуяад. Хун аз ғалсама ба артерияи тахтапушт гузашта, ба дарозии сутунмӯҳра то дум кашол меебад ва ба рагҳои хурдтар тақсим мешавад.

mahi

Рагҳои аз ҳама хурду борики хунро капилляр меномем. Капиллярҳо тӯрмонанд буда, ба воситаи онҳо хун ба вена мегузарад ва ба суйи дил равон мешавад.

Ғайр аз гази карбон, ки аз ғалсама берун мешавад, боз моддаҳои дигари нолоэим ҷудо шуда, бо узвҳои ихроҷ — гурдаҳо рафта, ба шакли пешоб хориҷ мешаванд.

Ду гурдаи Моҳӣ мисли лентаи сурх дар болои ковокии бадан ҷой гирифтааст. Пешоб аз даруни гурда гузашта, ба пешобдон мерезаду бо роҳи мақъад ба берун мебарояд.

Сохти марказии асаби моҳӣ шакли найчаи ковокро дорад, ки нӯги пеши он ғафс шуда, ба мағзи cap мубаддал шудааст. Сохти марказии асабро устухонбанди косаи cap ва давоми ҳароммағзро сутуниӯҳра муҳофизат мекунад. Мағзи сари моҳӣ аз қисмҳои мағзи пеш, мағзи миёна, мағзча, мағзи дарозрӯя ва ҳароммағз иборат аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …