Главная / Гуногун / Тафрикашави чист?

Тафрикашави чист?

Тафрикашави раванди пайдоиши тафовут ва зиёд шудани сохтор ва вазифа дар байни хучайрахои алохида ва кисмхои чанин мебошад. Аз нуктаи назари морфологи тафрика шудан – ба вучуд омадани садхо навъ хучайрахо, ки сохторашон махсус ва аз хамдигар фарккунанда мебошад.

Аз нигохи биохимияви бошад, тафрикашави – махсус гардидани хучайрахо бахри синтези сафедахои муайян мебошад, ки бо хамон навъи хучайрахо хосанд. Масалан, дар пуст, дар хучайрахои эпителия кератин синтез мешавад. Дар эритроситхо – гемоглобин, дар хучайрахои бофтаи гадуди зери меъда инсулин ва гайра синтез мешавад.

hujayra

Махсусгардии биохимиявии хучайра фаъолияти фаркнамоии генхоро таъмин намуда, дар хучайраи баргакхои чанини, ки ба узвхо ва системахои муайян ибтидо мегузоранд ба тафовут хосил кардани генхо мусоидат менамоянд. Дар натичаи тафрикаи хучайраи баргакхои чанин аз хисоби эктодерма силсилаи асаб, узвхои хис, пуст, сири дандон ба вучуд меояд. Аз энтодерма бошад, рудаи мобайни, га-

дудхои хазми хурок, чигар ва гадуди зери меъда, галсама ва шуш, аз мезодерма – бофтаи мушаки, бофтаи пайванди, системаи гардиши хун, гурдахо, гадудхои чинси ва гайра ташаккул меёбанд. Дар чонварони гуногун аз баргакхои як-хелаи чанин узву бофтахои якхела ба вучуд меоянд. Ин далели монандии онхост.

Монандии баргакхои чанини аксари хайвонот исботи ягонагии олами хайвонот мебошад.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …