Главная / Гуногун / Тафриқашавӣ чист?

Тафриқашавӣ чист?

Тафриқашавӣ раванди пайдоиши тафовут ва зиёд шудани сохтор ва вазифа дар байни ҳуҷайраҳои алоҳида ва қисмҳои ҷанин мебошад. Аз нуқтаи назари морфологӣ тафриқа шудан – ба вуҷуд омадани садҳо навъ ҳуҷайраҳо, ки сохторашон махсус ва аз ҳамдигар фарқкунанда мебошад.

Аз нигоҳи биохимиявӣ бошад, тафриқашавӣ – махсус гардидани ҳуҷайраҳо баҳри синтези сафедаҳои муайян мебошад, ки бо ҳамон навъи ҳуҷайраҳо хосанд. Масалан, дар пўст, дар ҳуҷайраҳои эпителия кератин синтез мешавад. Дар эритроситҳо – гемоглобин, дар ҳуҷайраҳои бофтаи ғадуди зери меъда инсулин ва ғайра синтез мешавад.

hujayra

Махсусгардии биохимиявии ҳуҷайра фаъолияти фарқнамоии генҳоро таъмин намуда, дар ҳуҷайраи баргакҳои ҷанинӣ, ки ба узвҳо ва системаҳои муайян ибтидо мегузоранд ба тафовут ҳосил кардани генҳо мусоидат менамоянд. Дар натиҷаи тафриқаи ҳуҷайраи баргакҳои ҷанин аз ҳисоби эктодерма силсилаи асаб, узвҳои ҳис, пўст, сири дандон ба вуҷуд меояд. Аз энтодерма бошад, рўдаи мобайнӣ, ға-

дудҳои ҳазми хўрок, ҷигар ва ғадуди зери меъда, ғалсама ва шуш, аз мезодерма – бофтаи мушакӣ, бофтаи пайвандӣ, системаи гардиши хун, гурдаҳо, ғадудҳои ҷинсӣ ва ғайра ташаккул меёбанд. Дар ҷонварони гуногун аз баргакҳои як-хелаи ҷанин узву бофтаҳои якхела ба вуҷуд меоянд. Ин далели монандии онҳост.

Монандии баргакҳои ҷанини аксари ҳайвонот исботи ягонагии олами ҳайвонот мебошад.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …