Главная / Маданият ва санъат / Табакаи аввали дузах, ки онро чаханнам гуянд

Табакаи аввали дузах, ки онро чаханнам гуянд

Табакаи аввали дузах, ки онро чаханнам гуянд

Дар шаби меъроч хазрати Мухаммади Мустафо (с) хамаи осмонхову заминхо ва ачоибу гароиберо, ки Худои таъоло халк кардааст, ба чашми худ диданд ва аз чумла дузаххову бихиштхоро низ диданд, ки мо аз гуфтахои у ба тарики мухтасар, иншоаллох, баён мекунем.

Хазрати Пайгамбар (с) фармуданд: – Молики дузахро гуфтам, ки дузахи аввалро ба ман бинамо.

Молики дузах гуфт: – Ё Расулаллох, пеш марав, ки гармои дузах бузург аст.

Нидо даррасид аз чониби Худои таъоло, ки, эй Молик, он чи хабиби мо бифармояд,  бикун ва аз гармои дузах матарс, ки нигохдорандаи Мухаммад (с) манам.

Он гох Молик (а) дасти маро бигирифт ва аз он чо пештар шудам. Нидо даррасид, ки ё Микоил, бархезу боду боронро бигир ва хамрохи худ бибар ба гирди Мухаммад (с) халка кун.  Он гох, Микоил (а) бо хафтод хазор фаришта равон шуда, ба макоми Молики дузах расиду боду борон ба гирди ман халка кард, то бирасидам ба табакаи аввали дузах, ки онро чаханнам хонанд. Баландии дарвозаи вай бенихоят баланд  буд. Дарун даромадам, дидам малоикахои бисёреро, ки монанди шаб сиёх ва торик буданд.

Хазрати Расули акрам (с) гуфтанд: – Моликро гуфтам, ки сифати ин дузахро ба ман як ба як баён кун.

Гуфт: – Ё Расулаллох, токат наёри ва гамнок шави.

Аз хазрати Парвардигор нидо даррасид, ки бинамои Мухаммад (с)-ро, хар чизе ки аз барои душманони у омода кардаам.

Молик гуфт: – Ё Расулаллох, Хак таъоло дузахро офарид ва уро нигохбонхо офарид, ки онхоро забония гуянд. Агар Аллох таъоло фармон дихад яке аз онхоро, ки овоз кунад хамаи махлукот аз хайбати у бимиранд. Хар яке аз онхо чизе доранд, ки дузахиёнро бад-он азоб кунанд. Гурухе харбахо доранд, ки бар сари дузахиён бизананд, гурухе занчирхо доранд, ки дузахиёнро ба он азоб кунанд ва он занчирхоро бар дахони кофирон андозанд ва аз дубури онхо берун оранд ва харду сари онро бо хам барбанданд, ки харгиз чудо нашавад. Худои таъоло морону каждумон офаридааст, ки хар море чун шутуре ва хар киро он морону каждумон бигазанд хафтод сол аз дард бинолад, наъузу биллохи минхо.

Дар дузах хамим ва зукум гуфтани нушокихо офаридааст, ки агар як кадах аз он бар хамаи дунё афкананд, захр шавад. Чун он кадахро бар даст гиранду дар пеши руй оранд, пусту гушт бирезад. Чун бихуранд, андомхои онхоро реза-реза кунад. Гуянд, ки зукум аз хор аст, чун зукум бихуранд, даруни онхо гарм шавад ва рудахои онхоро хурдан гирад, то аз шиками онхо берун оянд.

Агар аз он хамим бар сархои онон резанд, пусту гушт ва рагу пайи онхо фуру резад ва устухони сухта бимонад. Аллох таъоло дар дузах водихое равон кардааст, ки дузахиён фарёд кунанд аз азоби дузах ва дар он дарё ба чои мохиён морон ва каждумон хастанд, ки хар рузе хафтод бор дузахиро бигазанд.

Оташи дузах чунон оташе аст, ки оташи дунё хар рузе хафтод бор аз Худои таъоло панох бихохад аз он оташ. Руи дузахиён сиёх бошаду сухта ва як лаб ба cap расида ва лаби поён ба сина расида ва агар яке аз дузахиён cap аз дузах берун кунад, аз Машрик то ба Магриб хамчун шаб торик шавад ва дасту пои онхо ба занчир баста бошанд.

Чомаи онхо катрон буд ва кофиронро чихил пуст буд ва дар миёни хар пусте оташ буд, ки бисузаду каждуме мегазаду море захр мезанад, то устухонхои онхо реза-реза гардад.

Нидо ояд, ки, эй Молик, аз cap азоб кун, ки мо пусти уро аз cap гирифтем. Хамон тавр ки Худованд дар Куръони азимушаън фармуда аст, дузахиён фарёд хоханд кард ва хар бор, ки фарёд кунанд, чуз ноумеди чавоб наёбанд. Аввал ба забония биноланд ва он чунон бошад, ки чун дузахиёнро ба дузах дароранд, онхоро хазор сол азоб намоянд. Баъд аз он ба забония биноланд, ки у аз Аллох таъоло дархост намояд, ки азоби онхоро сабуктар кунад. Забония чавоб надихад, то мудати хазор сол. Баъд аз хазор сол чавоб дихад гуяд, ки оё барои шумо пайгамбар нафиристода буданд, ки шуморо огох намояд?

Чун аз забония ноумед шаванд, хазор соли дигар дар азоб сабр кунанд. Он гох ба Молики дузах биноланду гуянд: – Эй Молик, аз Худои таъоло талаб кун, то моро бимиронад. Шояд, ки аз ин азоб начот ёбем.

Молик чавоб надихаду аз у ноумед шаванд. Баъд аз хазор сол Молик чавоб дихад, ки дар ин азоб хохед буд.

Чун аз у ноумед шаванд, он гох ба Худои таъоло биноланд,

ки, эй бор Худоё, дидему донистем, ки он чи пайгамбарон (а) гуфта буданд ва он чи олимон гуфта буданд, рост будааст. Акнун моро ба дунё бозгардон, то ибодати ту кунем, дар ин бора Худованд дар Куръон хабар додааст.

Онон ки кофир шудаанд, азоби эшон оташи дузах acт, ки ба поён нарасад, то бимиранд ва тахфиф наёбад, то осуда шаванд. Ин гуна хар кофири лачучеро кайфар мекунем ва он куффор дар оташи дузах фарёду нола кунанд, ки, эй Парвардигор, моро аз ин азоб берун ор, то бар хилофи гузашга ба аьмоли нек пардозем.

Хитоб шавад: оё шуморо умре мухлат надодем ва Расул бар шумо нафиристодем, то хар ки кобили тазаккури панд шунидан аст, мутазаккир шавад? Пас имруз бичашед, ки ситамгоронро хеч начотдиханда нахохад буд.

Баъд аз хазор сол чавоб ояд, ки дур бошед ва бо ман сухан магуед ва маро нахонед.

Баъд аз он хама гунгу кур шаванд ва хеч набинанд, ки бад- он биёсоянд ва хеч нашунаванд, ки бадон шод шаванд. Навмед шаванд, ки дигар хеч умеди онхо намонад, наъузубиллохи минхо.

Молик гуфт:- Ё Расулаллох, уммати гунахгори туро дар ин табака ду чиз нест: руи онхо сиёх набошад ва газидани мору каждум набошад, таоми зукум ва шароби хамим набувад ва либоси катрон набувад ва човидон набошанд дар дузах. Номаи онхо ба дасти чап набувад.

Фармуданд хазрати Пайгамбар (с): – Чун аз ин чо пештар шудам, гулгула ва бонге шунидам, ки харгиз инчунин шуру гавго нашунида будам. Пурсидам, ки ин чи шуру гавгост?

Гуфт: – Ё Расулалох, гулгулаи оташи дузах аст, ки хафтод гурухро азоб мекунанд.

Гуфтам: – Ё Молик, онхо кадом гуруханд, ки дар азоб  гирифтор мебошанд?

Гуфт: – Золимону бахилону рибохорон ва хамсояозорон, киморбозон, кабутарбозон,шатранчбозон,дуруггуён,касам ба дуругхурдргон, бенамозон, бенамозон, рузахурон, гайбаткунандагон, зинокорон, харомхурдагон, суханчинон, такабуркунандагон, бехаёхо, подшохони беинсоф, моли харом чамъкунандагон, чохилон, ках-каха хандакунон, шаробхурон, ливотакунандагон, бугзкунандагон, хасадкунандагон, шаробфурушон, офтобпарастон, чодугарон, бадмазхабон, кофирон, говпарастон. Ин тоифахо азоб мекунанд.

Чун ин сухан бишунидам, дар гиря шудам, Чабраил (А) гуфт: – Ё Расулаллох, ба чониби дасти рости худ назар кун чун назар кардам, се кавмро дидам. Якеро руй чун руи саг буд, дуюмро руй чун руи хар буд, сеюмро руй ба монанди хук буд. Онхоро ба занчирхои оташин баста азоб мекурданд.

Гуфтанд: – Эй молик, инхо кадом кавманд, инчунин азоб мекунанд?

Молик гуфт: – Ё Расулаллох, онхое, ки руи саг дорандхамр хуранд ва онхое, ки руи хук доранд, рибохуронанд. Инхо, ки руи хук доранд, озор дихандагони падару модаранд, ки бо ин азоб гирифторанд.

Молик як парда бардошт, гуфт: – Эй хабиби Худо, нигох кун.

Назар кардам аз хайбати он бехуш шудам. Чун ба хуш омадам, назарам ба дасти чап афтод, дида, ки дар табакаи аввал води кухи оташ мечушиду мехурушид. Овози он води бар гушам меомад. Морону каждумон андар он монанди шутурон калон буданд.

Гуфтам: – Ё Чабраил (а), умматони маро аз ин води насиб хаст?

Гуфт: – Ё Расулаллох, ин води насиби касе аст, киба Худои таъоло шарик оварда бошад ва ба ту имон наёварда бошад.

Расулаллох (с) фармуданд, ки чун аз ин чо пештар шудам, фариштагонро дидам, ки ба кавме вобаста буданд ва онхоро бо занчирхо ва кулфхо мекашиданд. Бонги онхо монанди барк ва ба дасти хар яке гурзи оташин буд, ки агар онро ба кух зананд, сурма шавад. Онхоро ба он гурзхо мезаданд ва мегуфтанд, ки Худои шумо кист ва пайгамбари шумо кист?

Онхо мегуфтанд, ки намедонем.

Он фариштагонро гуфтам, ки инхо чи касонанд?

Гуфтанд, ки инхо касонеанд, ки дар дунё рузи киёматутазоби дузах ва неъматхои бихишту пули сироту тарозуи аъмол ва зинда шудани баъд аз маргро кабул надоштанд.

Фармуданд хазрати Пайгамбар (с), ки дар дузах кавме дидам, ки лабхои онхоро мебуранд.

Гуфтам, – Инхо кианд?

Чабраил (а) гуфт: – Инхо донишмандони уммати ту мебошанд, ки дуруг гуянд.

Фармуданд, ки гурухе дигарро дидам, ки руи онхо сиёх ва чашмонашон кур буд.

Гуфтам: – Инхо киёанд?

Гуфт: – Онхоянд, ки чашм аз харом бознадоштаанд.

Гуфтанд Пайгамбар (с), ки гурухе дидам, ки чашмхояшон кабуду руйхояшон сиёх ва лабхои поёнашон ба сина афтода ва лабхои болояшон бар пешони часпида дар азоб афтида буданд ва овози хару гов мекарданд.

Гуфтам:  – Инхо киёанд?

Молик гуфт: – Сурудхонону шоиронанд, ки аз барои дунё мардумонро таъриф мекарданд.

Фармуданд Расулаллох (с): – Гурухе дидам, КИ                    оташин ба синаи онхо нихода ва чомахои катрон пушонидава онхоро азоби сахт мекарданд.

Гуфтам: – Инхо киёанд?

Молик гуфт: – Ё Расулаллох, инхо касонеанд, ки бо овози чангу рубобу танбур кафкуби карда, хурмандона ракс мекарданд.

 

Фармуданд Расулуллох (с): – Гурухеро дидам, ки онхоро дар оташ нагунсор меандохтанд.

Гуфтам: – Инхо киёнанд?

Гуфт:  Касоне, ки тоату ибодати бо риё кардаанд, яъне барои нишондодан ба мардум.

Фармуданд, ки дар он чо мардеро дидам, ки аз дахону биннии у оташ бармеомад. Пурсидам, ки ин кист?

Молик гуфт: – Ин марде аст, ки чун аз хона бармеомад, дуруг мегуфт.

Дигареро дидам, ки дар чуи хун шиновари мекард. Гуфтам: – Ин кист?

Молик гуфт: – Ё  Расулаллох, ин олимест, ки илми худро аз бародарон дарег доштааст ва ба илми худ амал накардааст. Марди дигареро дидам, ки забони оташ дар дахону наълайни  оташин дар пой ва точи оташин бар cap ва чомаи оташин дар бар.

Гуфтам: – Ин чи гуна касеаст?

Гуфт: – Ин марди дузабона аст, яъне мунофик.

Дигареро дидам, ки уро аз забонаш овехтаанд ва хад мезаданд.

Гуфтам, ки ин кист?

Молик гуфт:  Ин мардест, ки зану фарзанди худро бевачхе дашном додааст.

Занеро дидам, ки куру гунгу кар буд зане буд, ки фарзанд аз зино оварда ва бо шавхари худ гуфта, ки аз они туст. Ва зани дигареро дидам, ки забони уро аз паси сари у кашида буданд, зане буд, ки у фарзанд аз зино оварда буд ва касам ба дуруг хурда буд, ки ин фарзанди ман аз зино нест.

Фармуданд хазрати Пайгамбар (с): – Бояд, ки инчунин занон тавбаи насух кунанд, то тавбаи онхо кабул афтад ва аз оташи дузах худро нигох доранд.

Тавбаи насух он аст, ки дигар дубора ба он кори зишт

барнагардад ва чун он гунох ба хотираш ояд, сахт пушаймон шавад.

Бихиштиён аз гунахгорон савол кунанд, ки чи чиз даровард шуморо дар дузах?

Савол аз барои сарзаниш бошад. Чавоб гуянд дузахиён, ки мо дар дунё намоз намехондем ва мискинонро таъом намедодем ва дар дунё ба корхои ботил машгул будем, омадани рузи киёматро дуруг медоштем, то ин ки маргамон омад, пас якин шуд, ки рузи киёмат хак будааст.

Чун осиёнро ба дузах андозанд, Молики дузах гуяд. ки эй оташ, бигир онхоро.

Гунахгорон дар он вахшат Аллох, Аллох гуянд, оташ аз онхо бигурезад. Молик бонг бар оташ занад, ки бигир ин осиёнро. Боз оташ касди онхо кунад.

Боз онхо: Аллох Аллох, – гуянд, боз оташ пас шавад. Боз Молик бонг бар оташ занаду гуяд, ки бигир ин осиёнро. чаро нофармони мекуни?

Оташ гуяд: – Эй Молик, аз он рузе, ки Аллох таъоло маро офаридааст, бо ман шарт кардааст, ки агар ба гуяндаи Аллох осебе расони, бифармоям то хафтод хазор сол туро бо оташи мухаббати дустон бисузанду хоки туро ба интикоми бод диханд. Пас маро чи кудрату захраи он бошад, ки гирди зикр гуяндагони Аллох оям?

Боз Молик дар газаб шаваду бонг бар оташ занад. Нигохбонони дузах хама дар шур оянду морону каждумон сархояшонро бардоранд ва ба якбораги бонг намоянду хамла оранд ва аз шиддати хавлу тарси он, калимаи Аллох гуфтан аз онхо фаромуш шавад ва оташ гирди онхоро гирад. Пас хар якеро дар канор гирад. доду фарёд аз ахли арасот ва ахли пули сирот бархезад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

bihishti-haftum-ki-onro-jannatulmavo-guyand

Бихишти хафтум, ки онро Чаннатулмаъво гуянд.

Бихишти хафтум, ки онро Чаннатулмаъво гуянд. Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ману бародар Чабраил …