Фаргона дар охирхои асри XVIII ниммустакил шуда буд. Дар асри XVIII ин мулк аз чихати мавкеи чугрофии худ назар ба Бухоро, Хева ва Тошканд вазъияти афзалиятноктаре дошт. Зеро бисёр ходисоти харобиовар, аз чумла футухоти Нодиршох, то он чо асар накарда буданд. Аз ин ру, ахолии Фаргона хеле афзуда, иктидори иктисодии он зиёд мешуд. Хамин буд, ки барои таъсиси давлати мустакил замина ва имкониятхои мусоид мухайё гардид.
Яке аз аввалин хонхои Хуканд Шохруххон (1709-1721) ном дошт. Хокими Уротеппа ва Хучанд Окбутаби духтари уро ба акди никохи худ дароварда, ба хонии Хуканд домод шуд. Дар навбати худ у духтарашро ба хони Хуканд Рахимхон (1721-1735) медихад. Вале бо вучуди хешутабори, хокими Уротеппа ва Хучанд намехост, ки «Калъаи Рахимхон», яъне шахри Хуканд, мустахкам гашта, бо у хамсархад гардад. Бинобар ин Окбутаби домодашро ба мехмони пазируфта, мехост уро ба катл расонад. Рахимхон аз ин накша огох гашта, мулки падарарусашро тарк намуд.
Окбутаби аз накшаи худ даст накашида буд. У бо рохи ваъдахои бардуруг бори дигар Рахимхонро даъват намуда, дар Хучанд мехмондори намуд. Хони чавони Хуканд бори дигар аз маккории Окбутаби огох гашта, шабона ба хонаи хоби падарарусаш дохил шуд ва уро бо ду писараш ба катл расонд. Соли 1734 як кисми мулкхои тобеи Окбутаби ба Рахимхон гузашт. Ин галабаи бе чанг сабаб шуд, ки хонигарии Хуканд аз душмани нисбатан тавонои худ эмин гашта, хамчун давлати мустакил арзи вучуд намояд.
Дере нагузашта, хокими Уротеппа тавонист Хучандро аз нав тобеи худ гардонад. Шахри мазкур дар нимаи дуюми асри XVIII борхо бо рохи силох аз итоати Уротеппа баромада, ба хонхои Хуканд тобеъ гаштааст.
Дар замони хукмронии намояндаи кабилаи минг Ирдонаби (1751-1769) ва Норбутаби (1763-1799) ташаккули хонигарии Хуканд ба охир расид. Хукмронии хонадони мингхо дар ин мулк огоз ёфт.
Норбутаби пеш аз ба сари хокимият омадан, бо хокимони Уротеппа Фозилби ва Худоёр девонбеги дусти дошт. Вакте ки у фирори гашта ба Уротеппа омад, Фозилби калъаи Кизили ва дехахои тобеи онро ба Норбутаби дод. У бо Худоёр девонабеги рафокат дошт. Бо вучуди ин, баъди ба сари хокимият омадан, Норбутаби лашкар кашида, Хучанд ва Уротеппаро забт намуд. Ирискулиби хокими Уротеппа таъин шуд. Хукмронии У, яъне тобеияти ин шахр ба хони Хуканд се сол давом кард.
Худоёр девонбеги бо хокимони Шахрисабзу Ургут забон як карда, бо ёрии лашкари ин мулкхо Уротеппа ва Хучандро забт намуд. Ирискулибии халок гашт.
Хонхои давлати чавони Хуканд аз ибтидои аввали баркарор гаштани хокимияти худ на танхо бо хокимони Уротеппаву Хучанд ва мулкхои дигари нисбатан хурд, балки бо феодалони алохида, гуруххо ва кабилахои бодиянишин низ мубориза мебурданд. Чунки мебоист давлати худро аз хучуми кабилахои хамсояи киргизу кипчок мухофизат намоянд. Зеро онхо тез-тез ба дехахои мардуми мукими хамла меоварданд. Мардуми баъзе шахрхо хам аз дасти онхо ба дод омада буданд. Барои ичрои ин кор лашкари пуркуввати низоми ташкил кардан лозим меомад (Як кисми лашкари хонхои Хуканд аз Мастчох ва Дарвоз буданд).
Баъд аз чангхои дуру дароз ба хонхои Хуканд муяссар гашт, ки дар охири асри XVIII давлати нисбатан пуркуввате ташкил кунанд. Ин мулк яке аз хонигарихои калонтарини Осиёи Миёна ба хисоб рафта, бо аморати Бухоро ва хонии Хева хамвазн гашт.
Дар кисмати шимоли Осиёи Миёна хонии Хева арзи вучуд дошт. Дар асри XVIII ин давлат давраи хеле сахти чангу чидолхои байнихудиро аз cap мегузаронд. Ба замми ин, дар солхои 60-и асри мазкур саросари онро гуруснаги ва вабо фаро гирифт. Дар Хева кариб одам намонд. Ба хони ин мулк Мухаммадамини кунгурот (1763-1790) муяссар гашт, ки тартибу низоми муайян чори намояд. У инчунин хукмронии сулолаи кунгуротро дар Хева асос гузошт, ки то солхои 1920 онхо давлати хониро идора карданд.
Хамин тарик, дар нимаи дуюми асри XVIII дар сарзамини Осиёи Миёна якчанд давлатхои мустакили феодали арзи вучуд доштанд-аморати Бухоро, хонигарихои Хуканд ва Хева, мулки Уротеппа ва Хисор. Байни хар кадоми онхо ракобати доими вучуд дошт, ки дар асри XIX ба чангхои хунин ва парокандагии баъзеи онхо оварда расонд.