Главная / Гуногун / Таърихи хонии Хуқанд

Таърихи хонии Хуқанд

Фарғона дар охирҳои асри XVIII ниммустақил шуда буд. Дар асри XVIII ин мулк аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофии худ назар ба Бухоро, Хева ва Тошканд вазъияти афзалиятноктаре дошт. Зеро бисёр ҳодисоти харобиовар, аз ҷумла футуҳоти Нодиршоҳ, то он ҷо асар накарда буданд. Аз ин рӯ, аҳолии Фарғона хеле афзуда, иқтидори иқтисодии он зиёд мешуд. Ҳамин буд, ки барои таъсиси давлати мустақил замина ва имкониятҳои мусоид муҳайё гардид.

Яке аз аввалин хонҳои Хуқанд Шоҳруххон (1709-1721) ном дошт. Ҳокими Ӯротеппа ва Хуҷанд Окбутабӣ духтари ӯро ба ақди никоҳи худ дароварда, ба хонии Хуқанд домод шуд. Дар навбати худ ӯ духтарашро ба хони Хуқанд Раҳимхон (1721-1735) медиҳад. Вале бо вуҷуди хешутаборӣ, ҳокими Ӯротеппа ва Хуҷанд намехост, ки «Қалъаи Раҳимхон», яъне шаҳри Хуқанд, мустаҳкам гашта, бо ӯ ҳамсарҳад гардад. Бинобар ин Оқбутабӣ домодашро ба меҳмонӣ пазируфта, мехост ӯро ба қатл расонад. Раҳимхон аз ин нақша огоҳ гашта, мулки падарарусашро тарк намуд.

603px-thumbnail

Оқбутабӣ аз нақшаи худ даст накашида буд. Ӯ бо роҳи ваъдаҳои бардуруғ бори дигар Раҳимхонро даъват намуда, дар Хуҷанд меҳмондорӣ намуд. Хони ҷавони Хуқанд бори дигар аз маккории Оқбутабӣ огоҳ гашта, шабона ба хонаи хоби падарарусаш дохил шуд ва ӯро бо ду писараш ба қатл расонд. Соли 1734 як қисми мулкҳои тобеи Оқбутабӣ ба Раҳимхон гузашт. Ин ғалабаи бе ҷанг сабаб шуд, ки хонигарии Хуқанд аз душмани нисбатан тавонои худ эмин гашта, хамчун давлати мустақил арзи вуҷуд намояд.

Дере нагузашта, ҳокими Ӯротеппа тавонист Хуҷандро аз нав тобеи худ гардонад. Шаҳри мазкур дар нимаи дуюми асри XVIII борҳо бо роҳи силох аз итоати Ӯротеппа баромада, ба хонҳои Хуқанд тобеъ гаштааст.

Дар замони ҳукмронии намояндаи қабилаи минг Ирдонабӣ (1751-1769) ва Норбутабӣ (1763-1799) ташаккули хонигарии Хуқанд ба охир расид. Ҳукмронии хонадони мингҳо дар ин мулк огоз ёфт.

Норбутабӣ пеш аз ба сари ҳокимият омадан, бо ҳокимони Ӯротеппа Фозилбӣ ва Худоёр девонбегӣ дустӣ дошт. Вақте ки ӯ фирорӣ гашта ба Ӯротеппа омад, Фозилбӣ қалъаи Қизилӣ ва деҳаҳои тобеи онро ба Норбутабӣ дод. Ӯ бо Худоёр девонабегӣ рафоқат дошт. Бо вуҷуди ин, баъди ба сари ҳокимият омадан, Норбутабӣ лашкар кашида, Хуҷанд ва Ӯротеппаро забт намуд. Ирисқулибӣ ҳокими Ӯротеппа таъин шуд. Ҳукмронии Ӯ, яъне тобеияти ин шаҳр ба хони Хуқанд се сол давом кард.

Худоёр девонбегӣ бо ҳокимони Шаҳрисабзу Урғут забон як карда, бо ёрии лашкари ин мулкҳо Ӯротеппа ва Хуҷандро забт намуд. Ирисқулибиӣ ҳалок гашт.

Хонҳои давлати ҷавони Хуқанд аз ибтидои аввали барқарор гаштани ҳокимияти худ на танхо бо ҳокимони Ӯротеппаву Хуҷанд ва мулкҳои дигари нисбатан хурд, балки бо феодалони алоҳида, гуруҳҳо ва қабилаҳои бодиянишин низ мубориза мебурданд. Чунки мебоист давлати худро аз ҳуҷуми қабилаҳои ҳамсояи кирғизу қипчоқ муҳофизат намоянд. Зеро онҳо тез-тез ба деҳаҳои мардуми муқимӣ ҳамла меоварданд. Мардуми баъзе шаҳрҳо ҳам аз дасти онҳо ба дод омада буданд. Барои иҷрои ин кор лашкари пуркуввати низомӣ ташкил кардан лозим меомад (Як қисми лашкари хонҳои Хуқанд аз Мастчоҳ ва Дарвоз буданд).

Баъд аз ҷангҳои дуру дароз ба хонҳои Хуқанд муяссар гашт, ки дар охири асри XVIII давлати нисбатан пурқуввате ташкил кунанд. Ин мулк яке аз хонигариҳои калонтарини Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, бо аморати Бухоро ва хонии Хева ҳамвазн гашт.

Дар қисмати шимоли Осиёи Миёна хонии Хева арзи вучуд дошт. Дар асри XVIII ин давлат давраи хеле сахти ҷангу ҷидолҳои байнихудиро аз cap мегузаронд. Ба замми ин, дар солҳои 60-и асри мазкур саросари онро гуруснагӣ ва вабо фаро гирифт. Дар Хева қариб одам намонд. Ба хони ин мулк Муҳаммадамини кунгурот (1763-1790) муяссар гашт, ки тартибу низоми муайян ҷорӣ намояд. Ӯ инчунин ҳукмронии сулолаи кунгуротро дар Хева асос гузошт, ки то солҳои 1920 онҳо давлати хониро идора карданд.

Хамин тариқ, дар нимаи дуюми асри XVIII дар сарзамини Осиёи Миёна якчанд давлатҳои мустақили феодалӣ арзи вуҷуд доштанд-аморати Бухоро, хонигариҳои Хуқанд ва Хева, мулки Ӯротеппа ва Ҳисор. Байни хар кадоми онҳо рақобати доимӣ вуҷуд дошт, ки дар асри XIX ба ҷангҳои хунин ва парокандагии баъзеи онҳо оварда расонд.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Обёрӣ дар Аморати Бухоро ва хонии Хуқанд

Дар аморати Бухоро ва хонии Хуқанд корҳои бузургӣ обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии …