Главная / Илм / Шумгиёх

Шумгиёх

shumgiyohШумгиёх ( Заразиха — ба забони русси ) — Ин гиёхест аз чинс ва монанди занбуруги ба замин фурурафта, ки навъхои сурх ва сафед дорад. Гиёхаш монанди барги печида гулашакл. Ин дар байни нахудзор ва баъзан дар байни палакхои харбуза ва каду бармеояд. Таъми сурхи он ширин — инро мехуранд, вале таъми навъи сафеди он талх — инашро намехуранд. Мизочаш дар дарачаи севум сард ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши Шумгиёх: агар инро бихуранд, исхолро манъ мекунад ва хуни рафтаистода, инчунин аракро банд менамояд; чигар ва меъдаро кувват мебахшад ва сустии меъдаро ба ислох меоварад; мондагиро хорич ва моддахои гарммизочро аз дохил гаштан радд мекунад, сахтихоро тахлил медихад, бугум ва пайвандхои сустгаштаи баданро мустахкам мегардонад. Барои банд кардани хуни рафтаистода ва арак гузошта банданд, низ хамон таъсирро дорад.

Чун инро бо шири бузи навдушида бипазанд ё бо дуги чурготи гов биёшоманд, барои кувват бахшидани меъда ва чигари сустгашта давост. Вале истеъмоли ин ба дарун барои шуш зарарнок аст, давои ин зарараш шакар хурдан аст. Микдори як бор хурдан аз шумгиёх дар як руз то 7 грамм аст. Ба чойи ин сеяки вазнаш мозу, нисфи вазни он пучоки сухтаи тухми мург ва баробари вазни он шилми бодомхоро бихуранд, чойиз мебошад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …