Главная / Илм / Шумгиёҳ

Шумгиёҳ

shumgiyohШумгиёҳ ( Заразиха — ба забони руссӣ ) — Ин гиёҳест аз ҷинс ва монанди занбӯруғи ба замин фурӯрафта, ки навъҳои сӯрх ва сафед дорад. Гиёҳаш монанди барги печида ғӯлашакл. Ин дар байни нахудзор ва баъзан дар байни палакҳои харбуза ва каду бармеояд. Таъми сурхи он ширин — инро мехӯранд, вале таъми навъи сафеди он талх — инашро намехӯранд. Мизоҷаш дар дараҷаи севум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши Шумгиёҳ: агар инро бихӯранд, исҳолро манъ мекунад ва хуни рафтаистода, инчунин арақро банд менамояд; ҷигар ва меъдаро қувват мебахшад ва сустии меъдаро ба ислоҳ меоварад; мондагиро хориҷ ва моддаҳои гарммизоҷро аз дохил гаштан радд мекунад, сахтиҳоро таҳлил медиҳад, буғум ва пайвандҳои сустгаштаи баданро мустаҳкам мегардонад. Барои банд кардани хуни рафтаистода ва арақ гузошта банданд, низ ҳамон таъсирро дорад.

Чун инро бо шири бузи навдӯшида бипазанд ё бо дӯғи ҷурғоти гов биёшоманд, барои қувват бахшидани меъда ва ҷигари сустгашта давост. Вале истеъмоли ин ба дарун барои шуш зарарнок аст, давои ин зарараш шакар хӯрдан аст. Микдори як бор хӯрдан аз шумгиёҳ дар як рӯз то 7 грамм аст. Ба ҷойи ин сеяки вазнаш мозу, нисфи вазни он пӯчоқи сӯхтаи тухми мурғ ва баробари вазни он шилми бодомҳоро бихӯранд, ҷойиз мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …