Главная / Чамъият / Сиёсати хоричии Испания дар огози асри XX

Сиёсати хоричии Испания дар огози асри XX

Империализми Испания дар огози асри XX талаб мекард, ки хукумат дар сиёсати хоричии худ мавкеи фаъолонатарро ишгол намояд. Мустамликаю бозорхо, манбаъхои нави ашёи хому сохахои мухими сармоягузориро ба даст дарорад. Минтакаи асосии истилои империализми Испания кисмати Шимолии Марокаш буд, он вилояте, ки аз маъданн охан, мис, сурб, кургошим, графит, ангшитсанг ва заминхон хосилхез бой аст. Аз чихати стратеги шимоли Марокаш калиде буд барои мавкеи хукмрони дар Бахри Миёназамин. Аз хамин сабаб Марокаш объекти муборизаи чандин мамлакатхои империалисти гардида буд.

cortes_de_cadiz-1

Хукумати Испания аз зиддиятхои байни Англия, Фаронса ва Германия истифода бурда, соли 1904 бо Фаронса карордоди пинхониеро барои таксими шимолии Марокаш ба имзо расонид ва дар кори ба Испания дода шудани Марокаш и Шимоли ва кабул карда шудани карори Конференсияи Алхесираси соли 1906 муваффак шуд. Сарфи назар аз ин таксимоти Марокаш чунин маъно надошт, ки гуё Испания онро ба худ тобеъ карда бошад. Боз дар тули ду дахсолаи оянда Испанияи империалисти ба мукобили халки озодихохи риффхо мубориза бурд. Ин мубориза барон Испания хеле гарон афтид – хазорхо курбони ва маблаги зиёдро талаб намуд.

Дар давраи бухрони дуюми Марокаш (соли 1911) империализми Испания кушиш ба харч дод, ки боз хам аз зиддиятхои байни Англия, Фаронса ва Германия фоида бардорад. Мохи июли соли 1911 бо дастгирии дипломатии Германия Испания бар зидди Марокаш чанг cap карда, Лариш ва эл- Ксароро дар шимолии он забт намуд. Вале ба артиши Испания муяссар нашуд, ки ба дарунтари Марокаш ворид шавад. 27 ноябри соли 1912 дар байни Фаронса ва Испания созишномае ба имзо расид, ки мувофики он Марокаши Шимоли се таксим карда шуд. Фаронса 572 км. мураббаъ ва Испания 28 хазор км. мураббаъ заминхои ин минтакаи Марокашро ба зери назорати худ дароварданд. 600 км. мураббаъ замини бокимондаи Марокаши Шимоли бошад, минтакаи байналхалкии Танжер эълон карда шуд.

Хамин тарик, чи тавре ки дидем, дар ибтидои асри XX Испания дар сиёсати хоричии худ асосан ба Марокаш банд буд ва ба чанги дар пешистодаи якуми чахони тайёри хам намедид, харчанд блокхои харби ва давлатхои асосии чангкунандаи онхо аллакай маълум буданд. Ин вакт империализми Испания на кудрати харби, на кудрати иктисоди, на кудрати сиёси ва на майли аз нав таксим кардани чахонм аллакай таксимкардашударо дошт.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …