Главная / Гуногун / Савдо ва тичорат дар асри XVI

Савдо ва тичорат дар асри XVI

Дар муддати чандин аср рохи калони корвонгард аз Осиёи Миёна гузашта, Шарку Гарбро ба хам мепайваст. Дар асри XVI кашфиёти бузурги чугрофи ба амал омаданд ва ин рох ахамияти худро гум кард. Осиёи Миёна аз чараёни асосии харакати молхои тичорати дар канор монд. Ин холат ба истехсолоти молии дохили таъсир карда, боиси камшавии хачми маснуоти як катор сохахои касбу хунар гардид.

samarqand-660x330r

Дар навбати худ, дар ин аср баркарор гардидани робитаи тичоратии Осиёи Миёна бо Русия аз ахамият холи набуд. Анвои гуногуни мол ба микдори торафт зиёд аз Осиёи Миёна ба Русия содир мешуд. Дар ин мулк газворхои гуногуни пахтагин ва шохивории Осиёи Миёна шухрати калон дошт. Аз Русия ба ин сарзамин матоъхои пашмин, асбобхои фулузи ва дигар асбобхо меоварданд.

Дар асри XVI муносибагхои дипломати бо Русия баркарор гардид. Ба Москва сафирхо, заминдорон, сармоядорон рафта меомаданд. Дар баробари ичрои супоришхои дипломати онхо ба инкишофи савдо низ ёри мерасониданд. Сафирхо бо корвони калон ба рох баромада, ба Русия мол бурда ва аз ончо боз мол гирифта бармегаштанд. Савдо барои харду тараф фоиданок буд, бинобар он ривоч меёфт. Вале барои ривочи хаматарафаи савдои хорича шароит мусоидат намекард. Яке аз мамониятхо рохзанхо буданд. Инчунин махдудияти мазхаби низ садди рох мегашт. Чунки савдогарони рус, ки насрони буданд, аз омадан ба Осиёи Миёна худдори намуда, бештар ба сифати точир мусулмонхои дар худуди Русия сокин бударо равон мекарданд (тоторхо, бошкирдхо ва дигархо). Дар навбати худ муносибати тичоратии мулкхои Осиёи Миёна бо давлатхои хамсоя – Хитою Хиндустон, катъ нагашта буд

Дар охири асри XVI Абдуллохони II ба чангхои байнихуди хотима дода, барои бехтар гардидани шароити тичорат як катор тадбирхо андешид, ки ба тагйирёфтани вазъияти савдо ва хочаги сабаб шуд ва мамлакат каме ба холаш эътидол даромад. У кушиш намуд, ки роххои корвонгузар нисбатан бехатар ва аз оби нушоки таъмин бошанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …