Главная / Гуногун / Савдо ва тиҷорат дар асри XVI

Савдо ва тиҷорат дар асри XVI

Дар муддати чандин аср роҳи калони корвонгард аз Осиёи Миёна гузашта, Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайваст. Дар асри XVI кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ ба амал омаданд ва ин роҳ аҳамияти худро гум кард. Осиёи Миёна аз ҷараёни асосии ҳаракати молҳои тиҷоратӣ дар канор монд. Ин ҳолат ба истеҳсолоти молии дохилӣ таъсир карда, боиси камшавии ҳаҷми маснуоти як қатор соҳаҳои касбу ҳунар гардид.

samarqand-660x330r

Дар навбати худ, дар ин аср барқарор гардидани робитаи тиҷоратии Осиёи Миёна бо Русия аз аҳамият холӣ набуд. Анвои гуногуни мол ба миқдори торафт зиёд аз Осиёи Миёна ба Русия содир мешуд. Дар ин мулк газворҳои гуногуни пахтагин ва шоҳивории Осиёи Миёна шуҳрати калон дошт. Аз Русия ба ин сарзамин матоъҳои пашмин, асбобҳои фулузӣ ва дигар асбобҳо меоварданд.

Дар асри XVI муносибагҳои дипломатӣ бо Русия барқарор гардид. Ба Москва сафирҳо, заминдорон, сармоядорон рафта меомаданд. Дар баробари иҷрои супоришҳои дипломатӣ онҳо ба инкишофи савдо низ ёрӣ мерасониданд. Сафирҳо бо корвони калон ба роҳ баромада, ба Русия мол бурда ва аз онҷо боз мол гирифта бармегаштанд. Савдо барои ҳарду тараф фоиданок буд, бинобар он ривоҷ меёфт. Вале барои ривоҷи ҳаматарафаи савдои хориҷа шароит мусоидат намекард. Яке аз мамониятҳо роҳзанҳо буданд. Инчунин маҳдудияти мазҳабӣ низ садди роҳ мегашт. Чунки савдогарони рус, ки насронӣ буданд, аз омадан ба Осиёи Миёна худдорӣ намуда, бештар ба сифати тоҷир мусулмонҳои дар ҳудуди Русия сокин бударо равон мекарданд (тоторҳо, бошқирдҳо ва дигарҳо). Дар навбати худ муносибати тиҷоратии мулкҳои Осиёи Миёна бо давлатҳои ҳамсоя – Хитою Ҳиндустон, қатъ нагашта буд

Дар охири асри XVI Абдуллохони II ба ҷангҳои байнихудӣ хотима дода, барои беҳтар гардидани шароити тиҷорат як қатор тадбирҳо андешид, ки ба тағйирёфтани вазъияти савдо ва хоҷагӣ сабаб шуд ва мамлакат каме ба ҳолаш эътидол даромад. Ӯ кӯшиш намуд, ки роҳҳои корвонгузар нисбатан бехатар ва аз оби нӯшокӣ таъмин бошанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …