Главная / Чамъият / Шаклхои пардохти музди мехнат

Шаклхои пардохти музди мехнат

Моддаи 159-и Кодекси Мехнат. Шаклхои пардохти музди мехнат

  1. Музди мехнат бо пули миллии Чумхурии Точикистон пардохт карда мешавад.
  2. Бо розигии корманд ба ивази пардохти пули кисман ба пардохти асли (шакли омехтаи пардохт) рох дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблаги умумии музди мехнати якмохаи у зиёд буда наметавонад.
  3. Пардохти асли ба чойи пардохти пули бояд ба арзиши пулии музди мехнат баробар буда, барои истеъмоли шахси мувофик ва ба корманд ва ахли оилаи у фоиданок бошад.
  4. Музди мехнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онхо тибки номгуйи тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон махдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин нест.
  5. Пардохти музди мехнат дар шакли ухдадорихои карзи, забонхатхо ва купонхо манъ аст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …