Главная / Ҷамъият / Шаклҳои пардохти музди меҳнат

Шаклҳои пардохти музди меҳнат

Моддаи 159-и Кодекси Меҳнат. Шаклҳои пардохти музди меҳнат

  1. Музди меҳнат бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
  2. Бо розигии корманд ба ивази пардохти пулӣ қисман ба пардохти аслӣ (шакли омехтаи пардохт) роҳ дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблағи умумии музди меҳнати якмоҳаи ў зиёд буда наметавонад.
  3. Пардохти аслӣ ба ҷойи пардохти пулӣ бояд ба арзиши пулии музди меҳнат баробар буда, барои истеъмоли шахсӣ мувофиқ ва ба корманд ва аҳли оилаи ў фоиданок бошад.
  4. Музди меҳнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онҳо тибқи номгўйи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин нест.
  5. Пардохти музди меҳнат дар шакли уҳдадориҳои қарзӣ, забонхатҳо ва купонҳо манъ аст.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

moddai-89-karori-shahrsozi

Мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур

Моддаи 89-и  Қарори шаҳрсозӣ. Мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур Кодекси мазкур пас аз интишори …