ШУХА

Солхои 90 дар хаёти кишвархои пасошурави хамчун даврони бехокимияти ва равнаки чурму чиноят сабт шудааст. Дар паи таксимоти амволи давлати мунокишахои хунини зиёд руй доданд, ки каналхои махсуси телевизион ва рузномахои ихтисоси аз онхо гузориш медоданд. Сахнахои пур- курбониву пурхун аз филмхои Холливуд ба кучахои шахрхои Шуравии собик пиёда шуда буданд.

kareteХаёт дар чомеаи Русияи подшохи суннатхои ачибе доштааст. Чомеа ба табакахо чудо будааст. Аъёну ашроф одамони маъ- мулиро одам нахисобанд, афсарон низ ба сарбозон бо чашми хакорат нигариста, ба онхо беандоза зулму шиканча раво ме- дидаанд. Одамони табакахои поёнро бо камтарин чурм хам ба зиндонхо меандохтаанд ё бадарга мекардаанд. Табиист, ки ин муносибат вокунишхое аз суи кишри мазлум ба бор меоварда- аст. Вокуниши мазлумон, махсусан дар зиндонхо дар тули асрхо ба таври фарханги хосе шакл гирифтааст, ки он ба ташаккули табакаи хоси чинояткорон боис гардидааст. Гуруххои чинои коида ва суннатхои худро доштанд ва тибки он зиндаги ме- карданд. Тахаввулоти ин гуруххо ва суннатхои онхо дар солхои аввали ташкилшавии хукумати шурохо ба ташаккули фиркаи чиноии «Дуздон» сабаб шудааст, ки то имруз кариб дар тамоми кишвархои пасошурави фаъоланд.

Дуздон худро дар байни олами чинои нухба мехисобанд. Онхо бо сабки хос зиндаги мекунанд ва зиндонро хонаи худ ме- донанд. Ин чомеа забони махсус ва хазинаи хоси худро дорад, ки аз хисоби пардохтхои сохибкорони дар чанги онхо уфтода, пур карда мешавад. Инчунин дуздон аз дуздихои худ кисми муайянеро ба ин хазина месупоранд ва дороии ин хазина барои дастгирии дуздони махбус сарф карда мешавад. Дар хар шахр дузди бонуфузеро барои назорат аз руи олами чинои таъин мекунанд, ки вазифааш даъвои байни дуздонро хал кардан ва ба хазина даромад овардан аст, ки уро «Назорагар» меноманд. Дузд, тибки фарханги онхо набояд оиладор шавад ва ба хеч ун- вон дасташро ба кор намезанад. Онхо аз касби дузди ифтихор мекунанд ва онро ягона рохи даромад ва зиндаги медонанд.

Хамкори бо макомоти хифзи хукук ва масъулони зиндонро хиёнат ба пеша дониста, ва гуфтем касонеро, ки ба чунин амал даст мезананд, «буз» меноманд ва хамчун хоин чазо медиханд.

Ин чамъият силсиламаротиби худашро дорад, ки дарачаи баландтаринаш «Дузди конуни» буда, ба касоне дода мешавад, ки конунхои дуздиро ба пурраги риоя кунанд. Хулоса, ин як давлат дар дохили давлат бо конуну коидахои хоси худаш аст.

Дар аввали ташкилшавии Хукумати Шурави аз сабаби он, ки аъёну ашроф ва босаводон нобуд карда шуданд, табакахои по- ёнии чомеа ба мансаб расиданд, ки дар байнашон намояндагони чомеаи чинои зиёд буданд. Тавассути онхо бисёре аз суннатхои зиндагии онхо ба чомеа сироят карда буд. Ин иттифок асосан дар Русия афтода бошад хам, баъдан охиста – охиста ба дигар гушаю канорхои кишвар, аз чумла Точикистон низ сироят кард.

Замони донишчуи ману Абдулхаким дар варзишгохи «Дина- мо» дар хайати як гурух каратэ машк мекардем. Хамрохи мо як шарикдарси у, аз Донишгохи тибби, ки Шухрат ном дошт, низ машк мекард. Мо уро кутох «Шуха» меномидем. Машки каратэ ва дигар намудхои варзиши чанги каблан дар Шурави мамнуъ буд ва мисли хар чизи мамнуъ, чавонон ба он бештар алока пайдо карда буданд. Мо хам бо шуру шавк машк мекардем.

Шуха дар машк истеъдоди хос дошт. У миёнакад бошад хам, дасту бозуи кавие дошт. Чисман хеле обутобёфта ва бокувват буд. Маълум буд, ки пеш аз хамрох шудан ба гурухи мо, дар чои дигар машк дида буд, зеро дар машк ва текник низ аз мо хеле пеш буд. Шуха тики чолибе дошт, у хар замон сарашро ба суе такон медод.

Солхои навад дар пахнои Шуравии собик чурму чиноят ривочи бесобика пайдо карда буд. Тичорати хусуси, ки нав ичозат дода шуда буд, бо суръати баланд рушд мекард. Аз са- баби комил набудани конуну коида байни сохибкорон бахсу даъвои зиёд пеш меомад. Баъзе сохибкорон барои худашон аз хисоби варзишкорон гуруххои мухофизати месохтанд, ки дар холати зарури манфиаташонро химоя кунанд.

Шуха дар як корхонаи тичорати ба кор даромада буд. Со- хибкори молики ин корхона гайр аз Точикистон дар Маскав хам тичорат дошт. Шуха дар офиси маскавии у кор мекард. Баъдхо шунидам, ки як хампаймони ин сохибкор дар Маскав маблаги калони уро сохиб шуда, аз баргардондан саркаши мекунад. Музокироту машварати мукаррар ба чое намерасад. Ба вохурии навбати Шуха хамрохи як нафар хамкораш мера- вад. Хини сухбат Шуха аз он мард котеъона талаб мекунад, ки тааххудоташро ичро кунад. Он мард ва хамрохонаш чавоби тахкиромезе медиханд. Шуха бо омодагии комил ба музоки- рот рафта будааст. Дар чавоб у Калашниковро аз зери чома бароварда, як навбат шиллик мекунад, ки дар натича, ду кас дарчо мефавтанд ва ду-се нафар хам захми мешаванд. Шуха гурехта, ба Душанбе омад ва чанде пинхони гашт, вале нихоят уро дастгир карда, ба Маскав бурданд ва хукми сангине барояш содир карданд.

Баъд аз солиёни дароз Шуха аз зиндони Русия ба зиндони Точикистон интикол ёфт ва баъд аз муддате ба озоди баромад.

Он замон мо бо корхонаи пахтатозакунии нохияи Ёвон, ки дар холи сохтан буд, карордоди хамкори доштем. Аз ин са- баб, баъзан ба Ёвон рафтанам лозим меомад. Рузе дар канори рох чанд нафарро дидам, ки хеле логару бадхол буданд. Аз корманди ёвони пурсидам, ки инхо чи касонанд, ки ин кадр бадхол менамоянд? Аз чавоби у маълум шуд, ки инхо зиндо- ниёне будаанд, ки аз сабаби маризи, маргашон наздик ома- дааст ва мудирияти зиндони Ёвон рахояшон мекардааст, то ба пои худашон ба хонаашон рафта, он чо бимиранд. Вазъи бади иктисоди ба зиндонхо хам таъсири манфи гузошта буд. Махбусон аз гушнаги логар ва аз норасоии доруву шароити бади будубош ба беморихои сирояти ва махсусан, касалии сил мубтало мешуданд.

Ман аз ин сахнаи дидаам хеле норохату мутаассир шудам. Ба Душанбе баргашта, кормандонро фармудам маводи гизои бурда, ба зиндон супурданд, то ки махбусони бечора аккалан нони хурдан дошта бошанд. Мудирияти зиндон шикоят карда буд, ки ба махбусон хуроки гарм намерасад. Кормандони мо

дигар ошпазу масолех бурда, дар он чо хурок пухта, ба махбусон доданд.

Вакте ки Шухаро аз зиндони Русия ба зиндони Точикистон интикол доданд, у ба хамин зиндони Ёвон афтида буд. Аз та- рики дустони холдон ман аз ин огох будам. Рузе баъд аз озод шуданаш, иттифокан, Шухаро дар куча вохурдам ва ба озоди баромаданашро табрик гуфтам. У гайричашмдошт гарму чушон аз ман миннатдори изхор кард. Махбусон дар бораи кумаки хайрияи чанд сол пешинаи ман ба у накл карда будаанд, ки аз ёди худи ман кайхо рафта буд.

Шуха аз суи олами чиноии Русия ба ин зиндон хамчун «Назорагар» фиристода шуда буд ва пас аз озод шудан яке аз максадхояш баркарор кардани хазинаи дуздон аз хисоби сохибкорони махалли будааст. Одатан, дуздон бо хар роху во- сита, аксаран бо зури, сохибкоронро ба хамкори моил карда, онхоро бочдихандаи хазинаи худ карда ва аз ин хисоб кайфу сафо мекунанд.

Ин хазина аз хисоби сохибкорони ба ин тоифа робитаву таваччух дошта, ё ин ки ба чанги дуздон афтида, пур карда мешавад. Аз ин ру, Шуха хайрхохии онвактаи маро шунида, фикр карда буд, ки ман хайрхохи олами у хастам ва бевосита маро ба хамкори даъват мекард. Ман сирфан хайрхохона будани максади кумакамро ба у фахмонда додам ва дигар уро надидам.

Шуха ва Хикмат намунаи барчастаи чавонони афкори чинои ва тамоюл ба хилофкори доштаи он замон буданд. Дар замони чанги шахрванди, махз хамин кабил чавонон фармондехону чанговарони тарафхо ва гуруххои мусаллах шуданд. Табиист, ки барои онхо хеч конуне вучуд надошт ва мувофики фахмишхои худашон амал мекарданд.

Мегуфтанд, ки баъдхо Шуха дар олами чинои хеле шухрат ёфт ва хатто ба мартабаи «Дузди конуни» наздик шуда буд. Вале такдири маъмулии тоифаи хаммаслаконаш насиби у хам шуд, солхо баъд, дар натичаи кадом фитнаи чинои уро дар Маскав, дар назди хонааш парронданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …