ШУХА

Солҳои 90 дар ҳаёти кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун даврони беҳокимиятӣ ва равнақи ҷурму ҷиноят сабт шудааст. Дар паи тақсимоти амволи давлатӣ муноқишаҳои хунини зиёд рӯй доданд, ки каналҳои махсуси телевизион ва рӯзномаҳои ихтисосӣ аз онҳо гузориш медоданд. Саҳнаҳои пур- қурбониву пурхун аз филмҳои Ҳолливуд ба кӯчаҳои шаҳрҳои Шӯравии собиқ пиёда шуда буданд.

kareteҲаёт дар ҷомеаи Русияи подшоҳӣ суннатҳои аҷибе доштааст. Ҷомеа ба табақаҳо ҷудо будааст. Аъёну ашроф одамони маъ- мулиро одам наҳисобанд, афсарон низ ба сарбозон бо чашми ҳақорат нигариста, ба онҳо беандоза зулму шиканҷа раво ме- дидаанд. Одамони табақаҳои поёнро бо камтарин ҷурм ҳам ба зиндонҳо меандохтаанд ё бадарға мекардаанд. Табиист, ки ин муносибат вокунишҳое аз сӯи қишри мазлум ба бор меоварда- аст. Вокуниши мазлумон, махсусан дар зиндонҳо дар тӯли асрҳо ба таври фарҳанги хосе шакл гирифтааст, ки он ба ташаккули табақаи хоси ҷинояткорон боис гардидааст. Гурӯҳҳои ҷиноӣ қоида ва суннатҳои худро доштанд ва тибқи он зиндагӣ ме- карданд. Таҳаввулоти ин гурӯҳҳо ва суннатҳои онҳо дар солҳои аввали ташкилшавии ҳукумати шӯроҳо ба ташаккули фирқаи ҷиноии «Дуздон» сабаб шудааст, ки то имрӯз қариб дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ фаъоланд.

Дуздон худро дар байни олами ҷиноӣ нухба меҳисобанд. Онҳо бо сабки хос зиндагӣ мекунанд ва зиндонро хонаи худ ме- донанд. Ин ҷомеа забони махсус ва хазинаи хоси худро дорад, ки аз ҳисоби пардохтҳои соҳибкорони дар чанги онҳо уфтода, пур карда мешавад. Инчунин дуздон аз дуздиҳои худ қисми муайянеро ба ин хазина месупоранд ва дороии ин хазина барои дастгирии дуздони маҳбус сарф карда мешавад. Дар ҳар шаҳр дузди бонуфузеро барои назорат аз рӯи олами ҷиноӣ таъин мекунанд, ки вазифааш даъвои байни дуздонро ҳал кардан ва ба хазина даромад овардан аст, ки ӯро «Назорагар» меноманд. Дузд, тибқи фарҳанги онҳо набояд оиладор шавад ва ба ҳеч ун- вон дасташро ба кор намезанад. Онҳо аз касби дуздӣ ифтихор мекунанд ва онро ягона роҳи даромад ва зиндагӣ медонанд.

Ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулони зиндонро хиёнат ба пеша дониста, ва гуфтем касонеро, ки ба чунин амал даст мезананд, «буз» меноманд ва ҳамчун хоин ҷазо медиҳанд.

Ин ҷамъият силсиламаротиби худашро дорад, ки дараҷаи баландтаринаш «Дузди қонунӣ» буда, ба касоне дода мешавад, ки қонунҳои дуздиро ба пуррагӣ риоя кунанд. Хулоса, ин як давлат дар дохили давлат бо қонуну қоидаҳои хоси худаш аст.

Дар аввали ташкилшавии Ҳукумати Шӯравӣ аз сабаби он, ки аъёну ашроф ва босаводон нобуд карда шуданд, табақаҳои по- ёнии ҷомеа ба мансаб расиданд, ки дар байнашон намояндагони ҷомеаи ҷиноӣ зиёд буданд. Тавассути онҳо бисёре аз суннатҳои зиндагии онҳо ба ҷомеа сироят карда буд. Ин иттифоқ асосан дар Русия афтода бошад ҳам, баъдан оҳиста – оҳиста ба дигар гӯшаю канорҳои кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон низ сироят кард.

Замони донишҷӯӣ ману Абдулҳаким дар варзишгоҳи «Дина- мо» дар ҳайати як гурӯҳ каратэ машқ мекардем. Ҳамроҳи мо як шарикдарси ӯ, аз Донишгоҳи тиббӣ, ки Шӯҳрат ном дошт, низ машқ мекард. Мо ӯро кӯтоҳ «Шуха» меномидем. Машқи каратэ ва дигар намудҳои варзиши ҷангӣ қаблан дар Шӯравӣ мамнуъ буд ва мисли ҳар чизи мамнуъ, ҷавонон ба он бештар алоқа пайдо карда буданд. Мо ҳам бо шӯру шавқ машқ мекардем.

Шуха дар машқ истеъдоди хос дошт. Ӯ миёнақад бошад ҳам, дасту бозуи қавие дошт. Ҷисман хеле обутобёфта ва боқувват буд. Маълум буд, ки пеш аз ҳамроҳ шудан ба гурӯҳи мо, дар ҷои дигар машқ дида буд, зеро дар машқ ва текник низ аз мо хеле пеш буд. Шуха тики ҷолибе дошт, ӯ ҳар замон сарашро ба сӯе такон медод.

Солҳои навад дар паҳнои Шӯравии собиқ ҷурму ҷиноят ривоҷи бесобиқа пайдо карда буд. Тиҷорати хусусӣ, ки нав иҷозат дода шуда буд, бо суръати баланд рушд мекард. Аз са- баби комил набудани қонуну қоида байни соҳибкорон баҳсу даъвои зиёд пеш меомад. Баъзе соҳибкорон барои худашон аз ҳисоби варзишкорон гурӯҳҳои муҳофизатӣ месохтанд, ки дар ҳолати зарурӣ манфиаташонро ҳимоя кунанд.

Шуха дар як корхонаи тиҷоратӣ ба кор даромада буд. Со- ҳибкори молики ин корхона ғайр аз Тоҷикистон дар Маскав ҳам тиҷорат дошт. Шуха дар офиси маскавии ӯ кор мекард. Баъдҳо шунидам, ки як ҳампаймони ин соҳибкор дар Маскав маблағи калони ӯро соҳиб шуда, аз баргардондан саркашӣ мекунад. Музокироту машварати мукаррар ба ҷое намерасад. Ба вохӯрии навбатӣ Шуха ҳамроҳи як нафар ҳамкораш мера- вад. Ҳини суҳбат Шуха аз он мард қотеъона талаб мекунад, ки тааҳҳудоташро иҷро кунад. Он мард ва ҳамроҳонаш ҷавоби таҳқиромезе медиҳанд. Шуха бо омодагии комил ба музоки- рот рафта будааст. Дар ҷавоб ӯ Калашниковро аз зери ҷома бароварда, як навбат шиллик мекунад, ки дар натиҷа, ду кас дарҷо мефавтанд ва ду-се нафар ҳам захмӣ мешаванд. Шуха гурехта, ба Душанбе омад ва чанде пинҳонӣ гашт, вале ниҳоят ӯро дастгир карда, ба Маскав бурданд ва ҳукми сангине барояш содир карданд.

Баъд аз солиёни дароз Шуха аз зиндони Русия ба зиндони Тоҷикистон интиқол ёфт ва баъд аз муддате ба озодӣ баромад.

Он замон мо бо корхонаи пахтатозакунии ноҳияи Ёвон, ки дар ҳоли сохтан буд, қарордоди ҳамкорӣ доштем. Аз ин са- баб, баъзан ба Ёвон рафтанам лозим меомад. Рӯзе дар канори роҳ чанд нафарро дидам, ки хеле лоғару бадҳол буданд. Аз корманди ёвонӣ пурсидам, ки инҳо чӣ касонанд, ки ин қадр бадҳол менамоянд? Аз ҷавоби ӯ маълум шуд, ки инҳо зиндо- ниёне будаанд, ки аз сабаби маризӣ, маргашон наздик ома- дааст ва мудирияти зиндони Ёвон раҳояшон мекардааст, то ба пои худашон ба хонаашон рафта, он ҷо бимиранд. Вазъи бади иқтисодӣ ба зиндонҳо ҳам таъсири манфӣ гузошта буд. Маҳбусон аз гушнагӣ лоғар ва аз норасоии доруву шароити бади будубош ба бемориҳои сироятӣ ва махсусан, касалии сил мубтало мешуданд.

Ман аз ин саҳнаи дидаам хеле нороҳату мутаассир шудам. Ба Душанбе баргашта, кормандонро фармудам маводи ғизоӣ бурда, ба зиндон супурданд, то ки маҳбусони бечора аққалан нони хӯрдан дошта бошанд. Мудирияти зиндон шикоят карда буд, ки ба маҳбусон хӯроки гарм намерасад. Кормандони мо

дигар ошпазу масолеҳ бурда, дар он ҷо хӯрок пухта, ба маҳбусон доданд.

Вақте ки Шухаро аз зиндони Русия ба зиндони Тоҷикистон интиқол доданд, ӯ ба ҳамин зиндони Ёвон афтида буд. Аз та- риқи дӯстони ҳолдон ман аз ин огоҳ будам. Рӯзе баъд аз озод шуданаш, иттифоқан, Шухаро дар кӯча вохӯрдам ва ба озодӣ баромаданашро табрик гуфтам. Ӯ ғайричашмдошт гарму ҷӯшон аз ман миннатдорӣ изҳор кард. Маҳбусон дар бораи кумаки хайрияи чанд сол пешинаи ман ба ӯ нақл карда будаанд, ки аз ёди худи ман кайҳо рафта буд.

Шуха аз сӯи олами ҷиноии Русия ба ин зиндон ҳамчун «Назорагар» фиристода шуда буд ва пас аз озод шудан яке аз мақсадҳояш барқарор кардани хазинаи дуздон аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ будааст. Одатан, дуздон бо ҳар роҳу во- сита, аксаран бо зӯрӣ, соҳибкоронро ба ҳамкорӣ моил карда, онҳоро боҷдиҳандаи хазинаи худ карда ва аз ин ҳисоб кайфу сафо мекунанд.

Ин хазина аз ҳисоби соҳибкорони ба ин тоифа робитаву таваҷҷуҳ дошта, ё ин ки ба чанги дуздон афтида, пур карда мешавад. Аз ин рӯ, Шуха хайрхоҳии онвақтаи маро шунида, фикр карда буд, ки ман хайрхоҳи олами ӯ ҳастам ва бевосита маро ба ҳамкорӣ даъват мекард. Ман сирфан хайрхоҳона будани мақсади кумакамро ба ӯ фаҳмонда додам ва дигар ӯро надидам.

Шуха ва Ҳикмат намунаи барҷастаи ҷавонони афкори ҷиноӣ ва тамоюл ба хилофкорӣ доштаи он замон буданд. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, маҳз ҳамин қабил ҷавонон фармондеҳону ҷанговарони тарафҳо ва гурӯҳҳои мусаллаҳ шуданд. Табиист, ки барои онҳо ҳеч қонуне вуҷуд надошт ва мувофиқи фаҳмишҳои худашон амал мекарданд.

Мегуфтанд, ки баъдҳо Шуха дар олами ҷиноӣ хеле шуҳрат ёфт ва ҳатто ба мартабаи «Дузди қонунӣ» наздик шуда буд. Вале тақдири маъмулии тоифаи ҳаммаслаконаш насиби ӯ ҳам шуд, солҳо баъд, дар натиҷаи кадом фитнаи ҷиноӣ ӯро дар Маскав, дар назди хонааш парронданд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Занони аробакаши Точик

Занони аробакаши Точик

Бинобар сабаби вазнин буданги сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон занони тоҷик ба аробакашӣ машғул шуда то …