Главная / Маданият ва санъат / РАВИЯ ВА ФИРКАХО ДАР ИСЛОМ

РАВИЯ ВА ФИРКАХО ДАР ИСЛОМ

Баъд аз пахншавии ислом дар кишвархои дигар ва бархурди он бо тамаддунхои мухталиф, тагйироти муаяйне дар олами ислом ба вучуд омад. Шароити зист, хаёти иктисодию сиёсии мардуме, ки ба ислом гаравида буданд, аз хамдигар фарк доштанд. Масалан, Эрону Осиёи Миёна кишвархое буданд, ки бо дарачаи инкишофи иктисодии худ аз води бодиянишинони араб ба кулли тафовут доштанд. Мардуми ин чо хаёти мукими ба Сар мебурданд, кишоварзии пешрафта, системаи обёрии хеле таракикарда, шахру тамаддуни шахри, саноати хунарманди, тичорати хеле инкишофёфтаро доро буданд. Илова бар ин дар давраи аввали асли ислом дар минтакаи пахншудаи ислом илму тамаддуни дигар халкхо, аз чумла илму фалсафаи Юнон, Хинд хеле нуфузи зиёд дошт.

mazhab

Дар асрхои 7 – 8 гуногунфахми дар байни мусулмонон пайдо шуд, аз чумла дар масъалаи гуноххои кабира ва сагира /калону майда/. Баъзехо акида доштанд, ки касе гунохи азим содир мекунад, аз ислом хорич мешавад ва аз чумлаи растагорон намебошад, Дигарон мегуфтанд, ки мусулмонони гунохи азим содиркарда, агар ба Аллох ва хамаи он чизе, ки дар Куръон хаст, имон дошта бошанд, барои гуноххояшон дар охират чазо мебинанд, вале аз ахли мусулмон ва аз чумлаи растагорон хохад буд. Тарафи акидаи аввал асосан хоричиён ва тарафи акидаи баъди мурчииён буданд. Мавкеи мобайниро дар байни ин ду акида муътазилаён баён доштанд ва ба акидаи онхо чунин гурухи ода-мон мавкеи байни мусулмону кофирро ишгол мекунанд /ал -манзила байна – л – манзилатайн /. Муътазилиён инчунин доир ба дигар масъалахои фикхи мавкеи худро доштанд, аз чумла масъалахои сифати Аллох, офарида шудани Куръон ва гайра.

Муътазилихо дар мавриди сарнавишти инсон акида доштанд, ки инсон сохиби ихтиёр ва дар кирдору аъмолаш озод аст. У мутобики акл, имону андешаи худ рафтор мекунад ва барои гуноххо, кирдори нодурусташ дар охират чавоб мегуяд. Акидаи мазкурро бисёре аз мусулмонон дастгири мекарданд ва онхоро дар мачмуъ кадарихо ё ахли кадария мегуфтанд, баръакс тарафдорон акидаи сарнавиштро чабария меномиданд, Онхо таъкид мекарданд, ки хама аъмоли инсон пешаки муайян шудааст ва инсон дар рафтору кирдори худ озод нест. Ашъария /яъне тарафдорони имом Ашъари/ мавкеи мобайниро ишгол мекарданд.

Ба кавли онхо сарнавишти инсонро Аллох пешаки муайян кардааст, вале инсон имконияти истифодаи онро дошта, дар сарнавишташ шарик мегардад.

Дар асри аввали ташаккулёбиаш ислом ба ду равияи калон шуд: сунни ва шиа/ахлу – с – сунна ва – л – чамоа; ва – ш – шиа/. Номи хар кадомашон аз руи мавкеашон муайян шудааст, ахлу – с -сунни ва – л – чамоа, яъне пайравони суннат ва чамоат, шиа – яъне пайравони хазрати Али/р/, шиат-у- Али. Хануз дар нимаи асри VII дар ислом ду равия ба вучуд меояд, ки номхои суннию шиаро ба худ мегиранд. Пайдоиши онхо ба масъалаи хокимият алокаманд буд. Баъди вафоти хазрати Мухаммад /с/ сари масъалаи ки бояд халифа /чонишин/ – и хазрати Мухаммад /с/ мусулмонон бошад, тафрика ба вучуд омад.

Як гурух акида дошт, ки халифа метавонад, хар мусулмон, дар айни замон аз ёрону хамсафони пайгамбар, интихоб шавад, дигархо талаб мекарданд, ки чунин щахс танхо аз авлоди пайгамбар, яъне Али /р/ бояд бошад. Тарафдорони акидаи аввал аксарият буданд ва фикри онхо дар амал татбик гардид. Халифаи аввал хазрати Абубакри Сиддик /р/ интихоб щуд ва баъди вафоти у хазрати Умар/р/, баъд хазрати Усмон /р/ ва сипас хазрати Али /р/. Бо вучуди ин дар байни тарафдорони хар ду акида мубориза катъ нашуд. Дар ин мубориза хазрати Усмон /р/ ва хазрати Али /р/ кушта шуданд. Тарафдорони хазрати Али /р/ ва асли ворисият /ахли байт/-ро шиа / шиату Али-хизби хазрати Али/ мегуфтанд.

Дар баробари ин равия гурухе аз ахли шиа чудо шуд, ки номи хоричихоро гирифтанд ва фиркаи хоричиён пайдо шуд. Аз чараёни шиа як гурух дар асри VIII, ки худро тарафдорони имом Исмоил медонистанд, чудо шуданд. Онхо Исмоил фарзанди калонии имом Чаъфари Содикро имоми худ шумурда, баръакси шиахои дувоздахимома,ки давоми имоматро ба Мусо Козим – фарзанди

дигари Чаъфари Содик ва фарзандони у нисбат доданд, худро исмоили номиданд. Баътар дар байни онхо низ чудои ба амал омад. Гурухе,ки имоми хафтумро охирин шуморида, бозгашти уро ба сифати ал – Коим интизор шуданд, номи хафтимомаро гирифтанд, дигар гурух давоми имоматро ба фарзандони Мухаммад / фарзанди Исмоил/,ки дар дигар кишвархо панох бурда буданд, нисбат дода, онхоро имомони «махфи» гуфтанд ва аз номашон мардумро ба тарики Исмоилия даъват намуданд. Исмоилияхо хусусан дар Хуросон ва Мовароуннахр тарафдорони зиёд пайдо намуданд.

Давраи то ба сари кудрат омадани Фотимахо дар Африкои Шимоли давраи пушида-ас-сатр ном дорад. Исмоилихо дар баъзе кишвархо, аз чумла Осиёи Миёна, бо номи карматихо ва ботинихо маъруф гардидаанд. То охири асри X исмоилихо Магриб, Миср, Сурия, Фаластин, Хичозро ба итоати худ дароварданд. Минбаъд исмоилихо ба ду гурух – низорихо ва мустаълихо чудо шуданд. Низорихо дар корхои хилофат бештар мавкеъ пайдо карданд. Дар асри XI низорихо давлати худ бо номи давлати Аламутро ташкил доданд, ки то асри XIII вучуд дошт. Ташкилкунандаи он Хасани Саббох буд. Баъди шикасти давлати

Аламут исмоилихо ба Хиндустон ва дигар чойхо мурочиат намуданд. Аз нимаи аввали асри XIX сар карда, пешвои исмоилихои Хиндустон номи Огохонро ба худ гирифт, ки ин силсила то имруз давом дорад. Имоми хозири исмоилон Шох Карим ал-Хусайни Огохони IV соли 1957 ба ин маснад нишаст. Кароргохи у дар Кения аст. Тарафдоронаш дар бештар аз 20 кишвар сукунат доранд. Исмоилихо ба чуз Куръон ва таъвили хоси он китобхои дигар доранд, ки аз мучизоти пирхо ва сагузашти онхо хикоят мекунанд. Аксари мардуми вилояти Бадахшон аз пайравони таркаи исмоилия мебошанд. Онхо ташкилоти худ ва ибодатгоххои /такяхонахои/ Огохони IV шахси бомаърифат, сиёсатмадори варзида буда, чамеи

исмоилиёнро ба хуби рохбари мекунад ва нуфузу обруи зиёде дар чахон дорад.

Равияи дигари исмоилихо – мустаълихо дар Яман, Хиндустон, Покистон, Эрон, Танзания ва гайра кишвархо пахн шудааст. Имомони Исмоили дорои дарачахои гуногун буда, фидоиёни исмоилия хисоб мешаванд. Дар махалхо, аз чумла дар Бадахшон халифахои исмоили ба кори дини рохбари мекунанд.

Тасаннун равияи асоси ва калонтарини ислом аст ва ба Куръони карим, гуфтор ва рафтори пайгамбар хазрати Мухаммад /с/ (яъне суннат) эътикодманданд. Аз ин чо фармудахои хазрати Пайгамбар, ки дар хадисхо гирд омаданд, асоси пайравии ин гурухи мусулмонон карор дорад. Хадисхои расулуллох дар мачмуахои гуногун гирд омадаанд.

Боэътимодтарини онхо «ал – чомеъу – с – сахех» -и ал -Бухори мебошад. Тафсири дурусти Куръони карим ва хадисхои набави, талаботхою хукмхои дини ба воситаи киёсу ичмоъ-яъне хукми гурухе аз уламои бонуфуз амали мегардад. Ахли суннат дорои чахор мазхаб /мактаби фикхи мебошад:

ханафи, молики, шофеи, ханбали/ ва хамаи ин чахор мазхабро ахли тасанун дуруст мешуморанд. Ахли суннат такрибан 90%-и мусулмононидунёро ташкил додаандва дар байни онхо ханафихо, яъне пайравони мактаби фикхи Абу Ханифа /р.а./ аз дигарон бештаранд. Фаркияти байни мазхабхои ислом бештар дар мавриди истифодаи усули асосноккунии ин ва ё он масъалаи фикхи /хукуки/ мушохида мегардад. Ба дарачаи хассосияти худ нисбат ба рафтору кирдори мусулмонон низ онхо фарк доранд. Ба сахтгирии худ, мазхаби ханбалия аз шофеия як андоза фарк мекунад. Мазхабхои мазкур дар тули асрхо инкишоф ёфта, фаркияти тозаро ба вучуд овардаанд, аз чумла ваххобия, ки дар заминаи ханбалия ба вучуд омадааст, дар охири асри XVIII дар Арабистон пайдо шудааст. Асосгузораш Ибни Абдулвааххоб буд. Асоси таълимоти у тавхид ба хисоб мерафт. Ба кавли у азбаски Аллох ягона манбаи офариниш, офаридгор аст, бояд факат у мавриди тоату ибодат ва парастиш карор гирад. Ин акида аз тарафи хеч як мусулмон рад карда намешавад, вале Абдулваххоб онро бар зидди одату русуми дар байни мардум маъмул истифода мекард, дигар чизхои мукаддасро рад кардани мешуд. Ба гуфти у мусулмонон аз вахдати холис дур рафта ба дигар чизхо, аз чумла мазорхо ибодат мекунанд, хар гунна навоварихо дохил менамоянд, исломи асил, покро фаромуш мекунанд.

 У ба чиход эътибори махсус дода, муборизаро зидди онхое, ки ба ширк /бутпарасти/ рох медиханд, зарур медонист. Вале мутаасифона, ба ифрот дар эътикод ба мазхаби ханбалия рох дода, аксари пайравони гайри ин мазхабро, аз чумла аксари пайравони мазхабхои дигари ахли суннат ва чамоаро ба мушрики гунахгор дониста, чиходро зидди онхо низ раво медонист. Акидаи абдулваххоб аз тарафи гурухи ифротгарон истифода шуда, ба чудоии мусулмонон овард.

Оштинопазирии ваххобиён имруз аз тарафи аксари пайравони он дастгири намешавад. Аксари онхо пайравони ваххобияи «муътадил» хастанд, ки иттиходу ягонагии мусулмононро авлотар мешуморанд.

Таассуб ва ифротгароиро баъзе гуруххо ва созмонхо бо максади сиёси истифода мекунанд, онхое, ки мехоханд кудрати сиёси ба даст оваранд, дар муборизаи сиёсиашон таълимоти ваххобияро истифода бурдани мешаванд. Ваххобия дар ин маврид андешаи бисёр ташкилоту созмонхои ифротгарои гардидааст. Мухолифати ахли суннат ва-л-чамоа ва ваххобияи ифроти хеле зиёд аст. Асоси ихтилофи онхоро масъалахои фикхи, нобоварии ваххобиён ба суннати дар байни суннихо маъмул ташкил медихад. Ваххобияи расми ва муътадил аз ифротиёни ин мазхаб фарк мекунанд. Ифротиён ба онхо низ ихтилоф доранд. Дар байни сунниён ва ваххобиёни гайриафроти ихтилоф чандон зиёд нест.

Хамкори дар байни онхо асоси муносибат ба якдигар хисоб мешавад. Имруз равияи сунни дар бисёр кишвархои Осиё, Африко ва Аврупо пахн гаштааст. Аз чумла Туркия, хамаи давлатхои Осиёи Миёна, Афгонистон, Миср, Тунис, Малайзия, Алчазоир, Хиндустон, Покистон, Бангладеш, Индонезия, Сенегал, Македония, Босния ва Герцеговина ва гайра. Мазхаби шиа дар Эрон, Озарбойчон, Сурия, Лубнон, кисман Ирок, ва кишвархои дигар пахн гаштааст. Дар як кисми кишвархои исломи хар ду равия аз чумла Ирок, Лубнон, Сурия ва гайра баробар нуфуз доранд, дар баъзе дигар факат як равия, аз чумла равияи шиа дар Эрону Озарбойчон нуфузи пурра дорад.

Мусулмонон бештар аз як миллиардро ташкил дода, дар 120 кишвари олам пайравони ислом мавчуданд. 90% онро суннихо ва бокимондаро шиа ва фиркахои дигар ташкил додаанд. Дар 35 мамлакати дунё аксари ахоли мусулмонанд. Ба ин катор чумхурихои Осиёи миёна, Афгонистон, Эрон, Туркия, хамаи давлатхои араб, кишвархои Африкаи Шимоли, Сенегал, Замбия, Нигерия, Сомали, Индонезия, Покистон, Бангладеш дохил мешаванд. Дар кишвархои бокимонда мусулмонон акалияти ахолиро ташкил медиханд. Дар 28 давлати Осиёю Африко ислом дини давлати мебошад. Аз инхо факат дар Эрон равияи шиа давлати эълон шудааст.

Супориш_ва саволхо.

  1. Мамлакатхои исломиро номбар кунед.
  2. Чаро дар дини Ислом чараёнхои мухталиф пайдо шуданд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

kitobi-texnologiya-

Китоби технологияи иттилооти барои синфи 5 (Электрони)

Китоби информатика синфи 5. Китобе, ки Шумо дар даст доред усули чихози ошхона, асбобу анчоми …