Главная / Илм / Пешгири кардани бемории дилу рагхо

Пешгири кардани бемории дилу рагхо

Сабабхои беморихои системаи дилу рагхо. Сабабхои асосии бемории дил аз паст шудани фаъолияти чисмони, пурхури, тамокукаши, истеъмоли аз меъёр зиёди шароб, асабонишави вобаста аст. Хусусан шароб ва захри тамоку (никотин) ба системаи дилу рагхо таъсири манфи мерасонад. Масалан, аз меъёр зиёд истеъмол кардани шароб дилро захролуд ва таркиби онро иллатнок месозад.

Дар натича кашишхурии мушакхои дил суст шуда, норасоии калби ва нафастанги ба амал меояд. Инчунин шароб девори рагхои хунгард, пеш аз хама, рагхои худи дилро тагйир медихад. Дар натича мушакхои дил ба микдори кам оксиген ва моддахои гизои гирифта, охиста-охиста суст шуда, ба бофтахои пайванди мубаддал мегардад. Вайроншавии кори дил боиси бо хун кам таъмин гаштани организм гашта, ба камкуввати оварда мерасонад.

dil-rag-tabobat

Рагхои хунгарди одамони тамокукаш баъд аз кашидани хар як тамоку то 30 дакика танг мешаванд. Аз ин сабаб рагхои хунгарди одамони тамокукаши ашадди доимо танг буда, кори хунравонкунии дилро зиёд мекунад. Дар натича кори дил тез, мушакхои он суст мешавад ва ин ба бемории сактаи дил оварда мерасонад. Пешгири ва муоличаи беморихои дилу рагхо на танхо вазифаи коркунони тиб, инчунин вазифаи давлати, ичтимоию иктисоди ва инсондусти мебошад. Халли бомуваффакияти онхо боиси саломатии ахоли ва дарозумрии одамон мегардад.

Барои бартараф ва пешгири кардани бемории системаи дилу рагхо машкхои чисмони, кори сабук, зиндагии ором ва фаъол даркор аст. Хангоми кори чисмони микдори хуни аз мушакхоидил гузаранда зиёд шуда, хун аз оксиген ва моддахои гизои бештар таъмин мегардад ва ин боиси мустахкам гардидану ташаккул ёфтани мушакхои дил мешавад. Аз кам шудани кори чисмони мушакхои дил суст мешавад. Масалан, дар сурати 70 шабонаруз тамоман бехаракат будани одам хачми дилаш 13-18% хурд мешавад. Машкхои чисмони ва бозихои варзиши ба кадри афзудани синну сол мураккабтар шуда, мушакхои баданро варзиш медихад.

Дар баробари ин мушакхои дил хуб инкишоф меёбанд ва машк мекунанд. Вале, шабакаи рагхои хунгарди бачагона аз руи сабзиш аз дил кафо мемонад. Сабабаш ин аст, ки дили наврасон барои аз сурохихои танги рагхо тела додани хун кувваи иловаги сарф мекунад. Дар ин давра кори чисмони ба хадди имконияти хар як бача зарур аст.

Ёрии аввалин хангоми хунрави. Дар рагхои хунгарди одамкариб 5 литр хун давр мезанад. Хангоми кам шудани микдори хун фишори он паст шуда, магзи сар, дил ва дигар узвхо аз оксиген таъмин намешавад. Тахминан 2-2,5 литр талаф ёфтани хун барои одам марговар аст.

Хунравии муйраги хатто аз андак чарохат ба вучуд меояд. Аз сабаби он ки хун дар муйрагхо суст харакат мекунад, чунин хунравиро нигох доштан осон аст. Хангоми ёри расонидан  чарохатро бо махлули йод безарар карда, пас бо докаи тоза бастан лозим аст. Ин дохилшавии микробхоро ба организм нигох медорад ва боиси лахта бастани хун мегардад.

Хунравии вариди аз зарар дидани рагхои варидие ба вучуд меояд, ки дар онхо суръати чараёни хун нисбат ба муйрагхо тезтар аст ва бинобар ин лахтахои дар чои захм ба вучуд омадаро шуста мебарад. Аз ин чост, ки одам дар муддати кутох хуни бисёр талаф дода метавонад. Барои нигох доштани хунравии кам аз рагхои варид болои захмро бандпеч кардан кифоя аст.

Ин деворхои захмро зер карда, хунро боз медорад. Шахси зарардидаро пас аз ёрии аввалин зуд ба бемористон ё дармонгох бояд фиристод (расми 54). Хунравии шарёни барои хаёт хатарнок аст. Хунравии сахти шарёни аз руи ранги сурху баланди хуне, ки аз чарохат фаввора зада мебарояд, шинохта мешавад. Дар чунин холат бандпечи сахт хунро нигох дошта метавонад. Бинобар ин хангоми хунравии шарёни хар чи зудтар рагхои зарардидаро болотар аз захм бо ангуштон сахт зер карда, бо тофтаи резини ё матоъ сахт бастан лозим аст. Барои зарар надидани пуст ба чои тофтабанди як порча латта ё докаи покиза мемонанд.

Баъд гирдогирди онро бо матоъпорае мепечонанд. Байни тофтаю даст ё пой чубчаи бакувват гузошта, онро то лахзае метобанд, ки тофта таранг шуда, аз захм хун набарояд. Чубчаро бо латта ба тофта баста, захмро докапеч мекунанд. Пас аз расонидани ёрии аввалин чабрдидаро фавран ба беморхона фиристодан даркор аст. Ба тофта хатчае часпонда, дар он вакти тофта гузоштанро аник ишора мекунанд. Агар ба беморхона бурдани чабрдида дер давом кунад, барои махв нашудани бофтахо тофтаро бо як муддати кутох суст мекунанд. Вакте ки гардиши хун дар даст ё пой аз нав баркарор шуд, тофтаро боз таранг мекашанд.

Агар тофта набошад, хунравиро дар натичаи каткунии нихоии даст ё пой боздоштан мумкин аст. Барои ин зери пои катшуда лулачаи докаги ё пахтагин мегузоранд ва даст ё пойро ба зури кат карда, онро дар хамин холат нигох медоранд (расми 54).

Хунравии дохили (хунравии ковокии шикам, ковокии кафаси сина ва косахонаи сар) махсусан хатарнок аст. Хунравии дохилиро аз намуди зохирии одам муайян кардан мумкин аст. Дар ин хол рангу руи бемор сафед гашта, араки хунук мебарорад, руяки нафас мекашад, набзаш тез-тез зада, худаш бедор мешавад. Дар ин холат мошини ёрии таъчилиро фавран чег зада, то омадани духтур беморро хобондан ё дар холати такя ва ороми гузоштан даркор аст. Ба чои эхтимоли хунрави (шикам, сари сина, сар) халтачаи полиэтилении ях ё барфдор, ё ки шишаи пур аз оби хунукро бояд гузошт.

Сабабхо

  1. Сабабхои асосии бемории дилро номбар кунед.
  2. Чаро машкхои чисмони инкишофи мушакхои дилро тезонида, онро мустахкам месозад?
  3. Хусусиятхои инкишофи системаи дилу рагхои наврасон кадомхоянд?
  4. Шароб ва никотин ба дилу рагхо чи хел таъсир мерасонад?
  5. Хунравии муйрагиро чи тавр боз медоранд?
  6. Тадбирхои ёрии аввалин хангоми хунравии вариди кадомхоянд?
  7. Чаро хунравии шарёни хатарнок аст? Хангоми хунравии шарёни барои расонидани ёрии аввалин чи тадбирхо меандешанд?
  8. Чаро дар вакти хунравии шарёни тофтаро болотар аз чои захми даст ё пой мебанданд?
  9. Чаро барои наврасон кори аз хад зиёди чисмони зарарнок аст?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …