Главная / Илм / ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «ПОРТФЕЛ»

ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «ПОРТФЕЛ»

Системаи оператсионии Windows программаи системавиеро пешбинӣ намудааст, ки он Портфел (My Briefcase – Портфель) ном дошта, функсияҳояш ба функсияҳои портфели ҳақиқӣ монанд аст. Агар дар рўзғор портфел барои аз як манзил ба манзили дигар кашонидани папкаю ҳуҷҷатҳои зарурӣ лозим бошад, он гоҳ портфели программавӣ низ айнан ҳамин функсияро бо папкаю ҳуҷҷатҳои электронӣ иҷро менамояд. Вале портфели программавӣ ҳуҷҷатҳоро на ба манзилҳо, балки аз як компютер ба компютери дигар мекўчонад. Барои иҷро намудани ин амал, яъне кўчонидани информатсия кифоя аст, ки папка ва ҳуҷҷатҳои дахлдор ба Портфел ҷойгир карда шуда, пас аз он ба дискет сабт карда шаванд. Баъд дискетро ба компютери дуюм гузошта, дар он Портфелро кушодан лозим аст.

portfel-soxtan

Программаи Портфел на танҳо барои кўчонидани ҳуҷҷатҳо, балки боз барои мутобиқгардонии файлҳое, ки бо номи якхела дар компютерҳои гуногун нигоҳ дошта мешаванд, хизмат мерасонад. Программаи Портфел файлҳои такроршавандаро меёбад ва агар онҳо аз рўи андозаашон аз ҳамдигар фарқ кунанд, он гоҳ вариантҳои кўҳнаи файлҳоро бо варианти навтарин иваз менамояд. Аз программаи Портфел истифода бурда, шумо доимо метавонед дилпур бошед, ки бо варианти охирини файл кор карда истодаед.

Барои ба воситаи Портфел аз як компютер ба компютери дигар кўчонидани ҳуҷҷатҳо пайдарпайии амалиёти зеринро иҷро намудан лозим аст.

  •  Ба воситаи программаҳои Компютери ман ё Роҳбалад папкаи заруриро кушодан;
  •  Бо ёрии тугмаи рости муш нишонаи ҳуҷҷати заруриро аз равзанаи папкаи кушодашуда ба нишонаи программаи Портфел дар Мизи корӣ кўчонидан;
  •  Дар менюи контекстии пайдошуда сатри Создать синхронную копию (Нусхаи синхронӣ сохта шавад)-ро пахш намудан. Нусхаи ҳуҷҷат ба Портфел сабт карда мешавад;
  •  Нишонаи папкаи Портфелро дар Мизи корӣ кушодан. Боварӣ ҳосил намудан, ки файли ҳуҷҷати зарурӣ дар Портфел мавҷуд аст;
  •  Равзанаи Портфелро пўшидан;
  •  Равзанаи Программаҳои Компютери ман ё Роҳбаладро кўшодан;
  •  Бо ёрии тугмаи рости муш нишонаи папкаи Портфелро аз Мизи корӣ ба болои нишонаи диски А: дар Компютери ман ё

Роҳбалад гузошта, тугмаи мушро сар додан;

  •  Дар менюи контекстӣ сатри Переместить (Кўчонида шавад)-ро пахш кардан. Нусхаи Портфел ба дискет сабт карда мешавад ва нишонаи Портфел аз Мизи корӣ гум мешавад;
  •  Нишонаи диски А: -ро ду маротиба пахш кардан;
  •  Дар равзанаи диски А: нишонаи Портфелро ду маротиба пахш кардан;
  •  Пас аз дидани нишонаи ҳуҷҷати зарурӣ, равзанаҳои Портфел ва А: -ро пай дар пай пўшидан;
  •  Дискетро аз компютери якум ба дискдони компютери дуюм гузоштан;
  •  Ба воситаи программаҳои Компютери ман ё Роҳбалад равзанаи диски А: -ро кўшодан;
  •  Дар равзанаи диски А: нишонаи Портфелро ду маротиба пахш карда кушодан;
  •  Дар равзанаи Портфел нишонаи ҳуҷҷати заруриро ду маротибапахш кардан;
  •  Ҳуҷҷатро таҳрир намуда, аз нав ба диск сабт кардан;
  •  Ҳамаи равзанаҳои кушодашударо пўшидан ва дискетро аз дискдон гирифтан;
  •  Бо ёрии усулҳои болоӣ аз нав нишонаи Портфелро ба Мизи кории компютери якум кўчонидан.

Саволҳо:

  1. Сабаби Портфел ном гирифтани программаи системавӣ дар чист?
  2. Программаи системавии Портфел барои иҷро намудани кадом намуд амалиёт пешбинӣ карда шудааст?
  3. Портфел ба ғайр аз кўчонидани ҳуҷҷатҳо боз кадом функсияҳоро иҷро менамояд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
  2. Пешакӣ ягон файли дар Word сохташударо барои худ интихоб намоед. Барои ба воситаи Портфел аз як компютери синфи компютерӣ ба компютери дигари он кўчонидани матни ҳуҷҷати интихобкардашуда аз пайдарпайии амалиёти дар матни мавзўъ овардашуда истифода баред.
  3. Амалиёти дар банди дуюми супориш овардашударо барои компютерҳои дуюм ва сеюми синфи компютерӣ низ такрор намоед.
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

exnologiyai-info

РАВАНДҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ

Тавре қайд кардем, мафҳуми информатсия бо амалиётҳои дарёфт, ғункунӣ, қабул, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, ирсол, сабт …