Главная / Маданият ва санъат / ПАНДХОИ ПАЙГАМБАРИ ИСЛОМ МУХАММАД АЛАЙХИ-С-САЛОМ

ПАНДХОИ ПАЙГАМБАРИ ИСЛОМ МУХАММАД АЛАЙХИ-С-САЛОМ

  1. Бидонед: бинотарин чашм он аст, ки дар рохи хайр боз шавад.
  2. Бидонед: тихидасти балост ва баъдтар аз тихидасти ранчурии чисм аст ва баъдтар аз маркази бемории халк /руз/ аст.
  3. Бидонед: касе, ки намедонад, набояд аз омухта шарм кунад, ки киммати хар кас ба кадри маълумоти уст.
  4. Шароб сари чамъи гунохон аст.
  5. Хаё сар то по хайр аст.
  6. Офати Сухан дуруг аст.
  7. Хушбахт он аст, ки аз саргузашти дигарон панд гирад.
  8. Хар коре неке садака аст. Олимон дар миёни халк мисли амонатдори худоянд.
  9. Бихишт зери кадами модарон аст.
  10. Муъмин касест, ки молу чони мардум аз у дар Амон бошад.
  11. Олим ва толиби илм дар хайр шариканд.
  12. Хар ки илм талаб кунад, ризкашро кафолат кунад.
  13. Талаби илм барои хар марду зани мусулмон фарз аст.
  14. Бехтарини шумо касест, ки шуморо ба кори хайр даъват кунад.
  15. Бар ахли хона, то баракати хона зиёд гардад.
  16. Хар бандае, ки хамсояаш аз шарри у эмин набошад, руи бихишт набинад.
  17. Аз гахвора то гур дониш бичуй.
  18. Гайбати мусулмононро накунед ва дар чустучуи айби онхо набошед.
  19. Бехтарини чавонони шумо он аст, ки худро шабехи пирон кунад ва бадтарини пирон касест, ки худро шабехи чавонон кунад.
  20. Хеч падаре бехтар аз одоб ба фарзанд надода.
  21. Адаби мард бехтар аз тиллои уст.
  22. Бо бадон неки кун, то онхоро аз бади кардан боздори.
  23. Неки ба падару модарон хайрест, ки пеш фиристода мешавад.
  24. Баракати умр дар кори нек аст.
  25. Бехтарин рафик он аст, ки ба кори хайр рохбари кунад.
  26. Бехтарин занон он аст, ки бачаовар ва мехрубон бошад.
  27. Зевари ботин аз зинати зохир бехтар аст.
  28. Кофири саховатманд аз муъмини бахил ба бихишт наздиктар аст.
  29. Мачлиси бузургворон чои омухтани суханони не каст.
  30. Инсон бо рости бар куллаи бузургон мерасад.
  31. Ахлоки хуш гунохро об мекунад, чунон ки об яхро.
  32. Хар ки бомдод падару модар аз у рози бошанд, ду дар аз бихишт ба руяш боз аст, ки хамчунин хангоми аср. Ва агар яке аз онхо аз вай рози
  33. бошанд, як дар ба руяш боз аст. Ва хар фарзанде, ки бомдод ё пешин падару модар аз у хашмгин бошанд, ду дар аз чаханнам ба руяш боз аст ва агар нафаре норози бошад, як дар.
  34. Кассе, ки ба яке ошик шаваду нихон дорад ва бо он ишк бимирад ба
  35. бихишт равад.
  36. Он чиз рафокату дустиро холису беороиш кунад: айби рафикро ба вай
  37. гуфтан, пушти сар обруяшро хифз кардан, кумак ба хангоми сахти.
  38. Чахор чиз саодати шахс аст: зани шоиста, фарзандони хайрманд, рафикони хуб, ризку рузи дар фатан.
  39. Чахор чиз руза ва хар коре хайреро фосид кунад: гайрат, дуруг, суханчини ва нихон ба номахрам.

 

Супориш ва саволхо

  1. Пандхои хазрати Мухаммадба ахли оилаатон хонед.
  2. Пандхоро аз 1д кунед.

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …