Дар натичаи тагйиротхои гуногуни ичтимои, парокандагии давлати Империяи Рим соли 395 он ба ду кисм чудо мешавад – кисми Гарби ва Шарки. Ба зуди кисми гарбии империя аз тарафи германхо ишгол карда шуда, минбаъд дар он давлатхои мустакили феодали пайдо мегарданд. Дар кисми шаркии империя бошад хукумати император боз ба муддате боки мемонад. Ин таксимшави ба дини Насрони бетаъсир намонд. Дар кисми гарбии собик Империяи Рим калисои гарби мустакил гашт.
Дар он кисмат ривояи католики ва дар шарки империя – Византия /Рум/ равияи православи ба вучуд омаданд. Хар кадоми онхо дорои сохтору акидахои худ гардиданд. Дар навбати худ католисизм дар асрхои минбаъда равияхои нав чудо мешавад, ки бузургтарини онхо протестантизм аст. Соли 1054 калисои Гарбию Шарки аз хам тамоман чудо шуда, хар кадоми онхо аз
тарафи якдигар махкум карда шуданд. Ин давраи Патриарх Михаил Хирулария ве Левана / Лев IX/. Папа Легатхояшро бо сардории кардинал мефиристад.
Михаил ба онхо гуфтугу кардан намехохад. Он вакт дар калисо легатхо мучассамаи патриархро дар оташ сузонда уро кофир эълон мекунанд. Патриарх хам шуроро даъват карда, легатхоро одамони беимон эълон мекунад.