Главная / Чамъият / Озодона бастани шартномаи мехнати

Озодона бастани шартномаи мехнати

Моддаи 22-и Кодекси Мехнат. Озодона бастани шартномаи мехнати

  1. Тарафхо хангоми бастани шартномаи мехнати озод ва дорои хукукхои баробар мебошанд.
  2. Мачбур намудан барои бастани шартномаи мехнати мумкин нест, ба гайр аз холатхое, ки Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва ё ухдадорихои ихтиёран кабулнамудаи корфармо бастани шартномаро пешбини мекунанд.
  3. Беасос рад кардан аз бастани шартномаи мехнати бо шахсоне, ки аз чониби макомоти ваколатдори давлати аз хисоби квота, роххат ва брон ба кор фиристода шудаанд, инчунин дар дигар холатхое, ки бевосита дар Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар гардидаанд, манъ мебошад.
  4. Рад кардани бастани шартномаи мехнати бо корманде, ки барои кор тибки тартиби гузариш аз дигар ташкилот бо мувофикаи рохбарони ташкилотхо даъват шудааст, мумкин нест.
  5. Бо талаби корманд ва ё макомоти манфиатдор корфармо ухдадор аст дар холатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба онхо дар бораи сабабхои рад карда шудани кабул ба кор ба таври хатти иттилоъ дихад.
  6. Пеш аз бастани шартномаи мехнати дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мумкин аст шартхои иловаги гузошта шаванд (гузаштан аз озмун, интихоб шудан ба вазифа (мансаб).
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Cortes_de_cadiz-1

Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Аз даст додани мустамликахои америкои зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари …