Главная / Илм / Омула (Омела) дар Канзи Шифо (Китоб)

Омула (Омела) дар Канзи Шифо (Китоб)

omela-660x330Омула — ин самари дарахти хиндист, рангаш зард, ба бузургии олуча ва то ба андозаи чормагз мешавад. Таъмаш туруши тунч аст, яъне дар вакти хоидан мушакхои сатхи даруни даханро ба хам меоварад (бурма мекунад). Бехтаринаш берешаи он аст. Дар аксар хол онро се бор якшаби дар шир тар карда ва хар бор хушк намуда, ба истеъмол медиханд, инчунин тарнокардаи онро дар шир истеъмол мекунанд. Инро хушк карда хам истифода мебаранд. Мизочаш дар дарачаи дувум сард ва дар севум хушк аст. Яъне ба одамони гарммизоч ва тармизоч мувофик мебошад.

Хислатхои шифобахши он: инро бихуранд, дарунро мебандад ва намегузорад, ки моддахои зарарнок аз чохои дигари бадан ба меъда ва рудахо рехта шаванд, инчунин хилтхои (моддахои ) фоидабахши баданро аз вайрону бадбу шудан нигох медорад, моддаи савдоро аз бадан хорич мекунад ва инчунин моддаи савдоро аз омехта шудан бо моддахои гайрисавдови манъ месозад, бинобар хамин хислаташ табъро сара, зехнро тез мекунад, хушхоли меоварад ва дилро кави мегардонад. Инро одамони сардмизоч бо асал ё бо дорчини, ё бо мустако истеъмол менамоянд, баъд барои онхо хам фоида мебахшад, тарсончакиро зуд дафъ мекунад. Дар ин холат куввати бохро меафзояд, иллати кайкуниро бозмедорад, ташнагиро таскин медихад, обравии даханро манъ мекунад, хар гуна рафтани хунро (аз чумла хуни бавосирро) мебандад; моддахои савдо ва балгами ракикро (суюкро) бо исхол дафъ менамоянд, меъда ва рудахоро кувват медихад, иштихо меоварад, рутубатхои зарарнок ва сусткунандаи меъдаро бархам медихад, хамли (пашмакхои ) даруни меъдаро мустахкам мегардонад.

Агар ин самарро бо об бихуранд, исхоли кухнаро банд ва харорати хунро паст мегардонад, дил ва чашмро кувват мебахшад, асабхоро мустахкам месозад ва кувватхои хиссии майнаро меафзояд, инчунин барои молихулиё (меланхолия) нафъ дорад. Агар инро бо асал бихуранд, иллатхои фаромушхотири, суст ва нотавон гаштани аъзо, фолич, кач шудани руйро шифо мебахшад. Ва агар онро бо асал мураббо тайёр карда бихуранд, низ ба беморихои номбурда даво мешавад. Ин меваро як шабонаруз дар об тар карда, он обро биёшоманд, бухорхои аз меъда болобарояндаро манъ мекунад. Инро, яъне омуларо махин куфта, бо об хамир карда, ба пешони гузошта банданд, хуни биниро катъ мекунад.

7 граммашро нимкуфта як шабонаруз дар об тар карда, баъд он обро соф намуда, дар чашм чаконанд, гули чашмро нест мекунад (хусусан дар хар ду-се соат омулаи таршударо фишурда партоянду омулаи дигар тар кунанд, он обро то се мартаба бичаконанд, таъсираш зиёда мегардад). Омуларо махин ос карда, бо хамвазни он шакар даромехта, бо андак равгани бодоми ширин чарб намуда, 17-18 грамми онро бо оби нимгарм ба дили нахор бихуранд, бекувватии чашмро ислох мекунад ва онро равшан месозад, инчунин барои харошида шудани сатхи даруни рудахо даво мешавад. Омуларо куфта, бо хамвазни он зираи сиёх даромехта, бо асал хамир карда, лесида бихуранд, дар вакти хоб ба чогах шошиданро дафъ мекунад. Омуларо як шабонаруз дар об тар карда, бо кашнизи хушки нимкуфта якчо бихуранд, исхоли кухна, тафси меъда, сузиши макъад ва сузокро дафъ мекунад.

omela-1

Чун хинои хушкро куфта, бо обе, ки дар он омула як шабонаруз тар карда шуда бошад, хамир карда, ба муй бимоланд, онро сиёх мекунад. Микдори як бор дар як руз хурдан аз омула аз 10,5 то 17,5 грамм аст. Агар инро дар об чуш дода, он обро нушидани бошанд, то 35 грамми онро дар об чушонанд. Ошомидани омула ба сипурз зарар дорад. Дар ин маврид асал бихуранд, зарараш ислох меёбад. Инчунин омула бинобар зиёда будани тунчиаш иллати кулинчро пайдо мекунад, дар ин холат равгани бодоми ширин хурдан даркор аст, ки ислохи зарар намояд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …