Главная / Илм / Омула (Омела) дар Канзи Шифо (Китоб)

Омула (Омела) дар Канзи Шифо (Китоб)

omela-660x330Омула — ин самари дарахти ҳиндист, рангаш зард, ба бузургии олуча ва то ба андозаи чормағз мешавад. Таъмаш туруши тунҷ аст, яъне дар вақти хоидан мушакҳои сатҳи даруни даҳанро ба ҳам меоварад (бурма мекунад). Беҳтаринаш берешаи он аст. Дар аксар ҳол онро се бор якшабӣ дар шир тар карда ва ҳар бор хушк намуда, ба истеъмол медиҳанд, инчунин тарнокардаи онро дар шир истеъмол мекунанд. Инро хушк карда ҳам истифода мебаранд. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва дар севум хушк аст. Яъне ба одамони гарммизоҷ ва тармизоҷ мувофиқ мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарунро мебандад ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок аз ҷоҳои дигари бадан ба меъда ва рӯдаҳо рехта шаванд, инчунин хилтҳои (моддаҳои ) фоидабахши баданро аз вайрону бадбӯ шудан нигоҳ медорад, моддаи савдоро аз бадан хориҷ мекунад ва инчунин моддаи савдоро аз омехта шудан бо моддаҳои ғайрисавдовӣ манъ месозад, бинобар ҳамин хислаташ табъро сара, зеҳнро тез мекунад, хушҳолӣ меоварад ва дилро қавӣ мегардонад. Инро одамони сардмизоҷ бо асал ё бо дорчинӣ, ё бо мустако истеъмол менамоянд, баъд барои онҳо ҳам фоида мебахшад, тарсончакиро зуд дафъ мекунад. Дар ин ҳолат қуввати боҳро меафзояд, иллати қайкуниро бозмедорад, ташнагиро таскин медиҳад, обравии даҳанро манъ мекунад, ҳар гуна рафтани хунро (аз ҷумла хуни бавосирро) мебандад; моддаҳои савдо ва балғами рақиқро (суюқро) бо исҳол дафъ менамоянд, меъда ва рӯдаҳоро қувват медиҳад, иштиҳо меоварад, рутубатҳои зарарнок ва сусткунандаи меъдаро барҳам медиҳад, ҳамли (пашмакҳои ) даруни меъдаро мустаҳкам мегардонад.

Агар ин самарро бо об бихӯранд, исҳоли кӯҳнаро банд ва ҳарорати хунро паст мегардонад, дил ва чашмро қувват мебахшад, асабҳоро мустаҳкам месозад ва қувватҳои ҳиссии майнаро меафзояд, инчунин барои молихулиё (меланхолия) нафъ дорад. Агар инро бо асал бихӯранд, иллатҳои фаромӯшхотирӣ, суст ва нотавон гаштани аъзо, фолиҷ, каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад. Ва агар онро бо асал мураббо тайёр карда бихӯранд, низ ба бемориҳои номбурда даво мешавад. Ин меваро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро биёшоманд, бухорҳои аз меъда болобарояндаро манъ мекунад. Инро, яъне омуларо маҳин кӯфта, бо об хамир карда, ба пешонӣ гузошта банданд, хуни биниро қатъ мекунад.

7 граммашро нимкӯфта як шабонарӯз дар об тар карда, баъд он обро соф намуда, дар чашм чаконанд, гули чашмро нест мекунад (хусусан дар ҳар ду-се соат омулаи таршударо фишурда партоянду омулаи дигар тар кунанд, он обро то се мартаба бичаконанд, таъсираш зиёда мегардад). Омуларо маҳин ос карда, бо ҳамвазни он шакар даромехта, бо андак равғани бодоми ширин чарб намуда, 17-18 грамми онро бо оби нимгарм ба дили наҳор бихӯранд, беқувватии чашмро ислоҳ мекунад ва онро равшан месозад, инчунин барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо даво мешавад. Омуларо кӯфта, бо ҳамвазни он зираи сиёҳ даромехта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, дар вақти хоб ба ҷогаҳ шошиданро дафъ мекунад. Омуларо як шабонарӯз дар об тар карда, бо кашнизи хушки нимкӯфта якҷо бихӯранд, исҳоли кӯҳна, тафси меъда, сӯзиши мақъад ва сӯзокро дафъ мекунад.

omela-1

Чун ҳинои хушкро кӯфта, бо обе, ки дар он омула як шабонарӯз тар карда шуда бошад, хамир карда, ба мӯй бимоланд, онро сиёҳ мекунад. Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз омула аз 10,5 то 17,5 грамм аст. Агар инро дар об ҷӯш дода, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 35 грамми онро дар об ҷӯшонанд. Ошомидани омула ба сипурз зарар дорад. Дар ин маврид асал бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад. Инчунин омула бинобар зиёда будани тунҷиаш иллати қулинҷро пайдо мекунад, дар ин ҳолат равғани бодоми ширин хӯрдан даркор аст, ки ислоҳи зарар намояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …