Главная / Биология / Обсабзхои сабзи тудашакл (колонияшакл)

Обсабзхои сабзи тудашакл (колонияшакл)

Яке аз намояндаи обсабзхои тудаги, ки дар обхои ширини обанборхо ва кулхо васеъ пахн гардидааст волвокс мебошад. Волвокс курашакл буда, рангаш сабз аст. Хар як туда андозааш (кутраш) аз 0,5 то 1-3 мм буда, аз 60-70 хазор хучайра иборат аст. Ин микдори хучайрахо як кабатро хосил карда, ба таври давраги чойгир шудаанд. Дохили кура ковок буда, бо моддаи луоби пур гардидааст.

obsabz

Хар кадоме аз хучайрахо дутоги камчинак доранд, ки онхо ба самти беруни кура нигаронида шудаанд. Ин хучайрахо аз руи шаклашон ба хламидомонада монанд буда, нашвианд ва кобили аф- зоиш нестанд. Онхо вазифаи чаббидтни об ва моддахои гизоиро ичро мекунанд. Дар дохили волвокс, одатан, якчандто тудачахои хурди духтари мавчуданд, ки аз хучайраи нисбатан калони модари хосил шудаанд. Дар окибати кор ин тудахои духтари девори хучай- рахои модариро дарронда, аз он берун мешаванд ва ба зиндагии мустакилона шуруъ мекунанд. Дар натича кураи модари нобуд ме- шавад. Ин холат хангоми афзоиши нашви ва гайричинси ба амал меояд.

Афзоиши чинсии волвокс хусусияти ба худ хос дорад ва аз афзоиши чинсии хламидомонада фарк мекунад. Баъзе хучайрахои туда антеридия (хучайрачахои чинсии мардона) хосил мекунанд, ки дар он нутфаи дукамчинакдори зардранги хурд ба ву- чуд меояд. Хучайрахои дигар ба оогонияи курашакли рангаш сабзи сиёхтоб табдил меёбанд. Дар дохили хар кадом оогония (чое, ки хучайрахои чинсии занона инкишоф меёбанд) яктои тухмхучайра мавчуд аст. То давраи бордоршави нутфахо аз антеридия ба об баромада ба суи оогонияхо харакат мекунанд. Хар яке аз нутфахо ба оогонйя дохил шуда, хучайратухмро бордор мекунанд. Дар натичаи бордоршави зиготаи сурхранг ба вучуд меояд, ки аз берун бо кабати (пардаи) гафс пушида шудааст. Пас аз сипари гаштани давраи ороми (бахорон), зигота тадричан таксим шуда, дар натича гудаи нави волвокс ташаккул меёбад.

Турчаи оби шакли турхалтаи сарбастаро дошга, одатан дар обхои сустчараёни ширин, ки аз моддахои нитрогени бой аст, зиндаги мекунад. Андоза ё кутри он то 10-15 см буда, бо чашми одди ба хуби дида мешавад. Деворхои турхалта аз хучайрахои дарози си- линдршакл, ки бо нугхояшон ба хамдигар часпида, хучайрахои панч-шаш кирраро пайдо кардаанд, иборатанд. Ситоплазма бо ядрохои бисёраш дар наздикии девори хучайра чод гирифтааст. Дар ковокии хучайра вакуолахои зиёди серширадор ва хромото- фори турмонанд мавчуд аст ‘Ж.

Хангоми афзоиши гайричинси ситоплазмаи хучайра таксим шуда, зооспорахои дукамчинакдори бисёр ба вучуд меоянд. Зооспорахо аз хучайраи модари берун нашуда, дар дохили он тудаи нави турчаи обиро хосил мекунанд. Баъди нобудшавии (даридани) пардаи хучай- раи модари тудахои чавони турчаи оби ба берун мебароянд. Онхо хачман калон шуда, шаклу андозаашон ба тудаи модари монанд мешаванд.

Дар вакти афзоиши чинси аз хучайрахои тудачаи турчаи оби аввало гаметахои дукамчинакдор ба вучуд меоянд. Сипас, онхо ба об баромада, чуфт-чуфт пайваст мешаванд ва зиготаро (хучайраи бордоршударо) ба вучуд меоваранд. Зигота, ки аз берун бо пардаи гафс пушида шудааст, зимистонро дар холати ороми мегузаронад. Бахорон зигота ба таксимшави шуруъ карда, чорто зооспораи ду- камчинакдорро ба вучуд меоварад. Аз ин зооспорахо бо рохи мураккаб тудаи нави турчаи обй ба вучуд меояд.

  1. Сохти волвокс чи гуна аст?
  2. Волвокс аз хламидомонада бо чи фарк мекунад?
  3. Волвокс чи тавр афзоиш мекунад?
  4. Сохти турчаи оби чи гуна аст?
  5. Турчаи оби бо кадом роххо афзоиш мекунад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …