Главная / Биология / Обсабзҳои сабзи тудашакл (колонияшакл)

Обсабзҳои сабзи тудашакл (колонияшакл)

Яке аз намояндаи обсабзҳои тӯдагӣ, ки дар обҳои ширини обанборҳо ва кӯлҳо васеъ паҳн гардидааст волвокс мебошад. Волвокс курашакл буда, рангаш сабз аст. Ҳар як тӯда андозааш (қутраш) аз 0,5 то 1-3 мм буда, аз 60-70 ҳазор ҳуҷайра иборат аст. Ин микдори ҳуҷайраҳо як қабатро ҳосил карда, ба таври даврагӣ ҷойгир шудаанд. Дохили кура ковок буда, бо моддаи луобӣ пур гардидааст.

obsabz

Ҳар кадоме аз ҳуҷайраҳо дутогӣ қамчинак доранд, ки онҳо ба самти беруни кура нигаронида шудаанд. Ин ҳуҷайраҳо аз рӯи шаклашон ба хламидомонада монанд буда, нашвианд ва қобили аф- зоиш нестанд. Онҳо вазифаи ҷаббидтни об ва моддаҳои ғизоиро ичро мекунанд. Дар дохили волвокс, одатан, якчандто тӯдачаҳои хурди духтарӣ мавҷуданд, ки аз ҳуҷайраи нисбатан калони модарӣ ҳосил шудаанд. Дар оқибати кор ин тӯдаҳои духтарӣ девори ҳуҷай- раҳои модариро дарронда, аз он берун мешаванд ва ба зиндагии мустақилона шурӯъ мекунанд. Дар натиҷа кураи модарӣ нобуд ме- шавад. Ин ҳолат ҳангоми афзоиши нашвӣ ва ғайриҷинсӣ ба амал меояд.

Афзоиши ҷинсии волвокс хусусияти ба худ хос дорад ва аз афзоиши чинсии хламидомонада фарқ мекунад. Баъзе ҳуҷайраҳои тӯда антеридия (ҳуҷайрачаҳои ҷинсии мардона) ҳосил мекунанд, ки дар он нутфаи дуқамчинакдори зардранги хурд ба ву- ҷуд меояд. Ҳуҷайраҳои дигар ба оогонияи курашакли рангаш сабзи сиёҳтоб табдил меёбанд. Дар дохили ҳар кадом оогония (ҷое, ки хуҷайраҳои ҷинсии занона инкишоф меёбанд) яктоӣ тухмҳуҷайра мавҷуд аст. То давраи бордоршавӣ нутфаҳо аз антеридия ба об баромада ба сӯи оогонияҳо ҳаракат мекунанд. Ҳар яке аз нутфаҳо ба оогонйя дохил шуда, хуҷайратухмро бордор мекунанд. Дар натиҷаи бордоршавӣ зиготаи сурхранг ба вучуд меояд, ки аз берун бо қабати (пардаи) ғафс пӯшида шудааст. Пас аз сипарӣ гаштани давраи оромӣ (баҳорон), зигота тадриҷан тақсим шуда, дар натиҷа гӯдаи нави волвокс ташаккул меёбад.

Тӯрчаи обӣ шакли тӯрхалтаи сарбастаро дошга, одатан дар обҳои сустҷараёни ширин, ки аз моддаҳои нитрогенӣ бой аст, зиндагӣ мекунад. Андоза ё қутри он то 10-15 см буда, бо чашми оддӣ ба хубӣ дида мешавад. Деворхои тӯрхалта аз ҳуҷайраҳои дарози си- линдршакл, ки бо нӯгҳояшон ба ҳамдигар часпида, ҳуҷайраҳои панҷ-шаш қирраро пайдо кардаанд, иборатанд. Ситоплазма бо ядроҳои бисёраш дар наздикии девори ҳуҷайра чод гирифтааст. Дар ковокии ҳуҷайра вакуолаҳои зиёди серширадор ва хромото- фори тӯрмонанд мавчуд аст ‘Ж.

Ҳангоми афзоиши ғайриҷинсӣ ситоплазмаи ҳуҷайра тақсим шуда, зооспораҳои дуқамчинакдори бисёр ба вучуд меоянд. Зооспораҳо аз хуҷайраи модарӣ берун нашуда, дар дохили он тӯдаи нави тӯрчаи обиро ҳосил мекунанд. Баъди нобудшавии (даридани) пардаи ҳуҷай- раи модарӣ тӯдаҳои ҷавони тӯрчаи обӣ ба берун мебароянд. Онҳо хаҷман калон шуда, шаклу андозаашон ба тӯдаи модарӣ монанд мешаванд.

Дар вақти афзоиши ҷинсӣ аз ҳуҷайраҳои тӯдачаи тӯрчаи обӣ аввало гаметаҳои дуқамчинакдор ба вуҷуд меоянд. Сипас, онҳо ба об баромада, ҷуфт-ҷуфт пайваст мешаванд ва зиготаро (ҳуҷайраи бордоршударо) ба вуҷуд меоваранд. Зигота, ки аз берун бо пардаи ғафс пӯшида шудааст, зимистонро дар ҳолати оромӣ мегузаронад. Баҳорон зигота ба тақсимшавӣ шурӯъ карда, чорто зооспораи ду- қамчинакдорро ба вуҷуд меоварад. Аз ин зооспораҳо бо роҳи мураккаб тӯдаи нави тӯрчаи обй ба вуҷуд меояд.

  1. Сохти волвокс чӣ гуна аст?
  2. Волвокс аз хламидомонада бо чӣ фарқ мекунад?
  3. Волвокс чӣ тавр афзоиш мекунад?
  4. Сохти тӯрчаи обӣ чӣ гуна аст?
  5. Тӯрчаи обӣ бо кадом роҳҳо афзоиш мекунад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …