Главная / Чамъият / Намози салавот

Намози салавот

Эй муъмин, як намоз аст, ки онро «Намози салавот» гуянд, хар ки бигузорад онро ба хар мухиме, ки уро бошад, раво гардад. Бояд ки онро ба кор дори ва гох-гохе бигузори. Ва он чахор ракъат аст ба монанди «намози тасбех», магар он ки дар ин намоз ба чойи калимаи тамчид дуруд гуяд ва аз машоих ин дуруд манкул аст:

Аллохумма салли ало Мухаммадин абдика ва набиййика ва хабибик.

Ва ё хар дуруде, ки хохад бигуяд, чунончи сесад бор дуруд шавад ва дар хар ракъат хафтоду панч бор. Асари ин намоз бисёр аст ва ин намозро «Мифтоху-л-хочот» гуянд, яъне калиди хочатхо. Ин намозро агар дар руз бихони, бояд ки хар чахор ракъатро ба як салом гузори ва агар ба шаб гузори, ба ду салом бигузори. Чун ният куни ва такбири тахрима ва сано хони, баъд аз он понздах бор дурудро бихон ва баъд аз он сураи «Фотихату-л-китоб» бихон ва замми сура бикун, баъд аз он дах бор дурудро бихон. Баъд аз он ба рукуъ бирав ва се бор «Субхона Раббия-л-Азим» бигуй ва баъд аз он дах бори дигар дуруд бихон. Чун ба кавма[1] гарди, боз дах бор дуруд бихон ва чун ба сачда рави, се бор «Субхона Раббия-л-Аъло» гуй ва низ дах бор дуруд бихон ва дар чаласа[2] низ дах бор дуруд бихон ва дар сачдаи дуввум баъд аз се бор «Субхона Раббия-л-Аъло» низ дах бор дуруд бихон ва дар ракъати сони низ хамчунин бояд кард, понздах бор дуруд пеш аз кироат бояд хонд ва дар хар ракъате хафтоду панч бор дуруд мешавад.[3]

[1] Кавма – рост шудан ва ором гирифтани баъд аз рукуъ.

[2] Чаласа – ором гирифтан дар байни ду сачда.

[3] «Анису-л-воизин». Сах. 248.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …