Главная / Ҷамъият / Намози салавот

Намози салавот

Эй муъмин, як намоз аст, ки онро «Намози салавот» гӯянд, ҳар кӣ бигӯзорад онро ба ҳар муҳиме, ки ӯро бошад, раво гардад. Бояд ки онро ба кор дорӣ ва гоҳ-гоҳе бигузорӣ. Ва он чаҳор ракъат аст ба монанди «намози тасбеҳ», магар он ки дар ин намоз ба ҷойи калимаи тамҷид дуруд гӯяд ва аз машоих ин дуруд манқул аст:

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин абдика ва набиййика ва ҳабибик.

Ва ё ҳар дуруде, ки хоҳад бигӯяд, чунончӣ сесад бор дуруд шавад ва дар ҳар ракъат ҳафтоду панҷ бор. Асари ин намоз бисёр аст ва ин намозро «Мифтоҳу-л-ҳоҷот» гӯянд, яъне калиди ҳоҷатҳо. Ин намозро агар дар рӯз бихонӣ, бояд ки ҳар чаҳор ракъатро ба як салом гузорӣ ва агар ба шаб гузорӣ, ба ду салом бигӯзорӣ. Чун ният кунӣ ва такбири тахрима ва сано хонӣ, баъд аз он понздаҳ бор дурудро бихон ва баъд аз он сураи «Фотиҳату-л-китоб» бихон ва замми сура бикун, баъд аз он даҳ бор дурудро бихон. Баъд аз он ба рукуъ бирав ва се бор «Субҳона Раббия-л-Азим» бигӯй ва баъд аз он даҳ бори дигар дуруд бихон. Чун ба қавма[1] гардӣ, боз даҳ бор дуруд бихон ва чун ба саҷда равӣ, се бор «Субҳона Раббия-л-Аъло» гӯй ва низ даҳ бор дуруд бихон ва дар ҷаласа[2] низ даҳ бор дуруд бихон ва дар саҷдаи дуввум баъд аз се бор «Субҳона Раббия-л-Аъло» низ даҳ бор дуруд бихон ва дар ракъати сонӣ низ ҳамчунин бояд кард, понздаҳ бор дуруд пеш аз қироат бояд хонд ва дар ҳар ракъате ҳафтоду панҷ бор дуруд мешавад.[3]

[1] Қавма – рост шудан ва ором гирифтани баъд аз рукӯъ.

[2] Ҷаласа – ором гирифтан дар байни ду саҷда.

[3] «Анису-л-воизин». Саҳ. 248.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …