Моддаи 124-и Кодекси Мехнат. Мазмуни шартномаи тахсил
- Шартномаи тахсил бояд дар бар гирад:
– сана ва махалли тартиб додани шартнома;
– тарафхои шартнома;
– номи ташкилоте, ки корманд кор мекунад, насаб, ном ва номи падари корфармо ё шахси ваколатдорнамудаи он, ваколатнома, номи муассисаи таълими, насаб, ном ва номи падари рохбари он, насаб, ном ва номи падари корманд (тачрибаомуз, донишчу), агар шартнома сетарафа бошад;
– номи ташкилот, чойи кори корманд, насаб, ном ва номи падари кордиханда ё шахси ваколатдори у, ваколатнома, насаб, ном ва номи падари корманд (тачрибаомуз, донишчу);
– мавзуи шартнома;
– маълумот дар бораи тахсили музднок ва ройгон, шакли тахсил, касби мушаххас, дарачаи ихтисоси тахсилот, ки тахсилкунанда мегирад;
– хукук ва ухдадорихои корфармо ва тахсилкунанда;
– мухлати тахсил ва мухлати кори иловаги барои корфармо баъд аз хатми тахсил;
– кафолат ва чубронпули, ки ба тахсил алокаманд мебошанд;
– холатхои гайричашмдошт (форс – мажори);
– шартхои махсус;
– тартиби баррасии бахсхо;
– мухлати амал ва тартиби бекор намудани шартнома;
– сурогаи тарафхо.
- Шартномаи тахсил метавонад дигар шартхоеро, ки бо созиши тарафхо муайян карда мешаванд, дар бар гирад.