Главная / Гуногун / Мактуб ба Президенти Чумхурии Точикистон (Намунаи нома)

Мактуб ба Президенти Чумхурии Точикистон (Намунаи нома)

Ба Пешвои миллат Президенти

Чумхурии Точикистон

мухтарам Эмомали Рахмон

Мухтарам Чаноби Оли,

Аз навиштани мактуби мазкур ба Шумо вобаста ба масъалаи баргашта гирифта натавонистани маблагхои амонатии мухлатноки худ ки дар ТочиксодиротБонк гузозоштаам изхори мусоидат мепурсам.

Тибки шартнома ман охири соли 2014 дар Бонки зикршуда маблаги муайянеро барои нигахдори хамчун амонати мухлатнок гузошта будам ва бо ба охир расидани мухлати ин амонатхо дар мохи майи соли чори, холо онхоро кайхо боз баргашта гирифта наметавонам.

Мурочиати пайдар пайи ман ки вакти кории маро мегираду садди рохи халли мушкилоти фаъолиятам шудааст, ки ин хам бошад бар сабаби ичро накардани ухдадорихои худ аз чониби Бонки зикршуда ба эчод шудани мушкилоти нав пайдо шуда истодааст.

Албата пушида нест, ки дар катори ман боз нафарони дигар хам пули худро аз ин бонк гирифта натавониста истодаанд, вале то хол маълум нест, ки кай пулхои худро мо баргардонида мегирем ва мушкилоти зиндагии худро бартараф карда дар таракки додани сохибкории худ хисагузор шавем.

Бо таъин шудани рохбарони нави ин бонк умедвор будам, ки акнун каме бошад хам маблагамро кисм кисм баргардонида мегирам вале аз омадани рохбарони нав аз Бонки милли мутаасифона холат баддар шудааст ва ягон кадар пуламро гирифта наметонам.

Дар васоити ахбори омма гуфта шудааст, ки сахмияхои бонкро шояд Бонки аврупои ё араб мехарад вале ин кор эхтимолияти дар амал тасдик нашуданаш хам бошад. Ба хар хол мушкилии мо шахрвандон зиёда шуда истодааст.

Бо навиштани мактуби мазкур мехостам мусоидат аз гирифтани амонатхо мепурсам ва мехостам бидонам ки кай онхоро ба ман бармегардонанд.

 

Бо эхтиром,

Зафари Аюб

Тел: 555-444-333

Ба Пешвои миллат –  Президенти Чумхурии Точикистон,

Чаноби Оли Мухтарам Эмомали Рахмон

 

         Ба Шумо Чаноби оли пеш аз хама барои корхои ободониву созандаги дар ватани азизу бихишиамон миннатдори баён намуда дар баробари мактуби мазкур аз Шумо эхтиромона хохиш менамоем, ки сари халли як масалаи басо мухим мусоидат намоед.

         Аз номи мардуми дехахои  чамоати Богистони нохияи Шахрианав, ки дар он зиёда аз 300 гектар замини богиву полези мавчуд буда дар он зиёда аз 15 000 ахоли зиндагиву шугли мехнат менамоянд мактуби мурочиатии мазкур омода шудааст.

         Дар кисмати шаркии ин чамоат солхои охир  аз мохи июн – июл то фарорасии зимистон масъалаи об хеле ташвишовар шуда богу токзор ва чумла хаммаи заминхои корам аз набудани об сол-то сол кисм-кисм зарар дида истодааст, ки ин дар навбати худ ба иктисодиёти кишвар ва сатхи зиндагии мардуми мехнатии ин минтака таъсири манфи расонида истодааст.

         Тибки маълумотхои мавчуда сабаби набудани об дар чуйбори тавассути дехахои Питомник ва Савда (Гозималик) мегузашта дар фасли тобистону тирамох ин камоб будани дарёи караток мебошад.

Чихеле, ки медонед соли чори аз хеле кам барф боридан дар куххо масъалаи об боз хам вазнин аст ва барои хамин хам барои нобут нашудани богу токзор ва бо максади халли масъалаи мазкур зарурияти насби насоси обкаши ба канали калони Хисор аст, ки маблаги такрибан 250 хазор сомони лозим аст.

         Бо назардошти набудани чунин маблаги калон дар истикоматкунандагони ин деха зарурияти ба хукумати кишвар мурочиат кардан ба миён омад. Чунки мурочати масъалаи мазкур дар сатхи нохия ва чамоат бо назардошти вазнин будани вазъи молияви халли худро ёфта натавониста истодааст.

Дехконони ин дехахо барои пешгири кардани нобутшавии дарахтоне ки зиёда аз 20-30 сол папварида истодаанд хеле дар ташвиш хастанд.

         Барои хамин хам мухтарам Чаноби Оли, шумо ки доимо вобаста ба масъалаи об дар сатхи байналмилали масъалагузори менамоед ва вобаста ба дарёфти захирахои гранти ё захирахои молиявии дахлдор мусоидат карда метонед, эхтиромона хохиш менамоем, ки барои халли масъалаи мазкур  кумаки худро дарег надоред.

Бо камоли эхтиром,

Сокинони дехахои Питомник ва Савда :

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …