Главная / Илм / МУШОВАРАГОХИ ТИББИИ ЗАНОН

МУШОВАРАГОХИ ТИББИИ ЗАНОН

zanonМУШОВАРАГОХИ ТИББИИ ЗАНОН, сохтори таркибии таваллудхона ё марказии саломати, ки ба ахоли хама гуна ёрии амбулатории акушерию гинекологи мерасонад. Сихату саломат таваллуд кардани занхои хомила ба саривакт аз назорати М. гузаштани онхо, ба муоинаи мунтазам (дар вакти хомилаги) вобаста аст. Аз ин ру, дар сурати зухури аломатхои аввалини хомилаги ба М. мурочиат намудани занон хатмист. Ба сабаби саривакт ба М. мурочиат намудан зан ба таваллуд тайёр мегардад, бачапартои ва диг. оризахои ногуворро пешгири менамояд. Дар ин хол духтурон вакти додани рухсатии пеш аз таваллудро низ дуруст муайян мекунанд. Занхои хомилаи гирифтори беморихои дилу раг ва косашон тангро, ки аз ин пеш дар аснои хамл ва таваллуд сахт азоб кашидаанд, М. ба назорати махсус мегирад. Хангоми пайдо шудани оризахои ногувор ё токсикоз занро ба таваллудхона хобонда, тадбирхои зарури меандешанд. Дар М. омодагии равони гузаронида мешавад, ки максади он занро ба таваллуд тайёр кардан аст. М. оид ба пешгирии таваллуди бармахал безурёти, ихтилоли эндокрини кабинетхо дорад. Дар М. рочеъ ба зарари искот, гигиенаи мубошарат ва г. сухбатхо мегузаронанд, ёрии ичтимоию хукуки мерасонанд. Дар дехот чунин корхоро пункти фелдшерию акушери, ки зери рохбарии духтури беморхонаи махалли кор мекунад, ба ухда дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …