Главная / Илм / МОХПАРВИН

МОХПАРВИН

mohparvinМОХПАРВИН (Somnambulismus; лот. somnus – хоб ва ambulare – рох рафтан), сомнамбулизм, яке аз шаклхои ихтилоли хоб. М. хангоми хастаги, неврозхои астени, гашён, шифоёби аз беморихои вазнин, баъзе шаклхои саръ (эпилепсия) руй медихад. Он вакте ба вучуд меояд, ки хангоми хоб системаи асаби маркази амали хамон кисмхои майнаро, ки харакатро идора мекунанд, боз надоштааст. Холатхое, ки шахси хуфта дар хобаш гап мезанад ё ба руи чойгах хеста менишинад, мисоли боздории нопурра ва руякианд. Аммо ба М. иллатхои баръало намоён мансубанд, ки хангоми хуручи он шахси хуфта аз чойгах мехезад ва бидуни максад ё мувофики хоби дидааш харакат мекунад, пагохи хамаи ин дар хотираш тира боки мемонад ё тамоман фаромуш мешавад. Онхое, ки ба М.-и гашёни гирифторанд, ходисахои бо онхо руйдодро бо иборахои бофтаи фантастики накл мекунанд. Атрофиён аксар вакт аз рафтори шахсони ба М. гирифтор мехаросанд. Бесабаб нест, ки пештар М.-ро ходисаи тасаввуфи мепиндоштанд ва бо пуррашавии мох алокаманд медонистанд. Аз чумла мегуфтанд, ки бемор хобу хоболуд дар лаби бом гашта метавонад, пешгуйи мекунад ва г. Хангоми хуручи М. афтодан ва захмин шудан мумкин аст. Дар натичаи он шахси хоб бедор мешавад. Барои пешгири намудани ходисахои нохуш дару тирезаи хонае, ки шахси ба М. гирифтор мехобад, бояд махкам, асбобхои электри хомуш карда шаванд ва г. Одами дар хоб рох гашта истодаро бо садои пасту ором бедор мекунанд. Шахсе, ки ба М. гирифтор аст, бояд барои ташхис ва табобат ба духтур мурочиат кунад.

Ш. Ф. Рачабалиев.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vulqon

ВУЛКОН ЧИСТ?

ВУЛКОНХО Харорати он то + 1500°С мерасад, дар сатхи замин 900-1200°С ташкил мекунад ва охиста …