Главная / Илм / МЕНЮИ АСОСИИ WINDOWS

МЕНЮИ АСОСИИ WINDOWS

Тавре ки кайд карда шуд, дар Панели масъалахои Мизи кории системаи Windows тугмаи Пуск мавчуд аст. Хангоми нишондихандаи мушро ба болои ин тугма гузоштан, информатсияи ёрирасони Начните работу с нажатии этой кнопки (Корро аз пахш кардани ин тугма шуруъ намоед) пайдо мешавад. Пас аз пахш кардани тугмаи чапи муш дар экран пайдарпайии нишонахои номдоре пайдо мешавад, ки онро Менюи асосии системаи Windows меноманд (Расми 9). Менюи асосии Windows яке аз элементхои асоситарини идоракунии система ба хисоб меравад. Бо ёрии бандхои Менюи асоси тамоми амалиёти ба система вобастаро ичро намудан мумкин аст.

windowsДар меню пайдарпайии нишонахо ва бандхои ба онхо мувофик дар шакли сатрхои таг ба таг оварда шудаанд. Дар тарафи рости баъзе сатрхои менюи асоси аломати  – секунчаи тирчашакл гузошта шудааст. Ин аломат далели он аст, ки ин банди меню ба зербандхо таксим мешавад. Барои Расми 9. Менюи асосии системаи Windows дидани руйхати зербандхо нишондихандаи мушро ба сатри тирчадор гузошта, лахзае интизор мешавем. Пас аз гузаштани муддати ками вакт руйхати зербандхои банди меню ба экран бароварда мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню мегуянд.

Тартиби интихобкунии бандхои менюи асоси чунин аст:

  1. нишондихандаи мушро ба сатри лозимии меню мегузорем;
  2. агар сатри интихобшуда факат аз як банд иборат бошад, он гох тугмаи чапи мушро як маротиба пахш карда, зуд сар медихем;
  3. агар дар сатри интихобшудаи меню аломати тирча мавчуд бошад, он гох ба зерменюи он гузашта, банди лозимиро интихоб менамоем ва тугмаи чапи мушро як маротиба пахш менамоем.

Саволхо:

  1. Менюи асосии Windows чист ва он кадом вазифахоро ичро менамояд?
  2. Бо кадом рох ба менюи асосии Windows дохил шудан мумкин аст?
  3. Мавчуд будани аломати  дар ягон сатри менюи асоси далели чист?
  4. Сатри менюи асосии Windows-ро чи гуна интихоб намудан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Тартиби кушодани менюи асосии Windows ва интихобкунии сатрхои онро дар дафтаратон номбар кунед.
  3. Ба менюи асосии Windows дохил шавед ва банду зербандхои онро аз назар гузаронед.
  4. Аз менюи асосии Windows истифода бурда, бо ёрии муаллим равзанаи папкаи хусусии худро кушоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …