Главная / Илм / МЕНЮИ АСОСИИ WINDOWS

МЕНЮИ АСОСИИ WINDOWS

Тавре ки қайд карда шуд, дар Панели масъалаҳои Мизи кории системаи Windows тугмаи Пуск мавҷуд аст. Ҳангоми нишондиҳандаи мушро ба болои ин тугма гузоштан, информатсияи ёрирасони Начните работу с нажатии этой кнопки (Корро аз пахш кардани ин тугма шурўъ намоед) пайдо мешавад. Пас аз пахш кардани тугмаи чапи муш дар экран пайдарпайии нишонаҳои номдоре пайдо мешавад, ки онро Менюи асосии системаи Windows меноманд (Расми 9). Менюи асосии Windows яке аз элементҳои асоситарини идоракунии система ба ҳисоб меравад. Бо ёрии бандҳои Менюи асосӣ тамоми амалиёти ба система вобастаро иҷро намудан мумкин аст.

windowsДар меню пайдарпайии нишонаҳо ва бандҳои ба онҳо мувофиқ дар шакли сатрҳои таг ба таг оварда шудаанд. Дар тарафи рости баъзе сатрҳои менюи асосӣ аломати  – секунҷаи тирчашакл гузошта шудааст. Ин аломат далели он аст, ки ин банди меню ба зербандҳо тақсим мешавад. Барои Расми 9. Менюи асосии системаи Windows дидани рўйхати зербандҳо нишондиҳандаи мушро ба сатри тирчадор гузошта, лаҳзае интизор мешавем. Пас аз гузаштани муддати ками вақт рўйхати зербандҳои банди меню ба экран бароварда мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню мегўянд.

Тартиби интихобкунии бандҳои менюи асосӣ чунин аст:

  1. нишондиҳандаи мушро ба сатри лозимии меню мегузорем;
  2. агар сатри интихобшуда фақат аз як банд иборат бошад, он гоҳ тугмаи чапи мушро як маротиба пахш карда, зуд сар медиҳем;
  3. агар дар сатри интихобшудаи меню аломати тирча мавҷуд бошад, он гоҳ ба зерменюи он гузашта, банди лозимиро интихоб менамоем ва тугмаи чапи мушро як маротиба пахш менамоем.

Саволҳо:

  1. Менюи асосии Windows чист ва он кадом вазифаҳоро иҷро менамояд?
  2. Бо кадом роҳ ба менюи асосии Windows дохил шудан мумкин аст?
  3. Мавҷуд будани аломати  дар ягон сатри менюи асосӣ далели чист?
  4. Сатри менюи асосии Windows-ро чӣ гуна интихоб намудан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Тартиби кушодани менюи асосии Windows ва интихобкунии сатрҳои онро дар дафтаратон номбар кунед.
  3. Ба менюи асосии Windows дохил шавед ва банду зербандҳои онро аз назар гузаронед.
  4. Аз менюи асосии Windows истифода бурда, бо ёрии муаллим равзанаи папкаи хусусии худро кушоед.
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

kodirovanie

ТАРЗҲОИ КОДИРОНИИ ИНФОРМАТСИЯ

Кодиронии рақамии иттилоотҳои намудашон гуногун. Раванди ташаккули тарзи муайяни тасвири информатсияро кодиронии (рамзсозӣ, рамзбандӣ) информатсия мегўянд. …