Главная / Илм / ЛЕГИОНЕЛЛЁЗ

ЛЕГИОНЕЛЛЁЗ

legionelyozЛЕГИОНЕЛЛЁЗ, бемории легионерхо, бемории шадиди сирояти, ки микроорганизмхои гуногун аз чинси Legionella ба вучуд меоранд. Намояндаи маъмули он L. pneumophila мебошад. Намудхои дигари легионеллахо, ки беморихои гуногуни аъзои нафаскаширо пайдо мекунанд, зери номи умумии «легионеллёзхо» муттахид гаштаанд.
Ангезандаи Л. с-хои 70-уми а. 20 ошкор шудааст. С. 1976 Л. дар Филаделфия хуруч карда, боиси фавти 34 наф. вакилони Съезди легионерон (аз 220 наф. бемор) гашт. Бемори мисли пневмония хуруч ёфта буд. Ангезандаи Л. бактерияи каламчашакли аэроби мебошад. Феълан 22 намуди он вучуд дорад, ки 35 серотипро дарбар мегирад. Легионеллахо нисбати эритромитсин, рифамписин ва тетрасиклин хассос мебошанд.
Ангезандаи Л. ба организм аз луобпардаи рохи нафас ворид мешавад (хангоми нафас гирифтани аэрозолхои оби – заррахои душ, хавои кондитсионер, обзан, чанги об, фавворахо ва г.). Холатхои аз одам ба одам интикол ёфтани ангезандахои Л. ошкор нашудаанд. Давраи нихонии бемори 2 – 10 шаборуз аст. Яке аз падидахои хоси Л. пневмония мебошад. Дар мавриди он сар дард карда, харор. баланд (то 40°С) мешавад, бемор табларза менамояд. Сурфа дар аввал хушк буда, минбаъд якчоя бо балгам меояд. Такр. 20%-и беморон хун мепартоянд. Оризаи вазнини Л. нукси нафаскаши аст, ки ёрии тиббии очилро талаб менамояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …