Главная / Маданият ва санъат / Кушта шудани марг дар бихишт

Кушта шудани марг дар бихишт

Кушта шудани марг дар бихишт

Чунин овардааад, ки баьд аз он фармон шавад, ки, эй фариштагон, маргро ба сурати гусфанд дар байни бихишту дузах биёред, то муъминон ва кофирон онро бубинанд.

Чун маргро биёранд, нидо ояд, ки, эй ахли бихишт ва эй ахли дузах, ин гусфандро мешиносед, ки чи гуна гусфанд аст?

Гуянд, ки Худовандо, инро намешиносем.

Фармони Илохи даррасад, ки бидонед, ки ин марг acт.

Муьминон ба дидани марг битарсанд ва хайрон бимонанд. Ва аз талхии чон кандан ёд оранд. Чунон нохуш ва хайрон бимонанд, ки хеч вакте он чунон нохуш нашуда бошанд. Гуянд, ки ин бало аз кучо омадааст?

Дар андоми бихиштиён ларза афтад. Аммо кофирон ба дидани марг хушвакт шаванд. Аз азоби дузах талхии чон канданро осон донанд. Гуянд: хохем мурдан ва aз  ин азобхои сахт халос хохем шуд.

Чабраил (а) гуяд, ки, эй муъминон, огох на доно бошед, ки бо амри Илохи чалла ва ало маргро мекушам. Ба сабаби он ки бихиштиён дар бихишт ва дузахиён дар дузах хамеша бимонанд.

Бихиштиён хамеша дар бихишт дар рохат  бошанд ва дузахиён дар дузах ба азобхои гуногун абадулобод бимонанд. Баъд маргро ба катл расонанд. Муъминон чунон шод шаванд, ки баъд аз он харгиз андухнок нашаванд ва кофирон хору залил шаванд, чунон ки баъд аз он харгиз хуши набинанд.

Баъд аз Худои таъоло нидо ояд, ки аз ман хушнуд шудед?

Гуянд, ки бор Худоё, хушнуд шудем ва хама чизхо ёфтем ва хеч боки намонда, ки биёбем ва ё бад-он чашмдор бошем.

Фармон ояд, ки шуморо башорате дихам, ки аз хама неъматхои бихишт голиб ояд.

Гуянд, он чист?

Фармон ояд. ки аз шумоён хушнудам, ки харгиз аз шумо нохушнуд нашавам ва ба хеч чиз аз шумо наранчам ва заррае аз шумо нуксон накунам. Ва аз безори шудан шуморо дур кунам.

Чун ни нидо бишнаванд шод шаванд. Гуянд, бор Худоё, бехтарини хама чизхо хамин хушнудии ту буд, ки ёфтем.

Пас дархои шодиву хуррами бикушоянду абадулобод ба хушиву хуррами бигузаронанд ва як лахза аз айшу хуши холи набошанд. Ва хеч гуяндаи “Ло илоха илаллоху Мухаммаду- р-расулуллох” дар дузах човидон намонад. Аз мусулмонон касе, ки гунох карда бошад дар дунё, ба кадри гунохаш дар дузах азоб карда мешавад. Баъд аз дузах бароварда, ба бихишт мебаранд ва абадулобод дар дузах намемонад. Ин буд камтар аз ахволи бихиштиён, ки аз хазор якеашро баён накардаем.

Илохо, Парвардигоро, ба хурмати Куръони покат ва ба хурмати Расули покат ва ба хурмати касоне, ки дар назди ту кадру кимат доранд, мо мусулмонони гунахгори парешонрузгорро аз ин неъмати бузургат, ки бихишти човидони ва дидори бечуни худат аст, бонасиб ва бахравар гардони. Дар катори инхо нависандаи гунахгори осиро низ рузи гардони, омин ё Раббу-л-оламин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …