Главная / Маданият ва санъат / Кушта шудани марг дар биҳишт

Кушта шудани марг дар биҳишт

Кушта шудани марг дар биҳишт

Чунин овардааад, ки баьд аз он фармон шавад, ки, эй фариштагон, маргро ба сурати гӯсфанд дар байни биҳишту дӯзах биёред, то мӯъминон ва кофирон онро бубинанд.

Чун маргро биёранд, нидо ояд, ки, эй аҳли биҳишт ва эй аҳли дӯзах, ин гӯсфандро мешиносед, ки чӣ гуна гӯсфанд аст?

Гӯянд, ки Худовандо, инро намешиносем.

Фармони Илоҳӣ даррасад, ки бидонед, ки ин марг acт.

Мӯьминон ба дидани марг битарсанд ва ҳайрон бимонанд. Ва аз талхии ҷон кандан ёд оранд. Чунон нохуш ва ҳайрон бимонанд, ки ҳеҷ вакте он чунон нохуш нашуда бошанд. Гӯянд, ки ин бало аз куҷо омадааст?

Дар андоми биҳиштиён ларза афтад. Аммо кофирон ба дидани марг хушвакт шаванд. Аз азоби дӯзах талхии ҷон канданро осон донанд. Гӯянд: хоҳем мурдан ва aз  ин азобҳои сахт халос хоҳем шуд.

Ҷабраил (а) гӯяд, ки, эй мӯъминон, огоҳ на доно бошед, ки бо амри Илоҳӣ ҷалла ва ало маргро мекушам. Ба сабаби он ки биҳиштиён дар бихишт ва дӯзахиён дар дӯзах ҳамеша бимонанд.

Биҳиштиён ҳамеша дар биҳишт дар роҳат  бошанд ва дӯзахиён дар дӯзах ба азобҳои гуногун абадулобод бимонанд. Баъд маргро ба қатл расонанд. Мӯъминон чунон шод шаванд, ки баъд аз он ҳаргиз андӯхнок нашаванд ва кофирон хору залил шаванд, чунон ки баъд аз он ҳаргиз хушӣ набинанд.

Баъд аз Худои таъоло нидо ояд, ки аз ман хушнуд шудед?

Гӯянд, ки бор Худоё, хушнуд шудем ва ҳама чизҳо ёфтем ва ҳеҷ боқӣ намонда, ки биёбем ва ё бад-он чашмдор бошем.

Фармон ояд, ки шуморо башорате диҳам, ки аз ҳама неъматҳои биҳишт ғолиб ояд.

Гӯянд, он чист?

Фармон ояд. ки аз шумоён хушнудам, ки ҳаргиз аз шумо нохушнуд нашавам ва ба хеҷ чиз аз шумо наранҷам ва заррае аз шумо нуқсон накунам. Ва аз безорӣ шудан шуморо дур кунам.

Чун ни нидо бишнаванд шод шаванд. Гӯянд, бор Худоё, беҳтарини ҳама чизҳо ҳамин хушнудии ту буд, ки ёфтем.

Пас дарҳои шодиву хуррамӣ бикушоянду абадулобод ба хушиву хуррамӣ бигузаронанд ва як лаҳза аз айшу хушӣ холӣ набошанд. Ва ҳеҷ гӯяндаи “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду- р-расулуллоҳ” дар дӯзах ҷовидон намонад. Аз мусулмонон касе, ки гуноҳ карда бошад дар дунё, ба қадри гуноҳаш дар дӯзах азоб карда мешавад. Баъд аз дӯзах бароварда, ба биҳишт мебаранд ва абадулобод дар дӯзах намемонад. Ин буд камтар аз аҳволи биҳиштиён, ки аз ҳазор якеашро баён накардаем.

Илоҳо, Парвардигоро, ба ҳурмати Қуръони покат ва ба ҳурмати Расули покат ва ба ҳурмати касоне, ки дар назди ту қадру қимат доранд, мо мусулмонони гунаҳгори парешонрӯзгорро аз ин неъмати бузургат, ки биҳишти ҷовидонӣ ва дидори бечуни худат аст, бонасиб ва баҳравар гардонӣ. Дар қатори инҳо нависандаи гунаҳгори осиро низ рӯзӣ гардонӣ, омин ё Раббу-л-оламин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …