Главная / Илм / КуРРуДА

КуРРуДА

КуРРуДА (Caecus), як кисми рудаи гафс, ки аз даромадгохи рудаи борик поёнтар чой гирифтааст. К. шакли халтаро дошта, дарозиаш такр. 4 – 8 см аст. К. дар тихигохи рост карор дорад. Аз он кирмруда (аппендикс) ибтидо меёбад. Вай найчаи борик буда, дарозиаш 2,5 – 15 см, кутраш 3 – 4 мм аст. Сурохи кирмруда ба даруни К. боз мешавад. Кирмруда пардае дорад, ки онро бо девораи К. ва кисми охири (интихои) рудаи тихигохи мепайвандад. Кирмруда бисёр вакт дар чукурчаи тихигохии рост чой дорад; нуги озоди он поён хамида, баъзан ба коси хурд мефарояд. Вале чунин мавкеи кирмруда дар хама одамон як хел нест. Мас., вай метавонад дар паси К. чой гирифта ба он бо парда пайваст шавад.
Дар пайвандгохи рудахои борик ва гафс даргот (клапан) мавчуд аст, ки он барои аз рудаи гафс ба рудаи борик баргашта омадани гизо рох намедихад. Дар сархади К. ва кулун сфинктер (халкамушак)-и Бузи чойгир аст.
К. бисёр вакт пурра бо сифок (шикампарда) фаро гирифта шудааст; дар баъзе мавридхо сифок онро факат аз се тараф ихота мекунад.
КЛ
Курруда ва кирмруда (девораи пеши рудахои гафс ва борик бурида дур карда шудааст): 1 – сурохи тихигохию куррудаи; 2 – дарготи сурохи тихигохию куррудаи; 3 – кулун (чархакруда); 4 – рудаи тихигохи; 5 – сурохи кирмруда; 6 – кирмруда; 7 – курруда.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …