Главная / Маданият ва санъат / Кашидадузии ироки

Кашидадузии ироки

Тору пуди матоъро хисоб карда духтани кашида. Дар матоъхое медузанд, ки торхои ресмони онхо якдигарро бурида гузаштаанд (суф, матоъи дурушти дасти), чунки ресмонхои ин гуна матоъхоро хисоб кардан осон аст. Гули ин гуна кашидахо аз накшхои хандасави (геометрия) (хатхои рости дарозу кутох) иборат аст.

Намуди чунин гулдузи ироки ном дорад. Духтани ироки ду хел мешавад ва аз он катори салибхои бутун ва нима иборат аст. Намудхои ин тарзи духт бо номи ирокии чида ва ироки маълуманд.

Хангоми кашидадузи ва гулдузихо хархела андозаи накшро истифода мебаранд. Барои дар матоъ гузаронидани накш гулхои гуногун мавчуданд.

  1. Накши дар руи когаз кашидашудаи гулро бо сузан як маром сурох мекунанд. Баъд андозаро ба руи матоъ гузошта, вобаста ба ранги матоъ бур мепошанд.
  2. Аз когази шаффофи нусхабардор истифода мебаранд.
  3. Андозаро ба руи мохут, бахмал ва шохии чилодор монда аз болои накш кук мекунанд. Баъд когазро бо эхтиёт даронда мегиранд. Дар ин холат накши гул боки мемонад.
  4. Барои ба матоъхои тунуки сафед гузаронидани накш андозаро ба руи шиша мемонанд. Аз болояш матоъро мепушонанд, аз таги шиша чарог медоранд ва аз руи накши равшаншуда калами сиёх медавонанд.

Дар мавриди набудани андоза аз кашидаи тайёр нусха бардоштан мумкин аст. Дар вакти гулдузи ё кашидадузи хеч гох нуги ресмонро гирех намекунанд. Пеш аз огози кор ресмонро бо чунин усул дар матоъ махкам менамоянд.

  1. Чоеро, ки оянда бо гулдузи пушида хохад шуд, якчанд куки майда мекунанд.
  2. Як куки калон гирифта, онро то охир аз матоъ кашида намегиранду нуги ресмони мондаро бо куки дуюм мепушонанд.

Минбаъд дар ин чо гул медузанд. Корро ба охир расонида, ресмонро бо кукхои майда ба таги накш мегузоронанд. Ин тарзи духтани намудхои ирокии чида ва ироки маълуманд. Ирокии чида ва хатчахои уреб хамдигарро кундаланг бурида иборат буда, одатан аз рост, ба боло духта мешаванд. Ирокии чида низ ду хел мешавад.

3.Санама (ё ирокии чида санама) ин чок дар тур, канва, ё матоъхое, ки тору пуди онхо кашида турмонанд карда шудаанд, духта мешавад, дар аснои духт хатхои буришро хисоб карда медузанд.

4.Ирокии накшин (ирокии чидаи накшин) ки аз руи ресмон партофта аз болояш кукхои кашидашуда духта мешавад.

Намуди дигари ироки чунин духта мешавад: ба руи матоъ ресмон партофта, аз болояш кукхои майда мепартоянд, боз дар пахлуи он ресмон партофта ба хамин тарз медузанд. Бо ирокии чида токи, чихак, гирда ва кашидахои майдаро медузанд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …