Главная / Маданият ва санъат / Кашидадӯзии ироқӣ

Кашидадӯзии ироқӣ

Тору пуди матоъро ҳисоб карда дӯхтани кашида. Дар матоъҳое медӯзанд, ки торҳои ресмони онҳо якдигарро бурида гузаштаанд (суф, матоъи дурушти дастӣ), чунки ресмонҳои ин гуна матоъҳоро ҳисоб кардан осон аст. Гули ин гуна кашидаҳо аз нақшҳои ҳандасавӣ (геометрия) (хатҳои рости дарозу кӯтоҳ) иборат аст.

Намуди чунин гулдӯзӣ ироқӣ ном дорад. Дӯхтани ироқӣ ду хел мешавад ва аз он қатори салибҳои бутун ва нима иборат аст. Намудҳои ин тарзи дӯхт бо номи ироқии чида ва ироқӣ маълуманд.

Ҳангоми кашидадӯзӣ ва гулдӯзиҳо ҳархела андозаи нақшро истифода мебаранд. Барои дар матоъ гузаронидани нақш гулҳои гуногун мавҷуданд.

  1. Нақши дар рӯи қоғаз кашидашудаи гулро бо сӯзан як маром сӯрох мекунанд. Баъд андозаро ба рӯи матоъ гузошта, вобаста ба ранги матоъ бӯр мепошанд.
  2. Аз қоғази шаффофи нусхабардор истифода мебаранд.
  3. Андозаро ба рӯи моҳут, бахмал ва шоҳии ҷилодор монда аз болои нақш кӯк мекунанд. Баъд қоғазро бо эҳтиёт даронда мегиранд. Дар ин ҳолат нақши гул боқӣ мемонад.
  4. Барои ба матоъҳои тунуки сафед гузаронидани нақш андозаро ба рӯи шиша мемонанд. Аз болояш матоъро мепӯшонанд, аз таги шиша чароғ медоранд ва аз рӯи нақши равшаншуда қалами сиёҳ медавонанд.

Дар мавриди набудани андоза аз кашидаи тайёр нусха бардоштан мумкин аст. Дар вақти гулдӯзӣ ё кашидадӯзӣ ҳеҷ гоҳ нӯги ресмонро гиреҳ намекунанд. Пеш аз оғози кор ресмонро бо чунин усул дар матоъ маҳкам менамоянд.

  1. Ҷоеро, ки оянда бо гулдӯзӣ пӯшида хоҳад шуд, якчанд кӯки майда мекунанд.
  2. Як кӯки калон гирифта, онро то охир аз матоъ кашида намегиранду нӯги ресмони мондаро бо кӯки дуюм мепӯшонанд.

Минбаъд дар ин ҷо гул медӯзанд. Корро ба охир расонида, ресмонро бо кӯкҳои майда ба таги нақш мегузоронанд. Ин тарзи дӯхтани намудҳои ироқии чида ва ироқӣ маълуманд. Ироқии чида ва хатчаҳои уреб ҳамдигарро кӯндаланг бурида иборат буда, одатан аз рост, ба боло дӯхта мешаванд. Ироқии чида низ ду хел мешавад.

3.Санама (ё ироқии чида санама) ин чок дар тӯр, канва, ё матоъҳое, ки тору пуди онҳо кашида тӯрмонанд карда шудаанд, дӯхта мешавад, дар аснои дӯхт хатҳои буришро ҳисоб карда медӯзанд.

4.Ироқии нақшин (ироқии чидаи нақшин) ки аз рӯи ресмон партофта аз болояш кӯкҳои кашидашуда дӯхта мешавад.

Намуди дигари ироқӣ чунин дӯхта мешавад: ба рӯи матоъ ресмон партофта, аз болояш кӯкҳои майда мепартоянд, боз дар паҳлуи он ресмон партофта ба ҳамин тарз медӯзанд. Бо ироқии чида тоқӣ, ҷиҳак, гирда ва кашидаҳои майдаро медӯзанд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …