Главная / Биология / КОНУНИ ДУЮМИ МЕНДЕЛ (КОНУНИ ТАЧЗИЯ)

КОНУНИ ДУЮМИ МЕНДЕЛ (КОНУНИ ТАЧЗИЯ)

Хангоми дурагакунии наслхои гибридии якум, ки аломати якхела доранд, дар насли дуввум хам аломати модари ва хам аломати падари бо як таносуби муайян 3:1 зохир мешаванд. Яъне 3/4 хиссаи аломатхо доминанти ва 1/4 хиссаи онхо ресессивианд. Ин натичаи он аст, ки наслхои якум гетерозиготи (Аа) буда, дар насли дуввум хам аломати доминанти ва хам аломати ресессиви пайдо мешавад. Ин холатро тачзия меноманд.

Хамин тарик, тачзия холати таксимшавии аломатхои доминанти ва ресессиви бо микдори муайян (3:1) аст. Аз ин таносуб маълум мегардад, ки аломати ресессиви дар гибридхои насли якум (Г1) нест нашуда, балки аз чониби гении доминанти пахш шудаанд ва дар насли дуввум (Г2) аз нав зохир гардидаанд.

Пас, конуни дуввуми Г.Менделро чунин шарх додан мумкин аст: аз дурага кардани ду фарди насли якум бо хамдигар (ду фарди гетерозиготи) дар насли дуюум тачзияи таносуби микдори аз руи фенотипи 3:1 ва генотипи 1:2:1 мушохида карда мешавад.

Агар ин таносубро бо фоиз нишон дихем, чунин мешавад: 25% гомозиготхои доминанти, 50% гетерозиготхо, 25% гомозиготхои ресессиви. Дар мавриди доминантии нопурра (меросгузории миёна) дар гибридхои насли дуюм (Г2) тачзияи фенотипи ва генотипи якхелаанд (1:2:1).

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

gameta

Конуни тозагии гаметахо

Дар натичаи тачрибахо Г.Мендел ба хулоса омад, ки омилхои ирси, яъне генхо дар гаметахо (хучайрахои …