Главная / Биология / ҚОНУНИ ДУЮМИ МЕНДЕЛ (ҚОНУНИ ТАҶЗИЯ)

ҚОНУНИ ДУЮМИ МЕНДЕЛ (ҚОНУНИ ТАҶЗИЯ)

Ҳангоми дурагакунии наслҳои гибридии якум, ки аломати якхела доранд, дар насли дуввум ҳам аломати модарӣ ва ҳам аломати падарӣ бо як таносуби муайян 3:1 зоҳир мешаванд. Яъне 3/4 ҳиссаи аломатҳо доминантӣ ва 1/4 ҳиссаи онҳо ресессивианд. Ин натиҷаи он аст, ки наслҳои якум гетерозиготӣ (Аа) буда, дар насли дуввум ҳам аломати доминантӣ ва ҳам аломати ресессивӣ пайдо мешавад. Ин ҳолатро таҷзия меноманд.

Ҳамин тариқ, таҷзия ҳолати тақсимшавии аломатҳои доминантӣ ва ресессивӣ бо миқдори муайян (3:1) аст. Аз ин таносуб маълум мегардад, ки аломати ресессивӣ дар гибридҳои насли якум (Ғ1) нест нашуда, балки аз ҷониби гении доминантӣ пахш шудаанд ва дар насли дуввум (Ғ2) аз нав зоҳир гардидаанд.

Пас, қонуни дуввуми Г.Менделро чунин шарҳ додан мумкин аст: аз дурага кардани ду фарди насли якум бо ҳамдигар (ду фарди гетерозиготӣ) дар насли дуюум таҷзияи таносуби миқдорӣ аз рўи фенотипи 3:1 ва генотипи 1:2:1 мушоҳида карда мешавад.

Агар ин таносубро бо фоиз нишон диҳем, чунин мешавад: 25% гомозиготҳои доминантӣ, 50% гетерозиготҳо, 25% гомозиготҳои ресессивӣ. Дар мавриди доминантии нопурра (меросгузории миёна) дар гибридҳои насли дуюм (Ғ2) таҷзияи фенотипӣ ва генотипӣ якхелаанд (1:2:1).

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …