Главная / Техника / КОМПЮТЕРХОИ ФАРДИ

КОМПЮТЕРХОИ ФАРДИ

Компютерхои насли якум (солхои 40-50) тачхизоти хеле калон буданд. Барои чо ба чо гузоштани кисмхои онхо толорхои васеъ лозим буд. Масалан, яке аз аввалин МЭХ, ки ENIAC (Эниак) ном дошт ва соли 1946 сохта шуда, 30 тонна вазн, зиёда аз 30 метр дарози ва 1,5 миллион доллар нарх дошт. Барои хизматрасонии ин компютер даххо нафар мухандисону техникхо захмат мекашиданд. Албатта чунин муъчиза танхо дастраси корхонахои калон ва бой буд.

Фирмахое, ки ба истехсоли компютерхо ва дигар тачхизоти электрони сару кор доштанд, барои ба даст овардани бозори харидорон хамеша кушиш ба харч медоданд, ки махсулоташонро зудтар истехсол намоянд ва арзонтар фурушанд. Барои амали гаштани ин максади нихоии онхо дастовардхои технологии замонави мусоидат менамуданд.

komputerКадами аввалин дар хурдгардонии хачми компютерхо ба ихтирои транзисторхо (1948) вобастаги дорад.

Транзисторхо дар компютерхо лампахои электрониро иваз намуда, хачм ва нархи онхоро тагйир доданд. Масалан, соли 1965 фирмаи Digital Equipment (Дичитал экюпмент) мини-компютери PDP-8 (Пи-ди-пи 8)-ро истехсол намуд, ки хачми он баробари яхдон буда, нархаш 20 хазор долларро ташкил менамуд.

Соли 1958 Чек Килби усули дар як пластинаи нимнокили хосил намудани якчанд транзистрхоро кор карда баромад.

Соли 1959 бошад, Роберт Нойс – асосгузори фирмаи Intel (Интел), усули мукаммалтареро фикр кард, ки мувофики он дар як пластина хам транзисторхо ва хам пайвастагихои байни онхоро сохтан мумкин буд. Схемахои электронии хосилшударо схемахои интеграли ё чипхо мегуфтанд.

Соли 1970 корманди фирмаи Intel Маршиан Эдвард Хофф схемаи интегралиеро хосил намуд, ки он аз руи функсияхояш ба протсессори марказии компютерхои калон монанд буд. Хамин тарик, аввалин микропротсессори Intel-4004 пайдо шуд, ки он якбора 4 бит информатсияро кор карда баромада метавонист. Вале баъдтар, соли 1973 фирмаи Intel микропротсессори 8-битаи Intel-8008 ва соли 1974 варианти мукаммалтари он Intel-8080-ро истехсол намуд. Як сол баъд, соли 1975 аз тарафи фирмаи MITS дар асоси микропротсессори Intel-8080 аввалин микро-компютери Алта-ир-88000 сохта шуд, ки нархи он 500 доллар буд. Компюте- ри Алтаир-8800-ро аввалин компютери фарди номидан мумкин аст, ки хачми он ба телевизор баробар буд.

ЭЗОХ:

  1.  Бит (иit – иinaкy digit – раками дуи) вохиди хурдтарини бахисобгирии информатсия буда кимати он ба 0 ё 1 баробараст.
  2.  Пайдарпайии 8 битро байт (byte) мегуянд. Дар як байт метавон яке аз 256 символи гуногунро кодгузори кард.

Албатта имкониятхои Алтаир-8800 хеле кам буданд.

Хачми хотираи фаврии он хамаги 256 байтро ташкил мена муд. Ин компютер клавиатура ва экран надошт. Лекин пайдоиши онро дар тамоми чахон бо каноатманди пешвоз гирифтанд. Танхо дар зарфи якчанд мохи аввал дахо хазор мошин фурухта шуд. Харидорон компютерро худашон бо кисмхои иловаги – клавиатура, монитор, блоки хотираи васеъкардашуда ва гайрахо пурра мегардониданд. Худи хамон сол (1975) асосгузорони фирмаи Micкosoft (Майкрософт) Пол Аллен ва Билл Гейтс барои Алтаир-8800 интерпретатори забони BASIC (Бейсик)-ро сохтанд, ки диалоги байни истифодабаранда ва компютерро хеле осон гардонид.

ЭЗОХ:

Интерпретатор – программаи системави буда, барои санчиши синтаксисии программаи дар забони алгоритми навишташуда ва пай дар пай ичро намудани командахои (операторхо) вайхизмат мерасонад.

Муваффакиятхои фирмаи MITS-ро дида бисёр фирмахои дигар низ ба истехсоли компютерхои фарди шуруъ намуданд. Якчанд мачаллахои илмие нашр мешу-

данд, ки онхо ба тарзи кори компютерхои фарди бахшида шуда буданд. Акнун компютерхои фарди дар комплекти пурра (блоки системави, клавиатура, монитор) фурухта мешуданд. Талабот ба онхо хеле зиёд буд. Дар як сол садхо хазор компютерхо фурухта мешуданд. Барои ин компютерхо программахои тичорати (сохавии шартномави) низ пайдо шуданд. Масалан, соли 1978 барои тахриркунии матнхо программаи WoкdStaк (Вордстар) ва соли 1979 протсессори таблитсавии VisiCalc (Визикалк) сохта шуданд, ки онхо аз кабили чунин программахоянд. Акнун аксарияти корхонахо ва ташкилотхо хисоббарорихои худро на дар мошинахои калон ё миёна (макро-МЭХ), балки махз дар компютерхои фарди (микро-МЭХ) ичро менамуданд.

Саволхо:

  1. Кадом омилхо сабаб гаштанд, ки хачми компютерхо хурд ва нарха- шон паст гардид?
  2. Транзисторхо кай ихтироъ карда шуданд?
  3. Схемаи интеграли чист?
  4. Микро-компютери аввалин чи ном дошт?
  5. Чаро микро-компютерро компютери фарди мегуянд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Аз матни мавзуъ истифода бурда, ходисахои таърихиро ба таври хронологи дар шакли таблитса биёред.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

mushak

Муш барои компютер

Имкониятхои компютер, хамчун механизми универсалии коркарди информатсия, дар он тачассум меёбад, ки ба он кадом …