Главная / Техника / КОМПЮТЕРҲОИ ФАРДӢ

КОМПЮТЕРҲОИ ФАРДӢ

Компютерҳои насли якум (солҳои 40-50) таҷҳизоти хеле калон буданд. Барои ҷо ба ҷо гузоштани қисмҳои онҳо толорҳои васеъ лозим буд. Масалан, яке аз аввалин МЭҲ, ки ENIAC (Эниак) ном дошт ва соли 1946 сохта шуда, 30 тонна вазн, зиёда аз 30 метр дарозӣ ва 1,5 миллион доллар нарх дошт. Барои хизматрасонии ин компютер даҳҳо нафар муҳандисону техникҳо заҳмат мекашиданд. Албатта чунин мўъҷиза танҳо дастраси корхонаҳои калон ва бой буд.

Фирмаҳое, ки ба истеҳсоли компютерҳо ва дигар таҷҳизоти электронӣ сару кор доштанд, барои ба даст овардани бозори харидорон ҳамеша кўшиш ба харҷ медоданд, ки маҳсулоташонро зудтар истеҳсол намоянд ва арзонтар фурўшанд. Барои амалӣ гаштани ин мақсади ниҳоии онҳо дастовардҳои технологии замонавӣ мусоидат менамуданд.

komputerҚадами аввалин дар хурдгардонии ҳаҷми компютерҳо ба ихтирои транзисторҳо (1948) вобастагӣ дорад.

Транзисторҳо дар компютерҳо лампаҳои электрониро иваз намуда, ҳаҷм ва нархи онҳоро тағйир доданд. Масалан, соли 1965 фирмаи Digital Equipment (Диҷитал экюпмент) мини-компютери PDP-8 (Пи-ди-пи 8)-ро истеҳсол намуд, ки ҳаҷми он баробари яхдон буда, нархаш 20 ҳазор долларро ташкил менамуд.

Соли 1958 Ҷек Килби усули дар як пластинаи нимноқилӣ ҳосил намудани якчанд транзистрҳоро кор карда баромад.

Соли 1959 бошад, Роберт Нойс – асосгузори фирмаи Intel (Интел), усули мукаммалтареро фикр кард, ки мувофиқи он дар як пластина ҳам транзисторҳо ва ҳам пайвастагиҳои байни онҳоро сохтан мумкин буд. Схемаҳои электронии ҳосилшударо схемаҳои интегралӣ ё чипҳо мегуфтанд.

Соли 1970 корманди фирмаи Intel Маршиан Эдвард Хофф схемаи интегралиеро ҳосил намуд, ки он аз рўи функсияҳояш ба протсессори марказии компютерҳои калон монанд буд. Ҳамин тариқ, аввалин микропротсессори Intel-4004 пайдо шуд, ки он якбора 4 бит информатсияро кор карда баромада метавонист. Вале баъдтар, соли 1973 фирмаи Intel микропротсессори 8-битаи Intel-8008 ва соли 1974 варианти мукаммалтари он Intel-8080-ро истеҳсол намуд. Як сол баъд, соли 1975 аз тарафи фирмаи MITS дар асоси микропротсессори Intel-8080 аввалин микро-компютери Алта-ир-88000 сохта шуд, ки нархи он 500 доллар буд. Компюте- ри Алтаир-8800-ро аввалин компютери фардӣ номидан мумкин аст, ки ҳаҷми он ба телевизор баробар буд.

ЭЗОҲ:

  1.  Бит (ӣit – ӣinaқy digit – рақами дуӣ) воҳиди хурдтарини баҳисобгирии информатсия буда қимати он ба 0 ё 1 баробараст.
  2.  Пайдарпайии 8 битро байт (byte) мегўянд. Дар як байт метавон яке аз 256 символи гуногунро кодгузорӣ кард.

Албатта имкониятҳои Алтаир-8800 хеле кам буданд.

Ҳаҷми хотираи фаврии он ҳамагӣ 256 байтро ташкил мена муд. Ин компютер клавиатура ва экран надошт. Лекин пайдоиши онро дар тамоми ҷаҳон бо қаноатмандӣ пешвоз гирифтанд. Танҳо дар зарфи якчанд моҳи аввал даҳо ҳазор мошин фурўхта шуд. Харидорон компютерро худашон бо қисмҳои иловагӣ – клавиатура, монитор, блоки хотираи васеъкардашуда ва ғайраҳо пурра мегардониданд. Худи ҳамон сол (1975) асосгузорони фирмаи Micқosoft (Майкрософт) Пол Аллен ва Билл Гейтс барои Алтаир-8800 интерпретатори забони BASIC (Бейсик)-ро сохтанд, ки диалоги байни истифодабаранда ва компютерро хеле осон гардонид.

ЭЗОҲ:

Интерпретатор – программаи системавӣ буда, барои санҷиши синтаксисии программаи дар забони алгоритмӣ навишташуда ва пай дар пай иҷро намудани командаҳои (операторҳо) вайхизмат мерасонад.

Муваффақиятҳои фирмаи MITS-ро дида бисёр фирмаҳои дигар низ ба истеҳсоли компютерҳои фардӣ шурўъ намуданд. Якчанд маҷаллаҳои илмие нашр мешу-

данд, ки онҳо ба тарзи кори компютерҳои фардӣ бахшида шуда буданд. Акнун компютерҳои фардӣ дар комплекти пурра (блоки системавӣ, клавиатура, монитор) фурўхта мешуданд. Талабот ба онҳо хеле зиёд буд. Дар як сол садҳо ҳазор компютерҳо фурўхта мешуданд. Барои ин компютерҳо программаҳои тиҷоратӣ (соҳавии шартномавӣ) низ пайдо шуданд. Масалан, соли 1978 барои таҳриркунии матнҳо программаи WoқdStaқ (Вордстар) ва соли 1979 протсессори таблитсавии VisiCalc (Визикалк) сохта шуданд, ки онҳо аз қабили чунин программаҳоянд. Акнун аксарияти корхонаҳо ва ташкилотҳо ҳисоббарориҳои худро на дар мошинаҳои калон ё миёна (макро-МЭҲ), балки маҳз дар компютерҳои фардӣ (микро-МЭҲ) иҷро менамуданд.

Саволҳо:

  1. Кадом омилҳо сабаб гаштанд, ки ҳаҷми компютерҳо хурд ва нарха- шон паст гардид?
  2. Транзисторҳо кай ихтироъ карда шуданд?
  3. Схемаи интегралӣ чист?
  4. Микро-компютери аввалин чӣ ном дошт?
  5. Чаро микро-компютерро компютери фардӣ мегўянд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Аз матни мавзўъ истифода бурда, ҳодисаҳои таърихиро ба таври хронологӣ дар шакли таблитса биёред.
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

klaviatura

КЛАВИАТУРА

Клавиатура барои ба компютер дохил намудани командаҳо ва матни ҳуҷҷатҳо пешбинӣ карда шудааст. Азбаски имрўз …