Главная / Варзиш / КОМАТ ВА АХАМИЯТИ ОН БАРОИ САЛОМАТИ

КОМАТ ВА АХАМИЯТИ ОН БАРОИ САЛОМАТИ

Барои тарбияи солими кудак, ташаккули муътадили кадду комати у ки вазифадор аст?

Дар чамъияти мо ба хукми анъана даромадааст, ки барои солимии кудак волидайн, омузгорон ва кормандони тиб масъулият ба ухда доранд ва пас аз ба синни балогат расидан худи кудак бояд дар бораи саломатиаш гамхори намояд.

Мо медонем, ки инкишофи сусти чисмонии кудак ба халалдор шудани кадду комат, нодурустии комат боиси душвор шудани фаъолияти узвхои даруни мегардад, ки ба бадшавии минбаъдаи инкишофи чисмони оварда мерасонад.

Комати инсон яке аз хислатхои инкишофи чисмонии у махсуб мешавад, ки аз руи хамин нишондоди чобачошавии андом чун чадвал ва мутобикати дарози ва вазни бадан арзёби мегардад.

Тавре ки мо медонем, комат метавонад дуруст ва нодуруст бошад (расми 1). Комат бештар аз дарачаи инкишофи мушакхо вобаста аст. Дар синни навраси, вакте ки инкишофи босуръати тамоми чисм ба амал меояд, аз харакати кам, тарзи хаёти камхаракат хатари пайдоиши нуксхои гуногуни комат афзоиш меёбанд.

Устухонбандии сутунмухра, аз ин ру хатто качшавии кам ба тарафи рост ё чап бояд чун беруншави аз меъёр муоина гардад Комати ба чойивазкунии узвхои дохилии узвхои даруни ва кафаси сина ва кохишёбии кори онхо мусоидат менамояд.

Сутунмухра аз мухрахои алохидаи зиёд иборат аст. Дар мобайни хар як мухра сурохи мавчуд аст (расми 3), ки ба сурохихои дигар мухрахо мувофикат мекунад. Хамаи мухрахо дар якчояги гуё, ки накберо ташкил медиханд, ки дар он хароммагз чойгир шудааст. Ба рост ва ба чап чун шохахо аз танаи дарахт аз хароммагз асабхои чуфт мегузаранд. Байни

мухрахо инчунин сурохихо мавчуданд, ки бо он асабхо ба хамаи узвхои

дохили гузашта, фаъолияти онро танзим менамояд.

Акнун биёед тасаввур кунем, ки дар ким-кадом кисми сутунмухра

хамшавии шадид ба амал омад, ки ба тарафе сурохиро танг ё аз чойи худ

бечо сохт. Харобшави ё осеби асаб руй дод. Ин метавонад ба халалдорша-

вии танзими мукаррарии узви муайян биёварад ва билохира ба пайдоша-

вии ин ва ё он бемори.

Дар холи комати дуруст сутунмухра ва кафи пойхо чандириро сохиб

мегардад ва бо ин харакатхо асабоният ва гайраро нарм месозанд. Ин чиз

махсусан хангоми машкхои чисмони мухим аст. Инсонро лозим меояд, ки

дар снарядхои гимнастики, давидан, чахидан ба баланди ва дарози

машгулият гузаронад. Бо осебёбии комат кобилияти чандирии сутунмухра

ва кисматхои поёни кохиш ва хатари гирифтани осеб меафзояд.

Сабаби асосии бечошавии кад заиф будани мушакхои бадан мебо-

шад. Мушакии инкишофнаёфта наметавонанд дар холати рост

сутунмухраро нигах дорад ва он тадричан кач мегардад.

Р а с м и 3

Машгулиятхои пайваста бо машкхои чисмони ва варзиш ба

мустахкамшавии мушакхо, ташаккули каду комати дуруст мусоидат ме-

намояд. Мушакхои мустахкам ва пуркувват ба нигох доштани сутунмухра

дар холати рост мусоидат мекунанд.

Барои пешгирии нуксони комат мачмуъи машкхоро пешниход мена-

моем, ки зарур аст, ки хар субх ичро гарданд.

1 2 3 4 5

Р а с м и 4

Мачмуъи 1 (расми 4)

Машкхо бо предметхо (ашё, тачхизот, асбоб)

  1. Холати мукаррари (ХМ) – холати асоси, дастхо дар сатхи сина

хам. 1-3 – харакат додани дастхо ба акиб то наздикшави ба шона. 4 –

холати мукаррарари 5-6 маротиба.

  1. ХМ – пойхо баробари китф. 1-2 – дасти ростро ба боло бардошта,

ба оринч хам карда ва ба пушт поён сохтан, дасти чапро ба пушт бурдан,

кушидан лозим, ки панчахои харду дастро васл ё пайвандед; 3-4 – холати

дастхоро иваз кардан 5-6 маротиба.

Ин машкхоро мумкин аст бо гузоштани предметхо (тупи теннис,

калам ва гайра) аз як даст ба дасти дигар ичро намуд.

  1. ХМ – Ба зону истодан, дастхо ба поён, 1-3 – кат шуда, ба акиб хам

шудан, бо дастон панчахои пойро доштан; 4 – кабул кардани ХМ – 5-6

маротиба.

  1. ХМ – холати кушодаи пойхо, дастхо ба ду тараф. 1 – ба пеш хам

шуда, бо нуги ангуштони дасти рост нуги пойи чапро доштан; 2 – хам шу-

да, бо нуги ангуштони дасти чап нуги пойи ростро доштан; 3 – х.о. 6-8 ма-

ротиба.

  1. Х.о. – нишаст ба пойхо, дастон ба китфхо. 1-3 – ба кисмат (кафас)-

и синаи сутунмухра хам шуда, охиста ба акиб хам шудан; 4 – хамин

машкро 5-6 маротиба такрор намоед.

Мачмуи 2 (расми 5)

Машкхо дар назди девор

  1. ХМ – дар назди девор рост истода бо пушти сарро ба он расон-

дан, бо шонахо, кисматхои поён ва кафи пойхо. 1-3 – се кадам ба пеш гу-

зошта кушидан, ки комат рост нигох дошта шавад; 4-6 – се кадам ба акиб

– дурустии коматро назорат кардан. 3-4 маротиба.

Р а с м и 5

  1. ХМ – айнан хамон машк, аммо дастхо ба боло.1-3 нишаст ба ка-

мар рост, бо канда нашудани пушти сар ва гардан аз девор; 4-6 –ХМ – 3-4

маротиба такрори машк.

  1. ХМ – айнан хамон холат, аммо дастхо ба поён. 1-3 – пои ростро

бардошта, зонуи хамшударо хар чи бештар боло карда, бо дастон доштан,

такяро ба девор нигох доштан. 4. ХМ – 5-6 маротиба бо хар пой.

  1. ХМ – айнан хамон холат, вале дастхо ба боло, 1-3 – мувозинат ба

девор, пушти сар ва панчаи пой риоя карда, миёнро хам ва боло кардан,

  1. ХМ – 5-6 маротиба такрори машк.
  2. ХМ – айнан хамон холат, аммо дастхо ба поён. 1-3-харакати дас-

тон ба пеш, ба тарафхо ба миён ичро кард, такя ба деворро бо панч

нуктахои дар боло зикршуда нигох дошт; 4 –ХМ – 3-4 маротиба бо

харакатхои гуногуншакли дастон.

Мачмуи 3 (расми 6)

Машк бо ашёхо дар болои сар (аз халтачахои регдор метавон истифо-

да бурд)

  1. ХМ – холати асоси, дастхо дар миён. Рохрави дар муддати 40-50

сония, холати мукаррариро нигох доштан

  1. ХМ – холати асоси, дастхо ба поён. 1 – дастхоро ба боло бардош-

тан; 2 – дастхо ба тарафхо; 3-4 – нишаст, дастхо ба пеш; 5-7 – охиста хес-

тан, дастхо ба пеш; 8 – дастхо ба поён. 4-5 маротиба.

1 2 3 4

Р а с м и 6

  1. ХМ – холати асоси. 1-3 – мувозинатро нигах дошта, баланд бар-

доштани пои ба зону хамшуда; 4 – ХМ. 3-4 маротиба хар пой.

  1. ХМ – холати асоси. Аз болои хати рост ё чуб рох рафтан, мувози-

нат ва коматро дуруст (рост) нигох дошта, 35-40 сония.

Кафхои пой ба комат таъсири калон мегузоранд. Хамвории кафхои

пой (расми 7) эхсоси дардро ба вучуд меоварад, зуд хасташавиро хам.

Барои пешгирии иллат хамвории кафхои пой чанде аз машкхоро, ки

мустахкамкунандаи мушакхои кафхоянд (расми 8) тавсия месозем.

  1. ХМ – холати асоси, кафхо рост, дастхо поён. 1-2 вазнинии бадан-

ро ба ангуштхои пой равона кард, панчахоро аз фарш канда кардан; 3-4 –

гел додан бо панчахо, ангуштони пойро ба боло бардоштан. 6-8 маротиба.

а б в г

Р а с м и 7.

Шакли кафхо: а – нима, б – муътадил, в – пурра, г – хамвор.

Р а с м и 8.

Ин машкхоро мумкин аст рост бо чуб, респон ва гайра ичро намуд.

  1. Рохрави бо нуги пой, зонухоро хам нокарда.
  2. Холати мукаррари – дар миз нишаста, дастхо дар миён. Ашёхои

хурд (туб барои тенниси руи миз, куръа, каламхо ва гайра) бо ангуштони

пой дошта ва аз як чо ба чои дигар гузоштан.

Барои пешгирии нуксонхои комат машкхоеро ичро намоед, ки вобас-

та ба харакатхо ба боло: боло кашидан, партоб додани туби баскетбол ба

халка, овезишхо дар банд, монеъахо ва гайра.

ВАРЗИШ

Машк ба хама муфид Барои инкишофу обутоб

Машк ба хама лозим Бо варзиш шугл намо

Аз танбаливу бемори Обутоб ёбед, бачахо!

Начотдиханда ин аст. Варзиш – ура!

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

varzishii

МАШГУЛИЯТХОИ МУСТАКИЛОНА, НАЗОРАТИ ХУДИ

Ба машгулиятхои мустакилона на танхо ичрои машкхои варзиши дар дарс ва хона, балки назорати харруза …