Главная / Гуногун / КОМАТИ САБЗИ ИМОН (Хикоя)

КОМАТИ САБЗИ ИМОН (Хикоя)

Сугу суз дошт пирамард. Гохе ин андух беёдаш мекард. Пайкари логараш ночунбон, гуё ба нимпайкараи гам табдил ёфта бошад. Факат гох-гохе ох кашида, бо таассуф сар мечунбонд. Вале аз куллаи фалакосои кухи пешору чашм намеканад. Гуё ки ин манзараи нотакрори табиатро дар тули хафтод соли умраш бори нахуст мебинад. Рахши вакт чорхез ба пеш – танхо ба пеш! – метохт. Нури офтоб ба пайкари дардманд ва чисму чонаш кувваю дармон мебахшид. Насими фарахбахш вазида, шохи дарахтонро хаму рост менамуд ва хиш-хиши нозуке ба гуш мерасид. Мавчи серуни насим аз накхати гулу алафхои хушбуй муаттар гардида, ба машом мезад. Каме дуртар аз у чуйча шилдир-шилдир овози форами дилнишин бароварда бо нафаси салкини халоватбахшаш рухро навозиш менамуд. Вале – хайхот! – хеч кадоме бори андухи пирамардро сабуктар карда наметавонист.

Чаро ба сари у ин рузхо омаданд? Чаро у ин кадар бадбахт? Бе ин хам рузаш хуб набуд. Боз бадтар гардонд Худо холи уро. Чи, пеш гам надошт? Дошт. Ку инсони бе гам. Одами бе гам «ё инсон нест ё аз ин олам нест». Вале он гамро аз ин гам фаркест. Он суг ёри вафодор набуд. Хиёнат мекард. Ин суг вафодор. Лахзае хиёнатро раво намебинад. Ба он суг чораву дармоне дошт. Пеши ин суг заифу очиз. Бар он суг хучаин буд. Бар ин суг гулом аст. Суги пеш созанда буд. Ин суг сузанда аст. Аз он рузе ки точик ба худкуши огозид, сугдор гашт. Эълоне ба сухта намакоб шуд. Гуё он бар касди у чоп мешуд. Тири эълон калби хассосашро мачрух кард. Зиндагиашро якранг намуда, таровату чилояшро рабуд. Зиндагии у рузи бе офтоб, соли бе фасл, осмони бе моху ситораро мемонд. Бо нолишу оху афсус рузхояшро чун кох бар бод медод. Хеч кас ба имдодаш нарасид. Касеро парвои у набуд. Гаму аламашро танхо худаш медонисту Худо. Дил дар хонаи хароби синааш мегирист. Ва билохира уро ба доми дард овард. Пайкари аз чафои зиндаги афгораш ба дасти ворисони сазовори Сино афтиду ба по хест. Худо накарда, ба чанголи «табиби нав» меафтид, аз сад чон яктояш намерахид.

– Туба! – бо нешханди ошкоро гуфт хампалатааш чавони туршруи шайтоннамо. – Одам барои эълони орденхари хам касал мешудааст-а!

Ин сухан дили бобои Расулро афшурд. Хун ба сараш зад. Кахру газаб вучудашро сузонд. Хост парида хезад, аммо сараш гирд гашт, чашмонаш сиях зад. Чун ба худ омад, чавони беандешаро магрур дарёфт. Бо диккат, гуё бори нахуст медида бошад, ба чехраи чавон нигарист, сипас бо табассуми малех гуфт:

– Писарам, ту чавони хуб будаи, ба чанд даромади?

– Ба бист, – хавобаландона чавоб дод чавон. – Чи буд?!

– «Чи буд?» Ин буд, ки вакте ки ман ба ароба нишаста чанг рафтам, аз ту ду сол хурд будам. Дар ботлоку чангалзорхо, дар зери борони тир, аз дили руду дарёхои калон гузашта, заминро аз хуни худ рангин карда, то ба лонаи душман – Берлин расидем. Ин рохи марг – аз Маскав то Берлин – ду хазору шашсад километр буд, ки мо онро дар чор сол тай кардем. Ё як хазору чорсаду хаждах руз ё сию чор хазор соат. Дар ин рох бист миллион фарзандони Ватан ба шаходат расиданд. Дар хар километр хафт хазору панчсад кас шахид гашт. Дар хар ду метр понздах тан аз олам гузашт. Хар руз чордах хазор ва хар дакика дах нафар чоми шаходат нушид, – бобои Расул руй турш карда гапашро ба охир расонд.

Азбаски пирамард бемадор буду бо изтироб сухан кард, каме бехол гашт. Чакрахои калон-калони арак дар пешонаву гарданаш падид омад. Андаке таваккуф кард, нафас рост намуд ва баъд афзуд:

– Ана хамин тавр бо кимати чон ба гирифтани ин орденхо мушараф гардидем. Инро бо харду гушат шунаву аз ёд набарор.

Чавон табассуми бедардона карда, гуфт:

– Бобои ман хам то Берлин рафтаги.

Бобои Расул фахмид, ки чавон якраву кундзехн будааст. Барои тасдики ин гумон у бори дигар ба чехраи чавон нигариста, ба хар эхтимол кунчковона пурсид:

– Орден дорад?

– Чи? Орден? Ки?

Чехраи пирамардро ожангхо фаро гирифтанд.

– Бобоят.

– Бобоям? Орден? – лаб инч кард чавон ва бепарво афзуд: – Чум!

– Чи? – нафахмид пирамард.

– Дорад ё надорад, аз кучо донам?! – иллат кард чавон ва соддалавхона хандид.

Вучуди пирамард ларзид. Дар худ бипечид, ох кашида, суи чавон бо карохат нигарист.

– Ту надони, ки медонад?!

Ханда аз лабони чавон дур шуда, чехрааш каме сурх гардид. Пай бурд, ки ру ба руяш пирамарди дунёдидаву тачрибаандухтае нишастааст, дигар харфе назад. Бобои Расул аввал ба тиреза, сипас ба чавон андешаманд дида духт. Тунд буд нигохаш.

Шуълахои офтоб аз тиреза гузашта, рост ба руи ягона мизи фарсудаи палата мефуромаданд. Як тарафи руи пирамард аз онхо равшан гардида, то чинхои майдатаринаш баръало намоён буд.

Хаёли муйсафедро гичиррос зада кушода шудани дар гусаст. Парешон ба суи дар чашм давонд. Ба руи остона писари Ачик, ки бо лакаби «Бойбача» машхур буд, намудор гашт. Вай форигбол кадамзанон ин байтро зери лаб замзама мекард:

Гул бе рухи ёр хуш набошад,

Бе бода бахор хуш набошад,

«Аз пушташ буи гахвора меояду орзуи бода, рухи ёр дорад!»

Чун чашми “Бойбача” ба пирамард афтод, истоду бе ягон салому алейк хунсардона дод зад:

– Хой, обедба хона биё!

Мургони сари дарахт рамиданд. Навдахо чунбон-чунбон гуё норозигиашонро баён менамуданд. Оташи кахру газаб дар дили пирамард аланга зад. Вучудашро сузонд, дар гулуяш дармонд. Бо як азобе худро ба даст гирифт. Дар дил «ота чи гуна, бача намуна» гуён, дам назад.

Бача бо писханд суи у нигариста, дастакзанон:

– Отам оташа хов дидай. Як гусфанда куштай, худои мета, – гуфт ва чапасар баромада рафт.

Газаби бобои Расул дубора аланга гирифт.

«Авбоши дируза имруз Хотами Той, – бо нафрат дар дил гуфт пирамард. – Мардум нони хурдан намеёбанду вай хар руз «отама хоб дидам, очама хоб дидам» гуён, зиёфат дода худнамои мекунад. Ачаб замонае?! Як су мотаму як су сур. Яке кабоб мехурад, саде зардоб».

Вай на нафъи соя мехосту на файзи хамсоя, гушаи орому хилват айни муддаояш буд. Лек як гушаи бегам кучо? Гуё, ин кулба аз у набуд. Дар хонаи худаш бегона, амонат. Чое намеёфт, ки осояд. Хаёлаш ба берун, назараш ба дар. Умед ба он дорад. Дахшат аст агар ба оянда умед надошта боши. Варо ана хамин умед ба оянда зинда медорад. Вале ин умед мисоли шамъи ларзон махтали пуфест.

Ох, мабод он руз!

Ох, аз барои гами мо синаи дунё танг аст!

Танг аст, танг!

Ва у охи сард аз дили пурдард кашид. Дуд аз танури дилаш фаввора зад. Гуё сабзахои тар даргирифтанд.

Пирамард токат накард, сари дилашро дошта, бархост. Вучудашро дарду алам, гаму андухи гароне фишор медод. Вай холо рузгори гузаштаву имрузаашро як-як пеши назар меовард ва чахд мекард, ки дар байни ин хама галогула, талошу дору гирхое ки аз сар гузаронда буд, худро бардаму хушбахт хис кунад. То реша дар об хаст, умеди самар аст, гуфтаанд. Ха, ноумед шайтон. Холо у зинда, дилаш метапад. Баногох гушхояш чег заданд, баланд чег заданд. Гуё ба синааш тир расида бошад, пайкараш такон хурд. Ох, кош кур мешуду онро намедид! Ха, аз хамин сар шуд хамааш…

*       *       *

Ох, чи рузи вазнине буд он руз! Рузе буд, ки вай нахустин эълонро дид. Диду осоишро аз даст дод, хисобаш гум шуд. Умуман пирамард ин хафтаномаро намехонд. Бозсози огоз ёфту нашрияхо чун замбуругхои баъди борон яке паси дигаре «руиданд». Онхо аз «нашъаи озоди» саргаранг шуда, зери хаё хую бодободгуихо ва бо тунду талхгуихои хавои ба хочагони хеш хуш омада, дар чашми мардум «зоги ало» гаштанд. Ин нашрия хам ба гайри маколахои пучу игвоангез ва эълонхои «мефурушам»-у «мехарам» дигар ягон чизи хонданбобе надошт. Вале хамон руз чи хел онро харид, худ нафахмида монд. Чун хафтаномаро кушод, он эълон ба чашмаш зад. Зеро он бо харфхои сиёхи калон чоп шуда буд. Чашм ба эълон як кад парид. Гуё он море буд, ки ба у неш зад.

– Наход орденро хам фурушанд? Охир орден бар ивази чон омада. Чонро фурухтан оё ба акл рост меояд?!

Аз сина охи бадард кашида хомуш монд. Ва хариду фуруши орденро тасаввур кард. Хамаи дастовардхои ботини начиби инсони хеч шуд, хамаи ёдгорихои фарханги ба хоку хокистар мубаддал гашт. Ин дам чинхои чабин ва руяш боз амиктар ва зиёдтар шуданд. Вай аз галаёни хиссиёти ба сараш омада гаранг шуд. Гуё фикраш ях баст, аз чараён монд. Дар хамин вакт дари хона боз шуду писари хамсоя Хуршед даромад. Вай дар даст косае дошт. Пас аз салом косаро болои миз гузошта, рафтани буд, ки пирамард уро боздошт.

Хуршед чашмони шахлои зудбоваре дошт. Хароб, чехрааш кохида. Баръало айён буд, ки гам дорад. Бале, гам дошт у. Гами бепадари. Чафои замонаро мекашид. Аз бозе, ки падараш беному нишон гашт, дарахти мехри хешу табор ва хаку хамсоя реша бар осмон дошт. Бобои Расул доим сарашро сила намуда, дилбардориаш медод:

– Гам махур, пурбардошт бош. Ин мусибат як бар сари ту не, бар сари садхо бачахо омадааст. Бисёр афсус, аммо чи илоч?!

Пирамард бо нигохи пурмехр ба Хуршед нигарист. Сипас ба у хафтаномаро дода илтимос кард:

– Ку, ана инро хон, чони бобо.

Ин суханон чунон ширину афсунгарона садо доданд, ки дили Хуршед гум зад. Вай на биби дошту на бобо. Бисёр мехост акаллан яке аз онхоро дошта бошад. Бобои Расулро бенихоят нагз медид. У чехраю суханони дилнавоз дошт.

– Хуб шудааст, бобочон, – боадабона гуфт Хуршед.

Вай эълонро хонду суоломез ба пирамард нигарист.

– Боз як бор баланд хон, чони бобо, – сари писаракро силакунон хохиш намуд пирамард ва саропо гушу хуш гашт. Писарак аз ин хохиши пирамард хайрон суяш нимнигохе афканда, эълонро баланд хонд.

– Ачиб! – гуфт пирамард ба нуктаи номаълуме чашм духта.

– Чи ачиб, бобочон?

– Хамин эълон, чони бобо, – ва монанди он ки чизе баногох ба хотираш расида бошад, пурсид:

– Шояд хато карда бошанд-а?

Ва хамзамон дар як гушаи дили пирамард шуълаяке рахшон гашт.

– Не, рузнома хеч гох хато намекунад, – нигохи тааччубомези худро аз пирамард наканда, чавоб дод Хуршед.

Ин чавоб ба сари он шуълаяк оби сард рехт. Пирамард канда-канда:

– Ха-а… холи… хамту гуй, – гуфт ва дилаш чун таги дег сип-сиёх шуд. Табъаш хира, чехрааш тира гашт. Хонаро хузни пурасрору яъсовар фаро гирифт. Хамсояписар аввал мутахайирона ба пирамард нигарист ва баъд чехрааш махзун гашт. Пасон як бетокатие ба дилаш чо шуд. Вале чизе пурсиданро ба худ раво надид. Тарсид, ки пурсиш пирамардро малоли хотир шавад. Хамчунин надонист, ки чи тадбире бинад, ки бобои халиму азизро аз ин холат ворахонад. Аз очизии худ хичолат кашида, ба замин чашм духт ва лахзае пас сар бардошта, ба чехраи афсурдаи пирамард нигарист. Эхсос кард, ки уро танхо гузоштан бехтар аст. Аз ин ру бечуръатона дахон во намуд:

– Бобочон, ман равам.

– А… – хаёли пирамард парешон гардид. Ва худро бо азоб аз кайди хаёлоти магшушаш рахонида, чашм ба чехраи кохидаи Хуршед духт.

– Майлат, ту рав, чони бобо, – нихоят гуфт пирамард. – Рахмат, даромада ист, чони бобо. Чизе, ки лозим шавад, пурс, шарм надор, чони бобо.

– Хуб шудааст, бобочон, – боадабона гуфт Хуршед ва хафтаномаро охистекак руи миз монд ва пирамардро ба холи худ гузошта аз паи кори худ рафт.

«Худо пушту панохат бод!» – аз акиби у чашм духта, дар дил нидо кард, пирамард. Ва баногох аз ёди умри рафта, аз ёди он айёме ки сари кор буду барои ободии Ватан шабу руз дар такопу буд, дилаш гум зад.

“Худоё! Ин чи холатест дар бунёди ман?!”

Меандешид ва хайрон буд. Хост ин хайрату изтиробро ба хавои кушод барорад. Бошитоб берун баромад. Шамоли сарду саргардони тирамох руи уро навозиш карда, гуё мегуфт, ки ором шав муйсафед. Дар богчааш давр зад, чахд дошт, ки аз банди андешахои магшуш халос шавад. Вале ин ба у даст намедод. Хавли ба сараш гуввос мезад. Пирамард ба осмони абрнок назар афканду ох кашид. Дилашро гуё дуди гализе таъзик медод. Гашта ба хона даромад ва ба хафтаномаи руи миз, ончунон бо нафрату хашм нигарист, ки гуё сухт хафтанома. Ончунон бад дид ин хафтаномаро, ки ба барорандааш хазор лаънат хонд!

Момои Махбуба – хамсари бобои Расул, пиразани резапайкари камгапу оромтабиат ба хона даромад ва руи миз хафтаномаи пора-пораро дида, дар чояш хайкалвор истод. Баъд шавхарашро побанди андеша сархам дид. Гуё аз бемории дуру дароз хеста бошад, ранги руяш сап-сафед кандаги. Уро бо чунин хол дида, норохат шуд ва бо тааччубу хавотири пурсид:

– Ба шумо чи шуд, ки ранги руятон кандаги? Холатон хуб нест?

Муйсафед аз ин овози шинос як кад парида, сар бардошту хамсарашро дид. Лахзае саросема шуда, гуё чизе нафахмида, ба руи хамсараш нигарист. Баъд лабханде зураки ба лаб оварду охиста гуфт:

– Ха, не, хубам.

Баъд охи чукуре кашиду сарашро бо таассуф чунбонд ва сипас сукут карда харфе назад. Пиразан муддате бо тааччубу хайрат нигохаш кард. Хис кард, ки абри гам офтоби руи хамсарашро хира карда. Ба ин карибихо вай чунин гамангезии шавхарро надида буд. Вай гох ба шавхараш менигаристу гох ба порахои хафтанома. Хисси кунчкови безобитааш мекард. Мехост аз рози “ох”-и шавхар вокиф гардад. Нихоят хисси кунчкови голиб омаду сурфаи бардуруге намуд. Пирамард як кад парид.

– А? Чи гуфти?

Пиразан гуиё махтали хамин суол буд, пурсид:

– Ин рузнома чи гунох кард?

Пирамард бо шитоб миёни харфаш давид ва бо кахр гуфт:

– Ин рузнома не, гайбатнома.

– Гайбатнома? Чи, шуморо гайбат кардааст?!

Пирамард гуё ин суханро нашунида бошад, харфе назад. Ин хомуши аломати ризо аст ё рад пиразан нафахмид. Дилаш танг шуд.

– Хайр, азоб надихед, гуед, ки киро гайбат кардааст?

– «Гайбат?!» – ба руи захиру ожангбастаи хамсараш теги нигох кашид пирамард. – Гайбат… не, гунох кардааст. Ха, гунохи азим!

Пиразан резапорахои хафтаномаро гундошта, бо мехр ва дилсузи ба шавхараш нигарист.

– Чанд бор гуфтам, ки рузнома нахонед. Ё хондед хам, бепарво бошед.

– Чи?! – овози пирамард ранчишомез баромад. – Бепарво бошам? Одам барои чи мехонад? Барои он, ки сабак гирад, ибрат гирад, чора бинад. Фахмиди? Хону бепарво бош?! Ин хел хондана ба сарам мезанам?!

Пиразан аз хазли кардааш пушаймон шуд. Киёфааш чидди ва чинхои руяш зиёдтар гаштанд. Гунахкорона сар хам карда, муддате хомуш монд. Сипас узромез пурсид:

– Вай чи хел макола будааст, ки шуморо ба газаб овардааст?

– Макола не, эълон.

Дар руи пиразан тааччуб накш баст:

– Эълон? Чи хел эълон?

– Эълони орденхари, – гуфту нафаси чукуре кашид. – Оё ту тасаввур карда метавони, ки чи хел орденро мефурушанд?

– Метавонам, – бо табассум гуфт пиразан ва илова намуд: – Ба хайр будааст-ку.

Ин сухани у ба дили пирамард чун неш расид. Бо кахр аз чояш часта хест.

– “Ба хайр будааст!” – вучуди пирамард меларзид. – “Ба хайр будааст!” Не, ин чахолат аст! Ха, чахолат!

Пиразан бачаи гунахкор барин музтар монд. Ба ин тавр анчомидани сухбат худро айбдор медонист. Лахзае пас пиразан бо сурфаи бардуруге худро ба даст гирифту тасаллиомез гуфт:

– Э холо орден чи, вичдон, нангу номусро хам мефурушанду мехаранд!

Суханони пиразан хакикат буд, хакикати талх. Гапи хак аз хама чизи олам арзандатар аст. Охир у куру кар набуд, медиду мешунид. Вале дили пирамард ин хакикатро кабул карда наметавонист.

– Не, ин чахолат аст! – боз бо нафрату адоват гуфт пирамард. – Оё шахси баору номус метавонад ба ин токат кунад? Не! Харгиз не!…

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …