Главная / Илм / КАЛИЙ

КАЛИЙ

kaliyКАЛИЙ (лот. Kalium), К. элементи химиявии гурухи 1 системаи даврии Менделеев; раками ат. 19, массаи ат. 39,098; с. 1807 Г. Дэви хангоми электролизи ишкорхои К ва Na чудо кардааст. К. аз ду изотопи собит – 39К (93,10%), 41К (6,88%) ва як радиоактив – 40К (0,1%, Т1/2 = 1,32 • 109 сол) иборат аст. К. металли сафеди нукратоб, хеле нарм ва сабук, t гуд. 63, , 55°С, t чуш. 760°С; зичиаш 862 кг/м3 (20°С). Дар пайвастхояш яквалента, аз чихати химияви нихоят фаъол; бо об ва кислотахо ба реаксия дохил шуда, гидроген хорич мекунад. К. дар харор. мукаррари бо галогенхо, хангоми гарм кардан, бо сулфур, гидроген, селен, теллур, дар разряди электрик бо нитроген пайваст хосил мекунад.
К.-ро дар тиб чун давои антисептики, шошарон истифода мебаранд. Дар организм К. яке аз элементхои биогени мебошад. Ионхои К. дар фаъолияти хаётии организм, мас., генератсия ва гузаштани потенсиали биоэлектри дар асаб ва мушакхо, гидрататсияи коллоидхо дар хучайра, синтези сафеда ва г. роли мухим мебозанд. Тагйирёбии меъёри ионхои К. дар организми одам боиси ихтилоли танзими функсияхои организм мегардад. Дар тиб аз пайвастхои К. CH3COOK чун воситаи шошарон, KCl хангоми норасоии К. дар организм, KMnO4 чун антисептик ва г. истифода мешаванд. Микдори К.-ро дар хун ва бофтахо гормонхои болои гурда – кортикостероидхо мураттаб месозанд. Талаботи шаборузии одами калонсол ба К. 2 – 3 г аст (бо истеъмоли гушт ва махсулоти растани конеъ гардонда мешавад). Лубиёихо, лаблабу, картошка ва растанихои хушадори хуроки хайвонот К.-и бисёр доранд.
Дар амалияи тиб аз чунин дорухои К. истифода мекунанд.
Атсетати калий (Kalii acetas; муродифаш Kalium aceticum) чун давои пешоброн хангоми варамхои марбут ба иллати дил кор фармуда мешавад. Онро метавон хамчун манбаи ионхои К. дар мавриди гипокалиемия низ кор фармуд.
Хлориди калий (Kalii chloridum; муродифаш Kalium chloratum)-ро хангоми гипокалиемия, ки бинобар кай, дарунрави ё истифодаи салуретикхо инкишоф меёбад, ба кор мебаранд. Он дар аснои захролуди аз гликозидхои дил ва аритмияи калб низ кор фармуда мешавад. Истифодаи хлориди калий хангоми халал доштани фаъолияти гурдахо чоиз нест.
Панангин (Panangin) аз аспарагинати калий ва аспарагинати магний иборат аст. Истифодаи он мисли хлориди калий мебошад.
Баъзан хамчун доруи К. оротати калийро низ таъин мекунанд, вале микдори К. дар таркиби он кам аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …