Главная / Илм / КАЛИЙ

КАЛИЙ

kaliyКАЛИЙ (лот. Kalium), К. элементи химиявии гурӯҳи 1 системаи даврии Менделеев; рақами ат. 19, массаи ат. 39,098; с. 1807 Г. Дэви ҳангоми электролизи ишқорҳои К ва Na ҷудо кардааст. К. аз ду изотопи собит – 39К (93,10%), 41К (6,88%) ва як радиоактив – 40К (0,1%, Т1/2 = 1,32 • 109 сол) иборат аст. К. металли сафеди нуқратоб, хеле нарм ва сабук, t гуд. 63, , 55°С, t ҷӯш. 760°С; зичиаш 862 кг/м3 (20°С). Дар пайвастҳояш яквалента, аз ҷиҳати химиявӣ ниҳоят фаъол; бо об ва кислотаҳо ба реаксия дохил шуда, гидроген хориҷ мекунад. К. дар ҳарор. муқаррарӣ бо галогенҳо, ҳангоми гарм кардан, бо сулфур, гидроген, селен, теллур, дар разряди электрик бо нитроген пайваст ҳосил мекунад.
К.-ро дар тиб чун давои антисептикӣ, шошарон истифода мебаранд. Дар организм К. яке аз элементҳои биогенӣ мебошад. Ионҳои К. дар фаъолияти ҳаётии организм, мас., генератсия ва гузаштани потенсиали биоэлектрӣ дар асаб ва мушакҳо, гидрататсияи коллоидҳо дар ҳуҷайра, синтези сафеда ва ғ. роли муҳим мебозанд. Тағйирёбии меъёри ионҳои К. дар организми одам боиси ихтилоли танзими функсияҳои организм мегардад. Дар тиб аз пайвастҳои К. CH3COOK чун воситаи шошарон, KCl ҳангоми норасоии К. дар организм, KMnO4 чун антисептик ва ғ. истифода мешаванд. Миқдори К.-ро дар хун ва бофтаҳо гормонҳои болои гурда – кортикостероидҳо мураттаб месозанд. Талаботи шаборӯзии одами калонсол ба К. 2 – 3 г аст (бо истеъмоли гӯшт ва маҳсулоти растанӣ қонеъ гардонда мешавад). Лӯбиёиҳо, лаблабу, картошка ва растаниҳои хӯшадори хӯроки ҳайвонот К.-и бисёр доранд.
Дар амалияи тиб аз чунин доруҳои К. истифода мекунанд.
Атсетати калий (Kalii acetas; муродифаш Kalium aceticum) чун давои пешоброн ҳангоми варамҳои марбут ба иллати дил кор фармуда мешавад. Онро метавон ҳамчун манбаи ионҳои К. дар мавриди гипокалиемия низ кор фармуд.
Хлориди калий (Kalii chloridum; муродифаш Kalium chloratum)-ро ҳангоми гипокалиемия, ки бинобар қай, дарунравӣ ё истифодаи салуретикҳо инкишоф меёбад, ба кор мебаранд. Он дар аснои заҳролудӣ аз гликозидҳои дил ва аритмияи қалб низ кор фармуда мешавад. Истифодаи хлориди калий ҳангоми халал доштани фаъолияти гурдаҳо ҷоиз нест.
Панангин (Panangin) аз аспарагинати калий ва аспарагинати магний иборат аст. Истифодаи он мисли хлориди калий мебошад.
Баъзан ҳамчун доруи К. оротати калийро низ таъин мекунанд, вале миқдори К. дар таркиби он кам аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …