Главная / Илм / КАДИМТАРИН ТАСВИРХОИ РУИ САНГ

КАДИМТАРИН ТАСВИРХОИ РУИ САНГ

Тасвирхои руи санг, ки барои дарк намудани тафаккури башари кадим ва тасаввуроти нисбат ба мухит пайдокардаи у кумак мерасонанд, мавриди таваччухи мухаккикони таърихи бостон карор гирифтаанд.

Дар бисёр нохияхои Осиёи Миёна хазорон тасвирхои дар сахрахо кандашуда мавчуданд, ки машхуртарини онхо тасвирхои Саймалитош дар Фаргона[1] ва Лангаркишт дар Помири гарби мебошад[2]. Дар Точикистон хам чандин махалли ин кабил ёдгорихоро метавон ном бурд. Чунончи, дар кадди сохили Зарафшон ва шохахои он[3], дар силсилакухи Курама[4] ва дигар махалхо микдори зиёди тасвирхои руи санг пайдо гардидаанд. Дар Помир такрибан 50 махалли чунин ёдгори кайд шудааст[5]. Аксари ин тасвирхои руи санг ба даврони таърих ва кисман ба замони скифу сарматхо тааллук дорад. Аз тадкики онхо масъалахои хеле чолибе ба миён меоянд, ки эхтимол, чанд насли донишмандон – археологхо ва санъатшиносон ба халли онхо машгул хоханд шуд.

Вале аз хама чолибтар кадимтарин тасвирхои руи сахрахо офаридаи одамони асри санг мебошад. Ин кабил тасвирхо хамаги факат дар якчанд нуктахо дучор омадаанд. Онхо чи аз чихати мавзуъ ва чи аз чихати тарзи офариниши худ аз чунин осори хунарии даврахои баъд фарк мекунанд. Яке аз фаркхои мухими тасвирхои кадима ин аст, ки онхо бо ранг кашида шудаанд.

rasmi_sang-300x225Тасвирхои хеле диккатангези Заравутсой (вокеъ дар Узбекистон) кайхост, ки шухрати чахони пайдо кардаанд. Дар байни ин тасвирхо хусусан сахнаи шикори говони вахши, ки шикорчиён руи худро бо або пушидаанд, чолиби таваччух мебошад. Дар натичаи тадкикоти солхои охир маълум гардид, ки ин суратхо ба даврахои неолиту энеолит тааллук дошта, эхтимол, баъзе кабатхои кадимтари онхо ба замони мезолит хам рафта мерасида бошанд[6].

Чунин ба назар мерасад, ки кадимтарин тасвири руи санг дар Осиёи Миёна суратхои магораи Шахта мебошад, ки дар Помир кашф шудааст. Дар девори магораи начандон калоне, ки дар баландии 4200м аз сатхи бахр вокеъ гардидааст, суратхои ба ду ранг кашидашуда махфуз мондаанд. Тасвири одамони ба зери каноти мургон панохбурда, гурозхо ва хирсхо хеле хуб намоён аст. хайвонхо дар лахзаи захми шудан аз тири шикорчиён тасвир шудаанд. Бино ба сабки нигориши ин суратхо, казоват кардан мумкин аст, ки онхо назар ба суратхои Заравутсой кадимтаранд ва метавонанд ба даврахои аввали неолит ё худ мезолит нисбат ёбанд[7].

Суратхое, ки аз ду махалли дигари кухистони Осиёи Миёна – дар нахри Саричас[8] ва Куртикисои наздики магораи Шахта ёфт шудаанд, ба даврахои баъдтар, ба ахди охири неолит ё биринчи тааллук доранд[9].

[1] Бернштам А. Н., 1952.

[2] Ранов В.А., 1960 а.

[3] Дальский А. Н., 1949; Мандельштам А. М., 1956.

[4] Ранов В. А., 1960 б.

[5] Ранов В. А., Гурский А. В., 1960.

[6] Формозов А. А., 1966; 1969, с. 60–78.

[7] Ранов В. А., 1961.

[8] Окладников А. П., Рацек В. И., 1954.

[9] Ранов В. А.. 1961.

[10] Ранов В. А., 1961.

[11] Окладников А. П., Рацек В. И., 1954.

[12] Ранов В. А.. 1961.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …