Главная / Гуногун / ИШК ВА НАФРАТ

ИШК ВА НАФРАТ

Имруз кишвари мо дар як мархилаи пурвокиа ва ояндасозу некфарчом карор дорад. Ин айём такозо мекунад, ки адибон дар сафи пеш бошанд. Ва бисёр хуб аст, ки адибон аз ин такозои давр барканор набуда, розу ниёз ва орзуву ормонхои халкро ба риштаи назму наср мекашанд. Зиёда аз ин боиси ифтихор ва хушнудист, ки хар сол бо дастгирии Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон зиёда аз шаст номгуй китоб ба табъ расида, пешкаши хаводорони каломи бадеъ мегардад. Инак, дар дасти банда китоби Мирзо Файзали “Шов-шови мардум”, ки соли чори бо теъдоди хазор нусха руи чопро дид.

Мирзо Файзали!

Ин ному насаб ба хама шинос аст.

Гуё хамин дирузакак буд, ки Мирзо Файзали калам ба даст гирифта, ба майдони адабиёт ворид гардид. Аммо чун ба гузашта менигарем, мебинем, ки аз байн чил сол сипари гардидааст.

Чил сол!

Кам аст ё зиёд?!

Дар назди таърих, албатта, хеле кам аст. Аммо барои шоире, ки “катрае аз хуни чигар кам” карда эчод кардааст хеле ва хеле бисёр аст. Мирзо Файзали бо мачмуаи “Шери тагош” шерона кадам монда, мачмуахои зиёди назмиву насри офарида, пешкаши хонандагон намуд. Рахи шоири на танхо хамвор нест, балки хатарнок хам хаст. Захмат, машаккат ва чустучуро талаб мекунад.

Имруз Мирзо Файзали дар адабиёти точик хамчун адиби хачвнигор шинохта мешавад. Ин жанр на танхо истеъдод, балки часоратро хам талаб мекунад. Зеро хачв ин гапи рост, танкид аст. Ба ки танкид форидааст? Худи шоир хам икрор мешавад:

          “Гахе хачви маро танкид гуфтанд,

          Ба авзои замона зид гуфтанд”.

Аз ин ру хачв кори шоири шердилу чигардор аст. Худи хамин далел гувохи медихад, ки шоир ба такдири ватанаш бетараф нест. Боз мухим он аст, ки Мирзо Файзали то кунун ба ин жанри адабиёт содик мондааст.

Дар китоби “Шов-шови мардум” бехтарин ашъори хачвиаш, ки солхои гуногун эчод шудаанд, гирд омадаанд. Мачмуа бо унвони шеъри “Бузурге гайри халки худ надорам” огоз мешавад, ки ба пиндори мо рамзист. Ин шеър як навъ арзи садокат ва эхтирому сипосгузории шоир ба халкаш аст.

          “Ба хачвам нафъ бар халкам расонам,

          На маддохи ду-се тан нокасонам.

          Бузурге гайри халки худ надорам,

          “Манам аз халк, халк аз ман!” шиорам”.

Бале, у хукук дорад бигуяд: “Манам аз халк, халк аз ман!”. Зеро шоир бо захмати токатфарсо, вале халол пояхои баланди эчодиро фатх кардааст.

Бояд тазаккур дод, ки Мирзо Файзали шоири руз ва рузгори худ буда, хеле хассосу дардошно мебошад. Печидагихои хаётро дарк мекунад, дар онхо фуру меравад ва дард мекашад. Аз ин ру хачви у лутфу зарбу оханги махсус дорад. Ва ин аз ишки дили у, аз мухаббати модар ва мехри ватан сарчашма мегирад.

          “Сухан аз донишу фарханг гуфтам,

          Зи хайри сулху шарри чанг гуфтам.

          Сухан аз дусти, вахдат бигуфтам,

          Зи шаъну шавкати миллат бигуфтам.

          Сухан аз арзиши олам бигуфтам,

          Зи кадру кимати одам бигуфтам”.

Ин шеъри самими гувохи он аст, ки зиндаги барои Мирзо Файзали як сахнаи вокиахо ва руйдодхо мебошад. Ва чи метавон кард, ки дар ин сахна падидахои носолиму носавоб ва зараровар хеле зиёданд. Ва шоир ба суз мегуяд:

          “Ба хар чо гул бируяд, хор хам хаст,

          Кучо ганч аст, он чо мор хам хаст”.

Боиси хушнудист, ки Мирзо Файзали ба руйдоду ходисахои зиндаги назари бетафовут надорад. Ба хама гуна зухуроти носолим, нопокону риёкорон, чоплусону мансабталошон, хасуду порахурон, кинаву адоват ва хашму газаб созиш намекунад.

          “Ба тунди хачв кардам сарваронро,

          Хасуду порахур, бадгавхаронро.

          Бахилу беадабро карда кохиш,

          Накардам хеч бо ин турфа созиш”.

Ишк ва нафрат!

Ин ду мафхум ба хам тавъаманд. Боз мегуянд, ки аз ишк то нафрат як вачаб аст. Ишку нафрати Мирзо Файзали бошад, пахлуи хаманд. Шоир ба Механи худ мухаббат дорад ва ба хамон андоза нисбат ба душманон нафрат дорад. У намехохад, ки душманон сар боло кунанд ва донишу суннату санъатро аз худ карда, мехру ихлос ва сабру тамкинро, ки асрхо хоси миллати точик буду бо он ифтихор доштанд, аз байн бубаранд.

Шеърхои Мирзо Файзали дар назари аввал хеле равону содда менамоянд. Чун ба умки онхо фуру мерави, дармеёби ки шеърхои у руху равони инкилоби доранд. Хар шеъри у мархамест, ки ба захми дустон мерасад ва ханчарест, ки дили душманонро мешикофад. Бархак аклу хисси ахли чомеаро ба бозсози, ба такони бузурги инкилоби фикри рахнамо мешаванд.

Дар шеърхои Мирзо Файзали тазодхои зиндаги макоми воло, накши хоса дорад. “Точикам ман!” – гуфта ифтихор мекунем. Вале амалу рафторамон тамоман дигар аст. Шеъри “Эътироз” далели катъиест дар нисбати хукми мазкур.

   “Ватан хасту замин хасту ба мо аммо фаросат нест,

   Хукумат хаст, девон хаст, лек аз мо итоат нест”.

Гузашта аз он баъзехо аз ифодаи “фарханг” хазар мекунанд, онро чун як мафхуми кариб бемаъни чандон ба инобат намегиранд. Зиёда аз ин, ба идроки эшон, пул бошад, фархангро харидан мумкин. Чунин пиндошт, албатта, як дарёфти пуч асту бас! Ва окибати он нек нахохад буд. Ва Мирзо Файзали хушдор медихад, ки киштаат чав бошад, чав медарави, гандум бошад, боз хамон гандум. Ин хама хиссиёту андешахо дар либоси бадеи арзи вучуд мекунанд. Яке аз шеърхои мачмуа, ки “Сухани дардолуд” ном дорад, ба ин гуфтахо гувох шуда метавонад. Дар ин шеър акли солим ва рухи инсёнкор нидо мекунад, ки ба кохи бузурги фарханг, ки тайи хазорсолахо бо хуни дил пайрези шудааст, хатари чидди тахдид мекунад. Ин шеър бо шеваи таассуфу дард, хитобу хушдор ва дилсузона ба калам омадааст:

          “То замонро майл бар фарханг нест,

          Калбхоро тозаги аз занг нест,

          Бар чавонон кайф чуз аз банг нест,

          Хеч парвое ба ному нанг нест,

          Зиндагониро дигар оханг нест”.

Ин мавзуъро идома дода, дар шеъри “Шов-шови мардум” расму оинхои бофтаю сохтаро мазаммат карда мегуяд:

                    “Як расму оини нав

                    Афзуд дар Точикистон,

                    Катори арусталбон,

                    Чори шуд раисталбон”.

Мисраъхои поён низ ба хамин маъни далолат мекунанд:

                    “Не охангаш дилнишин,

                    Не матни шеъраш халол,

                    Лекин сарояндаро

                    Унвон – “Ситораи сол”.

                              *       *       *

                    “Харчанд буд мушкил,

                    Аз рохи худ нагаштем,

                    Мо дар баландии нарх

                    Аз Амрико гузаштем!”

Бад-ин минвол, рухи замона ва дарки тозаи хакикати вокеи голибан ашъори мачмуаи “Шов-шови мардум”-ро фаро гирифтааст.

4

Лоики таъкид аст, ки дар ашъори Мирзо Файзали бузургдошти сухан макому мавкеи хоса дорад. Шоири хассосу ватандуст хифзу эхтиром ва поку беолоиш нигох доштани суханро фарз медонад ва хастии мукобилони онро на дар бакои онхо, балки дар фанопазири мебинад. Ва амри дили худро бо ин мисрахо рушан менамояд:

         “Сухан чон аст, чон накди илохист,

         Сухан гар хор шуд, рамзи табохист.

         Намебояд суханро хор кардан,

         Нисори як-ду-се пулдор кардан”.

Бале, солхои охир мардум ру ба молу сарват оварда, кадру кимати инсон кохиш ёфт, касодии маънави ру зад. Суханвар беэътибор ва сухан хор гардид. Шоир дар ин падидахои номатлуб пеш аз хама тамаъчуёнро гунахгор медонад. Ин тамаъчуёни бе шаъну шарафро ба чуз нафъи худ дигар хадафе нест. Харчанд дар сина кина мепарваранд, забонашон дар мадх булбул мегардад.

          “Тамаъчуён суханро хор созанд,

          Махи беайб аз маккор созанд.

          Зи садри порахору дузду гофил

          Тарошанд одами бофахму окил”.

Баъзе ашхоси дигар худро султони иклими сухан медонанд. Бо сари баланду забони дароз чунон рафтор мекунанд, ки гуё Рудакии сони бошанд. Ин падидаи номатлуб шоирро сахт ба ташвиш овардааст ва дар шеъри “Кори хар буз нест хирман куфтан” зери тозиёнаи танкид гирифтааст. Шеъри “Колаби” давоми мантикии шеъри боло мебошад. Дар он шоир симои чунин ашхосро хеле хаккони ба риштаи тасвир кашидааст:

       “Гох шоир, гох носир,

       Гах мунаккид,

       Гохи дигар публисист.

       Бо чароги барк коби,

       Дар вучудаш заррае аз чавхари аслии

                                        шеъру шоири чизе наёби,

       Дар хакикат ин худоди дар у нест…

       Шеърхои колабиаш тахта-тахта,

       Аксари ашъори уро нест сакта,

       Лек хамчун хиштхои лоини дар кураи

                                                               оташ напухта,

       Нест эхсосе дар онхо,

       Сузи калби поку хассосе дар онхо…”.

Вале шоир бо ин мисраъхо каноат накардааст. Хукми одилонаю окилонаи айёмро хеле мохирона бо либоси назм оростааст:

       “Зинда аст у,

       Лек ашъораш саросар

                                     бе чаноза, бе кафан,

       Дар миёни чилдхои касмахон,

                          мурдаю пусида мехобанд дар гури сухан”.

Хакко, ки аз ин росттар сухане нест!

5

Шоир масъулияти мансабдоронро дар назди чомиа ва мардум басо бузург мешуморад. Дар баробари ин худнамоиву гафлатгарои, бетафовутию бепарвои, ришвахорию шиорбозии бархе аз онхоро зери тозиёнаи мазаммат мегирад. Шоир асоси сифатхои манфии онхоро дар нафси саркаш мебинад, ки вокеан сабаби бадбахтихои зиёди мардуми мост. Кайд мекунад, ки нафсу мансаб дар хама давру замон бо хам пайванд будааст. Ва онро аждахои чисму чон хондааст. Нафси бад инсонро ба касифи мебарад. Танхо имон метавонад инсонро аз нафси бад рахои бахшад.

Аммо, чи мегуед, ки барои курсии мансаб шуда, шаъну шарафи худро паст мезананд ва хатто имонро хам мефурушанд. Ин андеша дар шеъри “Гоч” хеле боварибахш тасвир мегардад:

     “Мансаб гирифт гоче хай “Урра! Урра!” гуфта,

     Мансабдихандахоро “арбобу тура” гуфта.

     Сад бор пеши сардор у кард чоплуси:

     “Ту аспи куразеби, ин банда курра” гуфта.

     Хар гох пайташ омад, зад бар раис хушомад:

     “Ту меваи расида, моем гура” гуфта.

     Дар пои хар амалдор афканд хешро зор,

     “Шатранчи зиндагиро эшон фигура” гуфта.

     Барбоси хучаинро бар сайри куча бурда,

     Мекард фахри бехад “мо харду чура” гуфта”.

Мазомине, ки дар боло тазаккур додем, дар шеърхои “Тавону дар намон”, “Худхох”, “Мансабэхтиром”, “Бехурмати”, “Кундфахм”, “Афсонаи нав”, “Дар талоши мансаб”, “Нокас” ва амсоли ин низ инъикос ёфта, як навъ ранги мушаххас гирифтаанд.

Чунин ашхос мансабро харида, якбора хулку атвораш дигар мешавад. Масти мансаб “дах дарбехи эзораш”-ро аз ёд бурда, худро фозил мешуморад. Карру фарраш ба сад шутур бори гарон мегардад. Дар порагири буккаи мастро мемонад. Бо хилаю найранг молу сарвати бехисоб чамъ меоварад. Вале бар хилофи пиндошти худ, бо сехри калами шоир хандахариш ва касиф мегардад.

     “З-ин хама бар у насиба чуз азоби гур нест”.

6

Агар бигуем, ки асрори хама нокомихо ва бадбахтихои мо дар ашъори Мирзо Файзали нухуфтааст, зиёдарави нахохем кард. Бале, хидмати шоир дар тахкики бадеии дардхои чомеа багоят бузург аст. Мухимтар аз он шеърхо равону нишонрас ва хамеша фикри шоир, матлаби у муъчаз ва анику равшан иброз мегардад. Ба ин сатрхои Мирзо Файзали таваччух фармоед:

          “Умри мо бо мачлису лак-лак гузашт,

          Бо хаёху, карсаку вак-вак гузашт.

          Аз кафои чанд тан хангомачу,

          Бо шиору урраю байрак гузашт”.

                               *       *       *

    “Шахру дех пур шуд зи ахли доктору номзад,

    Нест аммо точиконро як нафар кайхоннавард.

    Кори илми бингари – “Чунбидани боли малах”,

    Ё “Чаро фасли зимистон ях бубандад оби сард”.

                               *       *       *

          “Зиёи – ганчи тиллоии миллат!”,

          Валекин бенаво, бехона бошад.

          Замона ин суханхо кард исбот:

          “Макони ганч дар вайрона бошад”.

                               *       *       *

          “Точирам, найрангу чоду мекунам,

          Чашмбанди бо тарозу мекунам.

          Ин тарозу рохати чони ман аст,

          Давр ронам, то ба фармони ман аст”.

                               *       *       *

    “Дар гулистони маъони зогхо кар-кар кунанд,

    Андалеби хушнаво аз эътибор афтодааст”.

Аслан ин сатрхо ба шарху баён ё тафсир эхтиёч надоранд. Чунон, ки худи шоир гуфта:

          “Ба доно як ишорат” халк гуфта,

          Гумонам, нест хочат бар дигар харф”.

7

Яке аз рукнхои асосии эчодиёти Мирзо Файзалиро накиза ташкил медихад. Бо бовари гуфта метавон, ки у дар чумхури ягона шоирест, ки ба ин жанр чидди машгул аст. Дар ин китоб чилу нух накизаи шоир ба табъ расидааст. Мирзо Файзали ба шоирон ихлосу мехру мухаббати бекарон дорад. Онхоро аз дилу чон дуст медорад. Ифодаи ин эхсосот дар накизахояш хеле самимона ва барчаста сурат гирифта, ба дилу шуури хонанда таъсири амик мегузорад. Вай ба ашъори як зумра шоирони мо, мисли Лоик, Бозор Собир, Гулназар, Ашур Сафар, Кутби Киром, Камол Насрулло, Сайидали Маъмур, Хакназар Гоиб, Али Бобочон, Махмадалишо Хайдаршо, Юсуф Ахмадзода, Бобо Хочи накиза гуфтааст. Дарвокеъ, ин масъала бояд яке аз мавзуъхои асосии руз карор гирад. Зеро бе якдигарро дуст доштану эхтиром гузоштан ба чое расидан, тинчу осоишта зиндаги кардан мухол аст. Танхо накизаи “Карз”-ро пешкаши хонанда мекунам:

                                  “Ба ту ман карз хохам дод чавониро,

                                  Ба уммеде, ки баргардони бозаш.

                                                                                           Лоик.

            Ба наздам омади бо комати хам,

            Дихам то ки чавони карз бар ту.

            Бигир онро, забонхат нест лозим,

            Чавони, чони ман, мохона не-ку?!

            Вале, дониста мон, дар вакти пири

            Чавониям ба кор ояд бароям.

            Асо бар даст, ман бар хонаи ту

            Варо вопас гирифтан мебиёям.

Харчанд, ки сухан руирост ва бепарда гуфта шудааст, касро водор месозад, ба зиндагии худ ба чашми андеша, бо нигохи худшиноси нигох кунад.

Модом ки гап аз хусуси накиза рафт, бо таассуф кайд карданиам, ки накизахои Мирзо Файзали аз тарафи мунаккидони адабиётамон мавриди тахлилу баррасии хамачониба карор нагирифтаанд.

Танхо адабиётшинос Саломи Нуриёни Баравни дар як маколааш нисбати накизахои шоир фикру мулохизахояшро баён кардаасту халос.

8

Дар мачмуаи “Шов-шови мардум”, асосан, шеърхои хуб гирд оварда шудааст. Вале шеърхое хам вомехуранд, ки шоистаи он нестанд, ки ба ин мачмуа гирд оварда, ба хонанда пешкаш мешуданд. Чунончи, шеърхои “Арзи чанбаршох”, “Бечора мургонем мо”, “Азоби хонашини”, “Таксисавори”, мутаассифона, кухна шуда, чавобгуи талаботи имруза нестанд. Инчунин, дар баъзе шеърхо норасоихои чузъи низ ба назар мерасанд. Чунончи, шеърхои “Аз Макка хочи омад”, “Таксими кумак”, “Дуруя”, бо вучуди дорои мавзуи мухим буданашон, баланду пастихои зиёде доранд. Онхоро аз хисоби баъзе такрорхо ихтисор кардан мумкин буд.

Мирзо Файзали шоирест, ки пайваста барои пешрафти сифати шеъраш мекушад. Ва ин байт гувохи он аст, ки Мирзо Файзали аз шоири тамаъ начустааст ва даъвое надорад:

          “Манам аз шоирони байни мардум,

          Худаш донад киёси чав зи гандум.

          Хати эчоди ман гуфтори халк аст,

          Баёни лутфи шаккарбори халк аст”.

Бархак, китоби “Шов-шови мардум” хеле хушмухтаво буда, сазовори мутолиа ва тахаммулу андеша мебошад. Зеро хонанда сурату сирати душманонро аз оинаи тахкик дармеёбад. Сониян, мебояд кайд намуд, ки ин ба хонанда хам дарси ибрат мегардад. Чи хубу нишонрас гуфта Мирзо Бедил:

          “То чашм ба ибрат накушодаст касе,

          Гардан ба итоат наниходаст касе.”

Хулосаи чамъбасткунандае барои ин гуфтори кутох бехтар аз худи гуфтаи шоир нест, ки симои шоири ва макому мавкеи уро муайян месозад:

          “Ба рохи хизмати халкам дихам чон,

          Ба пеши пои у сидкан нихам чон”.

2 майи соли 2007

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …