Главная / Илм / ИНТОКСИКАТСИЯ

ИНТОКСИКАТСИЯ

intoksikatsiyaИНТОКСИКАТСИЯ (Intoxicatio; аз лот. in – ба дарун ва юн. toxikon – захр), иллат ёфтани организм аз захрхои беруна ё захрхое, ки дар худи организм хосил шудаанд. И. – е, ки хангоми аз мухити зист дохил шудани моддахои захрнок ба вучуд меояд, И. – и экзогени ё захролуди ном дорад. Моддахои гуногуни химияви ва газхо (мас., захролуди аз гази карбон), истеъмоли гизои захрнок (мас., занбуругхои захрнок), истеъмоли нодурусти дору (мас., вояи зиёди дору) сабаби захролуди мегардад.
Агар моддахои захрнок дар худи организм хосил шуда, организмро захролуд созанд, чунин И. эндогени ном дорад. И. – и эндогени дар натичаи ихтилоли фаъолияти гадудхои усораи дохили (мас., гадуди сипаршакл), хангоми амрози узвхои ихроч (мас., гурда – уремия), беморихои сирояти (мас., дар мавриди хунок), токсикозхои хомилагон пайдо мешавад.
Аломатхои И. ба сабаби он вобаста мебошанд. И. зухуроти умуми низ дорад: харорати баланд, бехоли, дарди сар, бехоби, дилбехузури; дар холатхои вазнин кай, ташаннуч (рагкаши), бехуши. Падидахои мазкур ба ихтилоли фаъолияти асабияи маркази вобастаанд.
И.-ро духтур табобат мекунад. Дар баъзе мавридхо маризро дар беморхона хобонда, ёрии фаври расондан зарур аст. Ниг. низ. маколахои чудогона оид ба захролуди.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …